Аз СССР: Радиои конгреси Амрико – Озодӣ чанде пеш, дар формати танҳо ба худаш хос, шаби эҷодии шоираи бузурги миллати Тоҷик, Гулрухсор Сафиро ба маърази омм кашиду ба дасти чоп дод, ки табъану зотан ангезаву шӯре ниҳону ошкор дар он матлаб ҷо намуд. Матлаб аввалан ба худи қаҳрамони мақола писанд наомад. Ҳамингуна матлаб Озодӣ ҳафтае қабл дар бораи Далер Назаров низ иншо кард. Ва аммо ба фарқ аз сарояндаи номӣ, Шоираи номдор ба ин радио ахиран посух дод, ки онро пешкаши аҳли назар менамоем. Мо Метавонем!
…Шукрона агар наметавонӣ кардан,
Ношукрӣ накун ба сабзаву хоки Ватан!
Гардонкунандаи ин маҳфил да рӯзҳои ҷашни Истиқлоли Ватани бузурги мо “Маркази фарҳангии фаронсавии Бохтар” буд, даъваткунанда низ. Ман худам шахсан касеро ба ин маҳфил даъват накардаам, радиои озодиро низ. Худам ҳам даъватшуда будам. Бузургтарин ҷашне, ки барои мо тоҷикон Офаридгор ато кардаасту мо суруд мехонему мерақсем, меболему хушҳолем ва ҳамдигарро муборакбод мегӯем, ИСТИҚЛОЛ аст.
“Иҷозат диҳед“, дар хонаи худ, дар Ватани худ шодӣ кунем, хурсандӣ кунем, рақс кунем. Он кинояе, ки нисбати ман гуфтед:
…Маҳфили Гулрухсор дар 1 гӯшае ғарибона гузашт“, ман дар он синну сол ва сатҳе нестам, ки ҳар 1 мухбираки гумном “ғами маро” бихураду хостаҳои пур аз ғарази худро бар сари ман бор кунад. Ман дар маҳфили шеъри худам он чизҳоеро хондам, ки хости худ ва дӯстонам буданд. Иттифоқи Нависандагон зиёда аз 50 сол аст, ки хонаи ман аст. Мо бо дӯстон, ҳамқаламон, шогирдон ҳар рӯз дидор дорем. Шоирон шеърро барои худ наменависанд. Мо шоири хонандагонем. Аз номи Радиои Озодӣ “ҳукм” мекунад вақте ки ҳатто мухбираш номашро нанавиштаст. Ман дар гӯшае ғарибона базми шеър накардаам. Барои ман ҳар 1 ваҷаб хоки Ватан 1 олам аст…
Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,
Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.
Заррае некам агар дарси ту аз бар кардам,
Заррае хубам агар ҳусни ту мероси ман аст.
Ман ҳеҷгоҳ иғвогаронро ба маҳфилам даъват намекунам, вақте сухан аз муқаддасоти ман – ВАТАН меравад. Барои ман маҳфили самимитарин, хуштарин ва беҳтарин буд.
Аз худам бояд гиламанд бошам, ки чунин маҳфилҳоро кам ба роҳ меандозам. Хушбахтарин қаламкашам, ки дар тӯли қариб ним аср хонандаҳои ман кам не, бештар шудаанд. Шоҳиди ин ба Иттифоқи Нависандагон, ба суроғи мо омодани гурӯҳ- гурӯҳ ҷавонони эҷодкор аст.
Дар маҳфил шоирон ҳам буданд, нависандагон ҳам буданд, наққошони маъруф ва ҳунармандони машҳури унвондор ҳам буданд, ки хуб медонед киҳо буданд. Инчунин адибони ҷавоне, ки аз онҳо умеди зиёд дорам онҳо ҳам иштирок доштанду шеърхонӣ карданд. Аз ҷумла Бузургмеҳри Ҳаким ва Сайидо Шарафӣ, ки шумо алакай ин ҷавонони хушқаламро мешиносед.
Шумо ғами маро нахӯред ғами худро хӯред. Ман дар Ватани худам зиндагӣ мекунам, дар Ватане, ки 1 умр васфашро дар забон дорам ва хоса дар рӯзҳои муқаддаси ҷашни Истиқлол, ки насли мо парчамбардори ин ҷашн аст.
Дар рӯзҳои Истиқлол барои ман шунидани ин байт хеле гуворо буд:
…Чист истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан…
Лутфан, нонатонро ҳалол ва худатонро иззат кунед!
Гулрухсор
Шоири халқии Тоҷикистон
ПЕШНИҲОД АЗ СССР
Дар пасманзари ин иғвоангезии навбатии радиои Озодӣ, газетаи мардумии СССР барои пуштигирӣ аз шоираи воқеан ҳам миллӣ ва халқӣ пешниҳоде ба миён гузошта навишт:
Ҳар нафаре аз Гулрухсор шеъре аз ёд медонад дар ин ҷо ва дар саҳифаи худ бикорад, аммо танҳо абётеро, ки АЗЁД медонад!
Ин беҳтарин посух ба “дӯстон”-и дар асл душмани Шоираи Миллат мегардад. Мо Метавонем!!!
Инак аз СССР:
Чӯҷаҳои хешро гирад ба зери боли тарс,
Мурғ аз бими уқоби тезчашми чуҷабар.
Ишқи худро ҳамчу сирри давлатӣ пинҳон кунад,
Духтари дилодае аз шарму аз тарси падар.
Дар ҷавоби чашмҳои пурсаволат бе ибо,
Аз ҳақиқат бигзарам, чун Оятулло аз Худо,
Чун дуруғи маҳзи қисмат,
чун хатои зиндагӣ,
Кӯр созам,
Хат занам ман,
Бо қалам не, бо алам,
Чанд соли беҳисоби умри бе ту рафтаро!!!
Аз Гулрухсор абёти зиёде азёд медонам, аммо ҳоло ин мисраъҳоро менависам, ки катиба санги мазори модарам гардидааст:
“Зиндаҳо аз ғам намемиранд, донистам кунун,
Зиндагонӣ сахт шуд бе дасти нарми модарам.”
Дили ман – муҳоҷири ман,
Ба мазори танги сина.
Қалами маро ситамхоҳ,
Алами маро хазина.
Дили ман – мусофири ман,
Ба диёри номуродон.
Ғами худ ба бод гӯӣ,
Аламат ба барфу борон.
Уболи ман, савоби ман, куҷоӣ?
Саволи беҷавоби ман, куҷоӣ?
Зи бехобӣ, зи бехобӣ бимирам,
Ало, доруи хоби ман куҷоӣ?
Вафо аз бевафо омухтам охир,
Вафоро дар набарди дил сипар кардам.
Маро ту хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ,
Туро ман тоҷи сар кардам зафар кардам
Ҳар гаҳе бе касу танҳо монӣ,
Дафтари ишқ варақ гардонӣ.
Аз миёни варақи зардшуда ,
Номае ёбиву онро хонӣ,
Боз 1 бори дигар ёдам кун.
Ҳар гаҳе фасли баҳорон ояд,
Булбули ғамзада фарёд занад.
Базми гулу нафаси тозаи сард,
Дили гулбози туро шод кунад,
Боз 1 бори дигар ёдам кун.
Ҳар гаҳе духтараки ишвагаре,
Бо ту бо ними нигаҳ хайр кунад,
…боз 1 бори дигар ёдам кун!
ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? ИЗЗАТ ДОШТАН,
БАР ДИЁРИ ХУД МУҲАББАТ ДОШТАН.
БАР ЗАМИНИ ШУҲРАТИ ОЗОДАГОН,
ДОНАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ КОШТАН.
Чаро ҳар сифла, ҳар оҷиз, ҳар ҳиз,
Ба дори худ маро хоҳад кашидан?
Ман хеле зиёд азёд медонам ашъори устодро…
Бояд ба ҳасуд ин хабар бурд:
-Занбӯр маро газида, худ мурд!!!
Ман барои ту ба дунё омадам.
Варна кай аз ман касеро ёд буд?
Ишқ буду бевафоию вафо.
Ханда буду нолаю фарёд буд.
Ватан аз сангҳои бар сарат бишкастаи фарзандҳои носазоворат,
Туро бунёд хоҳам кард,
Туро обод хоҳам кард!!!
Ба ҳар фасле биёяд ишқ, зебост,
Ба ҳар лафзе сарояд ишқ, зебост.
Ба сони нур ё дар сурати ҳур,
Ба ҳар ранге намояд ишқ, зебост!
Ифтихор Юсуфӣ:
Бо ишқи ту инқилоб кардам имшаб,
Ғамҳои туро китоб кардам имшаб,
То ишқи туро дар дили ман хоб барад,
Бо доруи хоб хоб кардам имшаб.
Саъди Маҳдӣ:
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,
Ҳар лаҳза қимат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!
Саъди Маҳдӣ:
Эй муҳаррир, шеъри ман дарди дил аст,
Дардро таҳрир кардан мушкил аст.
Nodira Nazari:
Бо шаҳпари баста пар кушудан ҳунар аст,
Бо қалби шикаста дилсурудан ҳунар аст.
Дар базми ҳазору як шаби танҳоӣ,
Бо сояи зуд рақс намудан ҳунар аст!