Ширкати «Барқи тоҷик» бо нашри 1 муроҷиатнома ба муштариёнаш хабар дод, ки аз имрӯз дар кишвар лимити барқ оғоз мешавад. Яъне, сар аз 22 сентябри соли 2024 дар ҳолатҳои зарурӣ дар таъмини барқ маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Ин ниҳод сабабро дар сол ба сол зиёд гардидани талабот ва камборишии соли гузашта рабт дода, аз мардум дархост мекунад, ки дар истифодаи барқ ба сарфакорӣ роҳ диҳанд.
Рустами Сафар,
ш. Бохтар