ЭЙ ЗАНҲО, БЕГОНАПАРАСТ НАБОШЕД!

Салом СССР! Ҳар рӯзи панҷшанбе ба ш.Бохтар рафта, аз дӯкони газетафурӯшии назди бозори «Фаровон» газетаи СССР-ро мехарам. Рӯзи панҷшанбеи 22 август ҳам рафтам, вале фурӯшанда гуфт, ки СССР-ро тамом кардааст. Аз ин димоғам сӯхту ба хона баргаштам. Барои хондани намози пешин ба масҷид рафтаму дидам, ки 1 банд газета овардаанд. Кушода дидам, дар дарунаш 5 нусха газетаи СССР! Шумораи навбатиро варақ задам ва шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи «Дигар сиёҳ мапӯш!» диққати маро бештар ҷалб намуд. Шеърҳои Раҳнаморо дӯст медораму мехонам, шеъраш дар бораи Фаластин низ бисёр ҷозибанок буд.

Шоир, адиб ва мунаққид дар шеъри «Дигар сиёҳ мапӯш!» аз ҷавонону занони тоҷик даъват ба амал меорад, ки ба бегонапарастӣ рӯ наоранд ва тақлид ба дигарон накунанд.

Аз фурсат истифода бурда, тавассути газетаи мардумии СССР ман аз оҳангсозон ва сарояндагон хоҳиш мекунам, ки ба ҳамин шеър оҳанг баста, онро сароянд. Ва ин суруд ҳар рӯз тавассути ТВ ва радио пахш карда шавад.

Ба занҳои тоҷик атласу адрас, чакан, гирбишину бахмал мезебад, на чодари сиёҳ!

Ҳазратқул Бобохонов,

ҷамоати шаҳраки Киров,

н. Вахш

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube