Салом СССР! Солҳои зиёд аст, ки масъалаи таъмин бо манзили зист дар н.Мастчоҳ ҳалли худро намеёбад. Ба мардум ҷойҳоеро нишон медиҳанд, ки лоиқи манзилсозӣ набуда, дар шамолраҳа ҷойгиранд ва ё аз зери назари муҳандисӣ дар он ҷо хона сохтан ғайриимкон аст. Барои мисол ба бархе сокинони ҷамоати Суғдиён (собиқ Такели), Умари Хайём ва қисман Палдорак аз шаҳраки нави Меҳробод қитъаи замини наздиҳавлигӣ доданд. Замини шаҳраки нав санглох буда, мардум ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ мешаванд.
Боз 1 роҳи дигари бо манзили зист таъмин намудани мардум ин бунёди биноҳои 2 ва зиёда ошёна дар маркази ноҳия аст, ки соҳибнома ошёнаи болоиро аз худ карда, табақаҳои поёнӣ ба иҷора дода мешаванд. Маълум аст, ки ошёнаи якум дар оянда ҳатман ба мағоза, дорухона ё маркази хизматрасонии мобилӣ табдил меёбад. Ин айби раису роҳбарон нест, ин анъана аз аввал дар н.Мастчоҳ буд.
Мушкили 3, ин аст, ки дар солҳои муҳоҷирӣ мардум заминҳои бобоии худро партофтанд, аммо хонаҳои худро канда омаданд, деҳаҳо холӣ шуда, бо тадриҷ ба чарогоҳ мубаддал гашта истодаанд.
Дилшод Зикриё,
н. Мастчоҳ