ДАР ОРЗУИ ШАФФОФИЯТ

Воқеан бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шудааст, ки баҳри пешравию саводнокии насли ҷавон нақши арзанда ва басо созгор дорад.

Озмунҳо меҳру муҳаббати китобро дар дили ҳар 1 сокини кишвар бедор карда, ҳатто дар вақти ғолибиятро соҳиб шудан аз мукофотпулии он сатҳи зиндагӣ пеш меравад. Ҳатто модарони хонашин ва устодону пиронсолон низ дар ин озмунҳо иштирок карда, ғолиб мешаванд, ки ин намунаи ибрат ва талқини хуб нисбат ба тарбияи ҷавонон аст. Аммо суолҳое пайдо мешавад, ки бояд ба онҳ посух ёфт:

  1. Оё даври 1-ум ва 2-юми озмунҳои ҷумҳуриявӣ шаффоф ва аз рӯйи низомномаву оиномааш мегузашта бошад?
  2. Оё рӯбиниву тарафгирӣ ҳаст?
  3. Оё ба дониши хонанда дар ҳақиқат дуруст баҳо дода мешавад?

Хуб мешуд, ки аъзои ҳакамон аз дигар шаҳру ноҳияҳо таъин карда шаванд, то ин ки хонандаро нашиносанду рӯбинӣ накунанд. Саволномаҳо дар рӯзи озмун ба ҳакамон дастрас шавад. Набояд омӯзгори хонанда аъзои ҳакамон бошад!

Бархе хонандагон аз рафти озмун норизоӣ баён карда, шаффофиятро орзу мекунанду бо навмедӣ мисли парандаи болшикаста руҳафтода мешаванд. Аламовар он аст, ки бархе омӯзгор аъзои ҳакамон асту хонандаи ӯ мақоми 1, 2 ва ё ин ки 3-юмро соҳиб мешавад. Агар озмун ин тавр сурат гирад, пас шаффофият дар куҷост?

Эҳром Раҷабов, 

ш. Истаравшан 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube