Истифода ва назорати нашъаҳои синтетикӣ
Тавре хонандагони мо огоҳанд, дар шумораи гузашта дар бораи воситаҳои нашъадори синтетикӣ аз қабили ҳаб ва капсулаҳои экстази, ки инчунин бо номи кристал маъруфанд, таъсиру зарари он ба организми инсон матлаб навишта будем. Дар идомаи мавзуъ имрӯз дар бораи истифодаи воситаҳои нашъадори синтетикӣ дар тиб, назорати давлатӣ, пешгирӣ аз воридоти ғайриқонунии он ба қаламрави кишвар суҳбат хоҳем кард. Бо мо бош, ки хеле сирру асрор фош мегардад. Мо Метавонем!
Назорат сахт аст, аммо…
Бояд гуфт, ки воситаҳои нашъадори синтетикӣ дар соҳаи тиб истифода мешаванд, аммо андоза, меъёр ва тибқи вояи лозимӣ. Маводи нашъадор ва психотропиро асосан барои сабук кардани дарди бемор пас аз ҷарроҳиҳои вазнин истифода мебаранд. Назорат аз болои ин протсес бар дӯши мутахассисони Хадамоти назорати давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вогузор шудааст.
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Таваралӣ Ёқубов, сардори шуъбаи назорати давлатиии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти мазкур изҳор дошт, дар давоми 6 моҳи аввали соли 2024 аз тарафи шуъба дар асоси 33 қарор ва 5 фармоиши хадамот дар 29 муассисаи давлатии тандурустӣ ва 9 муассисаи тиббии хусусӣ санҷиши нақшавӣ гузаронда шуд.
– Дар умум 11 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – 8 адад бо дастрасии моддаи 121-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва 3 адад бо дастрасии моддаи 110-и ҳамин кодекс ба буҷаи давлат 32 400 сомонӣ ҷарима супорида шуд. Дар ҷамъ 8 номгӯй ба миқдори 97 қуттӣ доруҳои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда, аз ин 3 номгӯй ба миқдори 3 адад муҳлати истифодабариаш гузашта, аз муомилот гирифта шуд. Назорат дар ин самт хеле ҷиддӣ буда, маводе, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, ҳатман дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти қудратӣ несту нобуд карда мешаванд, – таъкид дошт Таваралӣ Ёқубов.
Вале тавре дар шумораи гузашта гуфтем, новобаста ба чораҳои андешидашуда ва сахтигириҳо ин мавод ба дасти муътодон мерасанд, ки бояд садди роҳ шуд.
Суғд: 19 протоколи ҳуқуқвайронкунӣ
Таваралӣ Ёқубов зимни суҳбат таъкид дошт, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва ВМКБ низ корҳо дар самти назорат сахту ҷиддӣ буда, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар вилояти Суғд дар умум 25 номгӯй ба миқдори 135 адад доруҳои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда, аз ин 12 номгӯй ба миқдори 12 адад муҳлати истифодабариаш гузашта аз муомилот гирифта шуд.
Дар умум дар вилояти Суғд 19 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба буҷаи мамлакат 63 720 сомонӣ ворид гардид.
Хатлон: 18 000 сомонӣ ба фоидаи давлат
Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар вилояти Хатлон аз тарафи мутахассисони шуъба дар асоси 26 қарор санҷиш гузаронда шуда, дар умум аз инҳо 23 адад дар якҷоягӣ бо дигар шуъбаҳои Сарраёсат ва 3 адад санҷиш дар алоҳидагӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайридавлатӣ сурат гирифт.
Нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар рафти санҷишҳо нисбати 8 нафар протокол тартиб додашуда, маблағи ҷаримабандӣ 18 000 сомониро ташкил дод.
Кӯлоб: 48 маводи дорувории муҳлатгузашта
Дар нимсолаи якуми соли равон ҳангоми санҷишҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва фармасевтии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 22 номгӯй ба миқдори 48 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлаташ гузашта аз муомилот гирифта шуд. Дар натиҷа 4 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони масъули муассисаҳои табобатию профилактикӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримабандӣ 14 400 сомониро ташкил дод.
ВМКБ: ҷарима 21 600 сомонӣ
Дар нимсолаи якуми соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати мазкур фаъолияти 7 муассисаи табобатию профилактикӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа 6 протокол тартиб дода шуда, шахсони масъули муассисаҳо ба маблағи 21 600 сомонӣ ҷаримабандӣ гаштанд. Ҳангоми санҷишҳо 8 номгӯ ба миқдори 46 адад доруҳои муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот гирифта шуд.
Лозим ба таъкид аст, оморе, ки мо рӯи чоп овардем ба фаъолияти мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар марбут буда, ин хадамот масъулияти назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳоро бар дӯш дорад, ки асосан дар соҳаи тиб истифода мешаванд.
1075 адад ҳабҳои синтетикӣ
Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 317 ҳолати муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2023 ин рақам 328 ҳолатро ташкил намуда буд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 89 кг (2023-1 тоннаву 322) воситаҳои нашъадор ва 1 ҳазору 75 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира карда шуд.
Роҳи қочоқ Афғонистон аст?
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 13 731 дона ҳабҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба ё 10 776 ҳаб зиёд мебошад.
Ҳамзамон, аз муомилоти ғайриқонунӣ 84 кг моддаҳои психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст, ки 80 кг 977 грамми онро метамфетамин ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаю 381 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 44,6 фоизи мусодираи ҷумҳуриро ташкил медиҳад!!!
Бештари маводи мусодирагардида дар ҳудуди вилояти Хатлон, махсусан дар ноҳияҳои назди сарҳадӣ гирифта мешавад, ки бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ворид мегарданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияҳои истеҳсоли маводи нашъаовар ҷой надошта, онҳо аз дигар кишварҳо, алалхусус Афғонистон бо роҳи ғайриқонунӣ ворид мегарданд.
Он ки чӣ гуна ворид мешавад, мавзуи дигарест, ки мо ҳатман дар шумораҳои оянда пайгир хоҳем буд. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР