Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад!!!
Пролог
Ҳамааш аз он сар шуд, ки рӯзе Нуриддин Қосим, хабарнигори музофотии мо занг задаву гуфт, раиси н. Дӯстӣ мехоҳад редаксияро ба меҳмонӣ, ба Бешаи Палангон даъват кунад. Мо аслан даъвати дӯстонро камтар қабул мекунем. Зеро серкорем. Вале ин даъват дар таркиби худ, таклифе дошт, ки имконияти радд набуд. Раиси МИҲД Дӯстӣ, барои ошноӣ бо ноҳия ва мамнуъгоҳи нотакрор, моро маҳз ба Бешаи Палангон даъват мекард. Акнун, қандата зану неъ бигӯ.
Дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи 11.09.2024 чун ин пешниҳодро ироа кардем, аҳли редаксия бо 1 овоз гуфт: Бояд рафт!!!
Ва мо низ тасмим гирифтем, охири ҳафтаи корӣ сӯи қиблаи умеди ҳар табиатдӯстдор – Бешаи Палангон, ки дар орзуяш солу моҳҳо месӯхтем, ҳаракат кунем. Мо Метавонем!
Бохтар ва Нуриддин
13.09.2024. Соат ба вақти ГЖК 10:30 дақиқа. Аҳли редаксия ҷамъ омада, сӯи Бохтар ҳаракат кардем. Бовар кун, хонанда, роҳ тарзе ҳамвору тахт аст, ки дилхоҳ ароба бе ягон мушкил то маркази Хатлон мерасад. Мо низ муддати 1 соати расо ба ин шаҳр расидем. Нуриддин Қосимзода моро ба маркази оши шаҳр, поинтар аз МИҲД Бохтар даъват кард. Пешхизматон бо одоби баланде ҳар мизоҷро фаро мехонданд. Ба бахти бади «баъзе ҳамсафарон» ин ҷо нӯшокии спиртӣ набудааст. Ва мо оши серғизое нӯши ҷон карда, сӯи Дӯстӣ ҳаракат кардем.
Роҳ усулан бад нест, вале баъди шоҳроҳи Душанбе-Бохтар газанди табиӣ бар асфалт асар кардааст. Бо ин ҳама соати 13:41 дақиқа ба Дӯстӣ расидем.
Раиси «союзӣ»…
Моро чанд нафар бо либоси шик ва шиму костюм пешвоз гирифта, боло бурданд. Дар долони қабулгоҳ, нафаре бо мӯзаҳои латтагии ба масале «сталинӣ», ки чунин кафшро дар пойи раисони номии колхозҳои шуравӣ, чун Миралӣ Маҳмадалиев, Саидхӯҷа Урунхоҷаев дидаем, пешвоз гирифт. Бо ин ҷавони чеҳракушода ва либоси одии деҳқонӣ ба бар салом карда, ҳатто нафаҳмидем, ки раиси ноҳия Даврон Нишонзода ҳамин кас будаанд!!!
Дар дафтари кор бо раиси суҳбат онгуна тафсид, ки қариб Бешаи Палангон фаромӯш мешуд. Пештоз бояд гӯям, раиси ҷавон воқеан ҳам аз насли нави ватансозест, ки ба ишон метавон эътимод баст, зеро дар паҳлӯи Рустами Эмомалӣ ва командааш ояндаи ин миллату ин давлат буда метавонанд.
Даврон Нишонзода корро на танҳо аз зинаҳои пасттарини ҳукуматдорӣ сар кардааст, ки ҳатто дар ҷавонӣ чун миллион тоҷики дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам будааст. Сипас ба кумитаи кор бо ҷавонон омада, зина ба зина то раисӣ расидааст. Муҳимтар аз ин падари раис мухлиси сахти СССР будаву ҳар шумораи моро мехондааст, ки бо истифода аз фурсат аз Пири Кор изҳори сипос мекунем. Хулласи калом, ба раис гуфтам:
Шаб рафту ҳадиси мо ба поин нарасид,
Шабро чи гунаҳ? Ҳадиси мо буд дароз!!!
Ва хестему сӯи Бешаи Палангор роҳӣ шудем…
Камони шикаста, шутумурғ ва тухм
13.09.2024. Соат ба вақти Дӯстӣ 14:54 дақиқа. Ба бешаи Палангон мерасем ва Даврон Нишонзода бо табассум мегӯяд, дар ин мавзеъ интернатсионали кулл ҳукмрон аст. Туркмане даромадгоҳро посдорӣ менамояд, ун тарафтар Тоҷикон истодаанд ва баъдаҳу ӯзбекон ва боз туркману дигару дигарон…
Посдори туркман, воқеан ҳам сафи туркманҳо дар ноҳия хеле зиёданд ва аз 35 ҳазор беш, мегӯяд, «туркманҳое, ки ба ватани бобоишон, вақти ҷанги гражданӣ фирор карда буданд, бархе баргаштанд, зумраи дигарро намонданд. Аммо онҳо пайваста, ҳамакнун 31 сол шуд, талош доранд, ба ватани аслии худ-Тоҷикистон бозгарданд». Ман ишонро мефаҳмам. Зеро ин озодие, ки онҳо дар кишвари мо доранд, ҳаргиз дар Туркманистон нахоҳанд дид!
Дар дарвозаи Бешаи Палангон акси 2 туфанги шикаста овезон аст. Ҳуҷҷат, силоҳ қатъан манъ аст даровардан!!!
Туркмани дарбон моро пеши Шутурмурғҳо мебарад, ки худаш парвариш кардааст. 9 шутурмурғ бо ғурур гарданҳои худро ёзонда, ба мо нигоҳи таҳқиромез доранд. 2 тани бузургашон, ки падару модари боқӣ будаанд, ҳар ҷое меравем, моро пайгирӣ мекунанд. Ба онҳо махсусан дастгоҳи аккосии А. Собир, ки ба туфанг монанд аст ва чеҳраи хандони Идибек Маҳмудҷонов маъқул нест-«подозрительный тип, однако!!!». Вале чун диданд, ки мо ба чӯҷаҳои хурдакаки 4 моҳаи қаддашон 2-3 метраи онҳо (!!!) зиён намерасонем, думу қаноташонро паҳну пареш карда, ба самти муқобил давида рафтанду Идибекро Худо дод!!!
Ӯ 1 тухми Шутурмурғро аз куҷое ёфта, онро соатҳо санҷид, зеро фикр дошт, ягон тӯби бузурги гаҷсохт-алебастрадор ёфтааст. Туркман гуфт, ин тухми Шутурмурғ аст. Идибеку А. Собир файласуфона ва маънодор пурсиданд:
-Аз ин тухмбирён пухта мешавад?
Туркман гуфт, мешавад, вале агар сафи мурғҳо аз 100-200 адад гузарад.
Яъне тухмро ба ҷояш монеду роҳатонро давом диҳед-мегуфт бо ин посух туркмани зирак. Идибеку Собир ночор оби даҳонро фурт кашида, тухмро ба ҷояш гузоштанд ва бо ҳамин флора ва фаунаи Бешаи Палангон соҳиби боз 1 шутурмурғ дар наздиктарин фурсат хоҳад шуд. Мо Метавонем!
Кӯли пасттарини кишвар
Давлати мо муъҷизаҳо бисёр дорад. Фарзи мисол, кӯлҳои табиӣ, ки муъҷизаи оламанд. Яке аз онҳо Кӯли Сарез аст, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад!!! Ва аммо шумо кӯлеро дидаед, ки аз сатҳи баҳр поинтар ҷойгир аст? Не? Пас шинос шавед, Кӯли Дарёкӯл, ки аз сатҳи баҳр 6-8 метр поинтар меистад!!! Ин кӯл муъҷизаи воқеии табиат аст. Зеро тамомии оби партоб ё закоби водии Вахши Тоҷикон ба он мерезад, филтр мешаванд ва сипас тозаву тоҳир гардида, ба обанбори Амударё мешорад.
Дар ҷамъ 20 кӯл дар ин мамнуъгоҳ ҳаст, ки дар он 16 намуди моҳӣ ба сар мебарад. Вале ифтихори Бешаи Палангон, агар то соли 1957 Паланги Туронӣ бошад, ки охиринашро дар марзи Афғонистону Эрон паррондаанд, пас фахри дигари он Белмоҳӣ аст! Белмоҳӣ, даҳонаш дар таки ишкамаш ҷойгир буда, реги тилло мехӯрад. Мегӯянд, реги оддиро ӯ филтр карда, тиллоро дар сутунмуҳрааш ҷамъ мекардааст.
Сталин, Черчилл, Рузвелт ва Бешаи Палангон
04-11.02.1944. Дар Ялтаи Қрим машварати охирини коалитсияи зиддигитлерӣ дар СССР доир гардид, ки дар он Сталину Черчилл ва Рузвелт – сарони Маскаву Лондону Вашингтон ширкат доштанд. Мо дар бораи ин конфронс ва муҳимияташ барои хатми ҶБВ чизе намегӯем. Вале дар бораи нақши калидии Бешаи Палангон дар ғалаба бар фашизм мегӯем. Мо Метавонем!
Оре, хонандаи азиз, нақши Бешаи Палангон дар ин ҷанг хеле муҳим аст. Зеро таври маълум, Черчилл ун қадар шуравиро хуш намедошт ва пайваста ба Рузвелт талқин мекард, ки ҷанг бояд идома ёбад ва то охирин немис охирин русро накушад, давом кунад.
Дар ин дидор низ ӯ нақшаҳои баде дар сар дошту бисёр табъи хира. Яке аз сабабҳои ранҷурияш ин набуди ғизои дӯстдоштааш будӣ. Черчилл доиман ҳафтае 2 бор Белмоҳӣ мехӯрд. Белмоҳӣ дар дунё танҳо дар дурдасттарин гӯшаҳои Миссисипии Амрико ёфт мешуд ва хеле кам! Онҳо чунин фикр доштанд, ки танҳо дар Амазонка ҳасту бас. Аммо Сталини раҳматӣ, ки аз ҷумбиши ҳар кирму парвози магас дар сартосари давлати бепаҳнои СССР хабар дошт, дарак ёфта буд, ки Белмоҳӣ дар Бешаи Палангон ҳам ҳаст!!!
Ин аст, ки қабл аз омад-омади Черчилу Рузвелт бо амри Сталин 1 баталйон солдат омада, чандин рӯз ин навъи моҳиро ҷуста, ахиран 2 белмоҳӣ ёфта, ба Қрим бурда буданд.
Даҳони возу ҳайрати Черчиллро мутаассуф камераҳо сабт накарданд. Зеро «ужин» бидуни наворгирӣ баргузор гардид. Черчилл ба чашмонаш бовар накарда, аз Сталин пурсид, ки аз куҷои Амазонка ин моҳиро қапидӣ? Сталин бо ханда посухаш дод, ки:
-Аз Амазонкаи советӣ!!!
Баъди ин ғизои шом табъи садри Лондон болида гашта, бо Рузвелту Сталин ба мувофиқа расиданд, ки Гитлер бояд то охири баҳор маҳв гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Яъне хонандаи азиз, Бешаи Палангон дар хатми Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ нақши калидӣ дошт ва масъулин бояд ин таърихномаро сабт ва ба меҳмонон пешкаш созанд. Мо кӯмак мекунем. Мо Метавонем!
Бешаи Палангон
(Омори расмӣ)
Бо 1 ҳарф, агар шумо биҳишти заминӣ ва табиати бикрро надидаед, ҳатман ба Бешаи Палангони Тоҷикон оед. Пушаймон мешавед! Оре, пушаймон мешавед, ки чаро ин қадар умри худро барабас гузаронидаву ин мавзеъро надида будаед. Мисле, ки мо пушаймон шудем:
Биоеду намонед бо шунидан,
Шунидан кай бувад монанди дидан!
Бо сипоси билотасвир аз Даврон Нишонзода, омори расмии Бешаи Палангон пешкашат мегардад, хонанда. Мо Метавонем!
Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда, дар ҷануби Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷой дорад. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га-ро ташкил дода, бо қарори Комиссариати халқии кишоварзии РСС Тоҷикистон дар 4 ноябри соли 1938 таъсис ёфтааст.
Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-ро ҷангали обканор (туғайзор) ташкил медиҳад. Беш аз 5000 намуди паррандагон зимистонро дар ин мамнӯъгоҳ мегузаронанд. Аз ҷонварони нодир дар ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, паланг ё бабри туронӣ нест шудааст.
Таърих
Мамнуъгоҳ бо ҳадафи нигаҳдории маҷмуъи биёбону туғайзор, набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфта, масоҳати куллии он беш аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпӯш, 10700 га марғзор, 4030 га кӯл, 22173 га–ро биёбон ташкил медиҳад.
Вуҷуди бабри туронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шуда, мутаассуф ба ақидаи олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи Замин нест шудааст.
Кӯлҳо
Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кӯл боқӣ мондааст. Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, ғамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ ҳамакнун 16 гуна моҳӣ зист мекунад, ки бархе аз онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.
То солҳои 1990-ум аз намудҳои эндемикӣ дар кӯлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ғайр аз поёноби дарёи Вахш (ҳавзаи Ому) авлоди наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар кӯлҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣ, симмоҳӣ, муйлабмоҳии туркистонӣ, сихболмоҳӣ ва мошмоҳӣ дучор мешаванд. Инчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ – қурбоқаи кӯлӣ ва ғуки сабз дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ ва яке аз ширхӯрони бумисозишуда нутрия (қундузи обӣ) дучор мешавад. Ватани аслии нутрия Америкаи Ҷанубӣ аст. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхӯри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Курдамири Озарбойҷон овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мӯйинаи ин намуди ширхӯр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.
Хазандаву чарандаҳо
Яке аз калонтарин калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистарранг дар минтақаи биёбони мамнуъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд.
Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи найзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ аст, ки дар найзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст. Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кӯшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рӯ ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехӯрад.
Ҳашарот
Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сӯзанаки кириченко, сӯзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тӯронӣ, чӯбхӯраки қиррамӯйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ғайра дучор мешаванд.
Наботот
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди рустаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд рустаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд рустаниҳои техникӣ, 44 намуд рустаниҳои дармонӣ, 10 намуд рустаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд рустаниҳои заҳрнок мебошанд.
Дар биёбони мамнуъгоҳ зағоза, саксавул ва ҷулғун вомехӯранд. Дар атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди рустаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туғайзорҳо бошад най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро рустаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.
Аз намудҳои нодир ва камшумори рустаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбӯруғи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.
Дар ҳифозати Давлат!!!
Соли 1998 вобаста ба таҷлили 60-солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1998 № 1037 «Оид ба беҳтар намудани фаъолияти мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он 1 қатор қарорҳои дахлдор ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии мамнуъгоҳ қабул гардид. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО ҷиҳати ба мамнуъгоҳ додани статуси «мамнуъгоҳи зистсипеҳрӣ» муроҷиатнома пешниҳод намоянд. Инчунин, дар буҷаи давлатӣ ҷиҳати ба ҳолати меъёрҳои стандарти байнулмилалии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷавобгӯ гардонидани ин мавзеъ сармоягузориро пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки то 15 августи соли 1998 аз ҳудуди мамнуъгоҳ нуқтаҳои назорати ҳарбӣ берун бароварда шаванд. Қарорҳои қабулгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи табиат, гуногунии зистӣ ва кам кардани таъсири номатлуби фаъолияти инсон ба муҳити атроф тадбирҳои муассир меандешанд, то ин гӯшаи нотакрори табиат ва олами ҳайвоноту набототи он ба наслҳои оянда низ боқӣ монад.
С.Мизроб,
Ҷ. Ҳусейн,
И. Маҳмудҷонов,
А. Собир-суратгир,
Махсус барои хонандагони сершумори СССР