ЭКСТАЗИ (КРИСТАЛЛ ВА MDMA) – ХАТАРИ НАВ БА ҶОМЕА?

Дору, кристалл, колёсики, экстази…ин дорувори мадҳушкунанда аст, ки тамомии шабҳо дар аксари тарабхонаву дискотекаҳои шаҳр дар гардишанд ва аз он бештар ҷавонон ва аз ҳама бештар бонувон истифода мекунанд. Ин фоҳишаҳо ҳатто қонундон ҳам шудаанд, яъне “ман касалам, ман муътодам ва барои худ мехараму мехӯрам, ҷиноят ин ҷо нест”. Вале агар бо ин зуҳурот ҳарб карданием, пас мубориза бояд мисли бархӯрд бо ҷодупарастон бошад, ки ҳоло касе пеши ҷодугар рафт-ҷинояткор маҳсуб меравад. Зимнан агар ҷамъиятро аз ин доруҳои мадҳушкунанда раҳо сохтаниед, пас тамомии афроде, ки онро ворид мекунанд, мефурӯшанд ва низ мехаранду истеъмол мекунанд, бояд 1 хел назди қонун ҷавоб диҳанд. Мо Метавонем!

 

Экстази (кристалл ва MDMA) – хатари нав ба ҷомеа?

 Чанд соли ахир мафҳумҳои нави «экстази», «кристал» ва MDMA дар байни мардуми мо ҳам мӯд гаштааст. Агар масалан даҳсолаҳо пеш маводи мухаддир, нашъа, чарс, афюн ё кукнор мегуфтанду зери он ҳамагӣ мефаҳмиданд, ки чист, ҳоло бошад маводи нави муосир, ба гуфти гузаштагон аҷоибу ғароиб пайдо ва мӯд шуда истодааст, ки таъсирнокиашон ба рӯҳу ҷисми инсон аз ҳамон чарсу афюну нашаъи қадимӣ дида, ба маротиб бештар аст.

Экстази – кристал – MDMA чист? Он чи гуна ба саломатии инсон зарар меоварад? Чаро аз воридоти он ба кишвар пешгирӣ карда намешавад?

Ин буд мавзуъе, ки мо ҳафтаи пор пайгирӣ кардем.

02 хабар медиҳад

Мо нахуст ба сомонаи расмии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе чашм андӯхтем. Тайи 1 моҳи ахир милисаҳои пойтахт аз боздошти 3 нафар хабар доданд, ки маҳз дар муомилот ва истифодаи воситаҳои нашъадори сунъӣ даст доранд.

Тавре маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар медиҳад, дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-2 дар н.Шоҳмансур шаҳрванд Қодиров Хуршед Миралиевич, соли таваллудаш 03.09.1986, сокини ш.Ваҳдатро дастгир намуданд, ки мавсуф дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор гумонбар дониста мешавад.
Қодиров Х. воситаҳои гуногуни нашъадор, аз қабили ҳабҳои «Экстази», «Кокаин» ва «Ҳашиш»-ро ба қисмҳои хурд ҷудо намуда, асосан ба ҷавонон ба фурӯш мегузошт. Зимни кофтуков аз номбурда 106 адад таблеткаи «Экстази», 19 бастачаи «Кокаин», 7 адад бастачаи «Ҳашиш», инчунин воситаи нашъадори навъи «Метаамфитамин» (кристал) дарёфту мусодира карда шуд.

Нисбати Қодиров Х. тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 

Духтарони 20-солаи аллакай нашъаманд

Инчунин, зимни баргузории 1 амалиёти санҷишӣ шаҳрвандон Сафарзода Лайло ва Саидзода Шабнам, сокинони 20-солаи ш.Душанбе, ки ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Зимни ташхис муайян карда шуд, ки номбурдагон аз истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи «Метаамфитамин» (кристал), дар ҳолати сархушӣ қарор доранд.

Нисбати номбурдагон низ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ гардид.

 

 Экстази ва зарари он

Бино ба иттилои мутахассисони соҳаи фармасевтӣ экстази ин 1 намуди маводи мухаддири синтетикӣ буда, ба системаи марказии асаб таъсири зиёд дошта, табъи касро болида, рӯҳбаланд ва инсонро пурэнержӣ менамояд. Номи дигари ҳабҳои экстази – «Метаамфитамин» (MDMA) мебошад. Онро нахустин бор соли 1912 кимиёшиноси олмонӣ Антон Кёлиш барои муолиҷаи бемории хун кашф карда буд.

Ин гуна мавод ҳоло бештар дар байни ҷавонон машҳур буда, асосан дар тарабхонаҳои шабона ва клубҳо истифода ва истеъмол карда мешаванд. Дар оғози пайдоиш ҳабҳои экстазиро дар клубҳои шабона барои рақс кардан истифода мебурданд ва номашон низ «ҳабҳои рақсӣ» буд.

Метилендиоксиметамфетамин (MDMA) – ро аз маводи амфетамин дар лабораторияҳои пинҳонӣ дар намуди ҳаб, капсула ва хока истеҳсол мекунанд. Истеъмоли онҳо касро серғайрат, нотарсу далер карда, ҳамзамон ба саломатии инсон зарари манфӣ мерасонад. Аммо кам касон медонанд, ки экстази ақлонияти инсонро кам ва эҳсоси тарсу ваҳмро боло бардошта, ба табъ, завқ, фикрронӣ, энержӣ, нафс ва ҳатто ба шаҳвоният таъсири манфии худро мегузорад.

Таъсири экстази баъди 30 дақиқаи истеъмол сар шуда, ҳолати рӯҳии инсонро аз 3 то 6 соат дигаргун месозад – инсон шоду хушҳол ва далеру нотарс ба ҳама кор қодир мешавад.

Истеъмоли пайвастаи он одами вобасташударо ҳамеша дар ҳолати сархушӣ нигоҳ медорад. Агар дар рӯзҳои аввали истеъмол худро пуриқтидору нотарсу далер эҳсос кунад, пас аз истеъмоли пайваста аллакай заифу сархушу нотавон мегардад, худро идора карда наметавонад. Ҳолати изтирорӣ, бехобӣ, хастагӣ, стресс ва хоболудӣ инсонро фаро мегирад. Ақл оҳиста – оҳиста аз кор монда, ҳофиза ҳам коста мегардад.

Тавре дар боло гуфта шуд, истеҳсоли экстази ё кристалҳо дар лабораторияҳои пинҳонӣ сурат гирифта, дар дохили онҳо иловаҳои заҳрогини кимиёӣ зиёд аст. Нафароне, ки бори аввал аз экстази истифода мебаранд, таъсири онро ба зудӣ наметавонанд бифаҳманд. Агар экстазиро бо алкогол – арақу пиво якҷоя карда нушанд, он ҳатман таъсири манфӣ (то аз кор мондани дил ва рагҳои майнаи сар) меорад.

1 ҳолати дигар он аст, ки экстази аз организми инсон пас аз 8-9 соати истеъмол хориҷ шуда, пасмондаҳои он дар хуни инсон боз 1-2 рӯзи дигар дар гардиш «зинда» боқӣ мемонанд.

 

MDMA чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид мегардад?

Истифодаи оммавии экстази аз солҳои 80-уми асри гузашта дар клубҳои шабонаи Амрико ва Канада сар шудааст. Истеҳсоли он дар шакли нав – сахттаъсиртаринаш,  аз солҳои 2002-2004 маншаъ мегирад.

Дар яке аз ҳисоботҳои СММ гуфта мешавад, ки содироткунандаи асосии воситаҳои нашъадори сунъӣ ИМА, Канада, Голландия, Руминия, Болгария, Украина, Чин, Индонезия, Чехия, Эстония ва Россия мебошанд. Аз рӯи бархе аз маълумотҳо дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ лабораторияҳои пинҳонӣ пайдо шудаанд, ки ба истеҳсоли ғайристандартии экстази машғуланд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва истеъмоли ҳар гуна воситаи маводи мухаддираро манъ мекунад, яъне истеҳсоли экстази дар қаламрави ҷумҳурӣ ғайрқонунист. Вале аз хабарҳои ВКД ҶТ бармеояд, ҳабҳои экстази имрӯз дар ҳудуди кишвар ба фурӯш гузошта шуда, ҷавонон аз он истифода менамоянд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки Метилендиоксиметамфетамин (MDMA) чӣ гуна аз марзи мамлакат гузашта, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар байни мардум, хосса ҷавонон паҳн карда мешавад?

Муттаассуф, зангҳои мо ба маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ беҷавоб монд – аз редаксия хостанд бо номаи расмӣ муроҷиат намоем ва мо ҳатман ин корро хоҳем кард.

Мусоҳибаи мо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ низ ба ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд. Зимнан гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Дар ин маврид: 

82 041 кг доруворӣ нест карда шуд

Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, дар 6 моҳи аввали соли 2024 фаъолияти 234 муассисаи фармасевтӣ ва 158 муассисаи табобатию профилактикӣ санҷида шуда, аз онҳо 735 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ, ба миқдори 4321 адад аз муомилот гирифта шуд.

Дар ин муддат бо иштироки комиссияи махсус 82 041 кг дору, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабарияш гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда, бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шуд. Вале гуфта намешавад/, ки дар миёни ин ҳама дорувор экстази ва кристалл ё худ MDMA будӣ ё на?

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube