РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ПАХТА ЧИН!

Имрӯзҳо дар вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ғун доштани ҳосили “тиллои сафед” аз тамоми воситаву имкониятҳо самаранок истифода мебаранд. Ба ин хотир бо супориши навбатии редаксионӣ мо ҳам фартук баставу ба пахтачинӣ баромадем! Мо Метавонем!!!

 

Дурнамо – 295 000 тона «тиллои сафед»

Бояд гуфт, ки ҳамасола бо оғози моҳи сентябр мавсими пахтачинӣ шурӯъ мегардад. Тасмим гирифтем, ки барои иҷрои супориш ва кӯмак ба марди деҳқон ба н. Ҷалолиддини Балхӣ равем. Чун дар аксарият навоҳии мамлакат аллакай пахтачинӣ оғоз гардидааст ва хоҷагидорон баҳри беталаф ҷамъоварии маҳсули меҳнати худ субҳгоҳон дар саҳро машғули ҳосилғундорианд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ имсол тибқи дурнамо дар вилоят бояд зиёда аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад. Пахтакорони хатлонӣ ният доранд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва таҷрибаи андӯхтаашон ҳосили фаровон ба даст оранд. Тибқи иттилои бадастомада, то 12 сентябри соли равон дар вилоят 11807 ҳазор тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ гардидааст.

 

Сардӣ, гармсел ва ҳосил

12.09.2024. Соат ба вақти Бохтар 10:31 дақиқа. Лозим ба таъкид аст, ки масофаи байни ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва шаҳри Бохтар на онқадар тӯлонист. Аз ин ҷост, ки ҳангоми мо ба ноҳия расидан, аллакай пахтачинӣ сар шуда, пахтачинҳои пешқадам дар сари кор буданд. Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияро интихоб карда, ба хоҷагии деҳқонии ҳамин ҷамоат якҷо барои пахтачинӣ омода шудем.

Қобили зикр аст, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад. Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

Тибқи иттилои Сафаралии Абдувалӣ, сармутахассиси омори ҷамоати деҳоти Ҳалевард, дар ҷамоат 1494 га 4 навъи пахта кишт кардаанд.

– Бинобар сабаби номусоид омадани боду ҳаво ва гармсел ба нашъунамои пахта таъсир расонида бошад ҳам, кӯшиш мекунем, ки ҳосили хуб ба даст орему пахтаро талаф надиҳем, – гуфт мавсуф.

 

Чинаки дуюм ва гарон шудани нархи пахта

Иқлими ноҳия барои парвариши пахтаҳои навъҳои Мая, Тоҷикистон, Флеш мусоид буда, хоҷагидорон аз ҳар ваҷаб замин самаранок ва оқилона истифода мебаранд.  Дар ҷамоати деҳоти Ҳалевард хоҷагидорон аз 1 – уми сентябр ба пахтачинӣ сар карданд. Ва инак 2- юм чинак аст, ки занону духтарон ва умуман тамоми аҳли заҳмат сари замини пахтаанду мехоҳанд то охирин кӯракро онро ҷамъ карда, ба корхонаҳо супоранд.

Тавре дар сӯҳбат Сармутахассиси омор илова кард, айни ҳол дар ноҳия 2 корхонаи қабули пахта ” Рушди Хатлон” ва ” Элект коттон” фаъолият дошта, имсол назар ба соли пор нархро аз хоҷагидор 1 миқдор гаронтар қабул карда истодаанд.

Бо сабаби камчин будани заминҳои пахта ва кишти нокифояи он нарх ҳам боло рафта истодааст, ки ин бар манфиати деҳқонон мебошад. Дар сурати арзон шудани пахта, хароҷоти кардаи марди деҳқон рӯйпӯш намегардад ва дар натиҷа кишоварзон аз кишти пахта дилсард мешаванд. Чунки барзгарон дар баробари фаъолияти хоҷагидориро пеш бурдан боз даромад гирифтан мехоҳанд. Тамоми хоҷагиҳои деҳқоние, ки бо заводу корхонаҳо шартнома доранд, ҳосили ҷамъовардаи худро ба онҳо мебаранду хариду фурушашон тариқи шартнома амалӣ мегардад.

 

2 манфиати 1 пахтачин

Дар заминҳои ҳудуди ҷамоат асосан пахта, юнучқа ва дигар зироатҳо кишт карда, деҳқонон бар он боваранд, ки имсол ҳам ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Барои занони хонашин бошад пахтачинӣ воситаи беҳтарини даромад ва кӯмак ба буҷҷаи оилавист.

Дар саҳро бо холаи Натиҷа ном зане шинос шудем, ки яке аз пахтачинҳои номӣ ба шумор рафта, баъди аз дарсҳо озод шудани фарзандонаш бо онҳо дар якҷоягӣ ба пахтачинӣ баромадааст. Холаи Натиҷа тавре мегӯяд, «сар карда аз чинаки 1-ум мо бо фарзандонам барои ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намудан ва кӯмак ба марди деҳқон пахта мечинем. Камбудиҳои зиндагиро бо пули пахта сомон медиҳем. Ҳамроҳ бо оила рӯзе то 120 кг пахта ҷамъоварӣ мекунем», меафзояд ҳамсуҳбати мо.

Зани дигаре бо исми Мафтуна мегӯяд, пахтачинӣ 2 манфиат дорад. Аввалан даромад меорад ва баъдан ғузапояи онро барои ҳезум мо ройгон мегирем, ки барои рӯзгори деҳа ин чиз зарур мебошад. Даромади иловагӣ бад нест- ку!

 

Пахта қимат шуд, пахта чин!

Баъди сӯҳбат бо сармутахассиси омори ноҳия ва занони пешқадами пахтачин роҳ пеш гирифтем, сӯи ҶДММ ” Пахтаи рушди Хатлон “, ки дар ноҳия корхонаи пешқадам маҳсуб ёфта, иқтидори умумии коргоҳи мазкур 20 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Фаъолияти ин корхонаи қабули пахта соли 2008 оғоз ёфта, то ин ҷониб бо хоҷагидорон ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ мондааст.

Чунончи дар сӯҳбат бо мухбири рӯзномаи мардумии СССР Фозилҷон Турғунов, роҳбари корхонаи мазкур иттилоъ дод, ҷамъият бо хоҷагиҳои тухмипарварии кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, баъзе аз минтақаҳои ноҳияи Кӯшониён ҳамкориҳои саҳмиягузорӣ дошта, фаолият мавсимӣ мебошад. Ҳар рӯз ба корхонаи болозикр то 100 тона маҳсулоти хом ворид мегардад. Ҳол, он ки ин нишондод бояд боло бурда шавад.

Ба гуфти Ф. Турғунов имсол назар ба солҳои пешин қабули пахта камтар мебошад. 14 майдони қабули пахта ҳамарӯза барои вориди ашёи хом омода аст. Ғунҷоиши ин майдонҳо то 450 тонна аст. Дар корхонаи болозикр аслан занҳои хонашинро ба кор ҷалб кардаанд, ки ҳамагӣ аз маоши худ розиянд. Ва дар арафаи ҷашни бузурги 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои хуб қадр кардаанд.

 

3-5 ҳазор сомонӣ мехоҳед?

ҶДММ ” Рушди Хатлон” дар зери назорати худ 650 га заминро дорад, ки барои онҳо сармоягузор буда, қабули пахта ҳам зери таваҷҷуҳи роҳбарият мебошад. Айни ҳол корхона барои 1 кг пахта 7 сомонӣ нақд барои хоҷагидор пешниҳод намудааст.

Ва агар аз рӯи ин нархгузорӣ бигирем, ҳамон холаи Натиҷа бо фарзандон дар 1 рӯз пуле кор мекунад, ки шояд 1 муаллим ё муҳандис дар 1 моҳ наёбад.

Х=120х1

Х=120 сомонӣ

Ва агар инро моҳона гирем чӣ мешавад?

Х=120х30

Х=3600 сомонӣ

Яъне 1 оилаи деҳқон имкон дорад, албабта агар аз таҳти дил кор кунанд, то 3-5 ҳазор сомонӣ дар 1 моҳ кори мавсимӣ ба даст орад!!! Ва аз ҳама муҳимаш дар ин моваро он аст, ки ЯГОН кас ЯГОН касеро маҷбуран а саҳро бароварда наметавонад. Деҳқон аз 1 корфармо ранҷид, 100% имкон дорад, ба дигар хоҷагӣ рафта пахта чинад. Яъне ин ҷо принсипҳои кор ва фаолияти озоду демократӣ пурра риоят мешавад.

 

Эпилог

Баъди гуфтаҳои Фозилҷон Турғунов ба хулосае омадам, ки солҳои пешин хоҷагидорон аз ширкатҳои қабули пахта норозӣ буданду ҳоло ҳастанд коргоҳҳои қабули пахта ва сармоягузороне, ки барои меҳнати деҳқон суди мусоид пешкаш мекунанд. Пахта қимат шуд, ҳама ба саҳро бароед, мардум ва пул кор кунед!!!

Нуриддин Қосимзода, СССР,

Бохтар- Ҷ. БалхӣБохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube