НАВРӮЗПАРАСТОН

Акнун дарк кардед, ки чаро арабпарастони ҷоҳил, на мусалмонони комил, Наврӯзро бидъат ва ҳаром ҳукм мекунанд? Барои он ки мағзи ҷавонони моро шуста, ишонро то одамкушӣ бубаранд! Ҳол он ки Наврӯз ва дигар урфу иду маросими миллии Яктопарастонро на Қуръон, на Инҷил, на Таврот, на Мусҳаф ва на Ҳадис инкор ва манъ накардаанд. Кадом мулло аз тамомии кутуби осмонӣ ва Ҳадис 1 далел меорад, ки Наврӯз бидъат аст? Намеорад! Чунки чунин нест ва набуд!!!

Ва аммо ҳадафи Наврӯзситезӣ куҷо ниҳон аст? Дар арабзада кардани миллати мо. Оре, аккурат, маҳз миллати Тоҷик. Зеро мо посдорони Наврӯз, балки Наврӯзпарастон мебошем. Ва ин Тоҷик будӣ, ки Наврӯз дар тули 6000 сол мавқеи худро дар ҷамъиятҳо гум накард, рушд ёфт ва то ҳадди Наврӯзи Байнулмилалӣ расид. Воқеан ҳам пештоз мегӯям, шахсан ман зидди ба ҷашнвораи байнулмилалӣ табдилсозии Наврӯзи Тоҷиконам. Зеро дар ин сурат, мо чун ягона муттако ва пуштигири Наврӯз миссияамонро раҳо мекунем. Мисле, ки то Рум бозиҳои Олимпиадаро байнулмилалӣ накард, муқовимати Юнонро пахш карда натавонист. Хуб, ин ҳама дар гузашта буд. Гузаштае, ки воқеан ҳам имрӯз проблемаи №1 шудан дорад.

Таърихсозӣ саҳлу осон нест. Имрӯз, давлатҳои дунё, пас аз озодиву истиқлолиятдиҳиву ҳурриятталабӣ рӯ оварданд бар ҷамъсозии паҳну парешкардаҳои худ. Мисоли одии ин раванд, интервюи ахирии Путин В.В. бо журналисти амрикоӣ Карлсон Таккер аст. ВВП бо далоили таърихӣ мегуфт, домани сарзаминаш то куҷоҳо тул дораду кадом халқияту давлатҳо сохтаву бофтаанду кадоме таърихан побарҷо. Ва Русия сарзамини додаашро бозпас мегирад ва бар касе таарруз намекунад. Ин иддаои Путин эксклюзив нест. Имрӯз Лаҳистон дар орзӯи бозгардонии сарзамини бобоии хеш Реч Посполито, Укроини Ғарбӣ мебошад. Ин давлати монархӣ соли 1569 таъсис ёфта, ҳудуди 1 млн километри мураббаъ арзу тул дошт, ки соли 1795 аз байн рафт. Ва аммо ҳаваси эҳёи он ва ба давлати бузургтарини Аврпупо табдилсозияш аз қалби пан – полякҳои муҳтарам нарафтааст. Фикр накун хонанда, ки Фаронсаву Бритониё дар андешаи бозгардонии колонияҳои худ дар Африқову Осиёи сағир нестанд. Ҳазари Ҳиндустон аз Лондон ва ҳароси Алҷазоиру Марокаш аз Порис аз ҳамин зовия об мехӯранд.

Ба ҳамин тартиб, агар аҳамият диҳӣ хонанда, халқу қавмиятҳои осиёӣ низ ба таърих рӯ овардан доранд. Фарзи мисол, ҳоло қаҳрамони қазоқҳо Чингизи хунхор гаштаасту аз миллати ӯзбек Темури Ланг. Чаро? Зеро инҳо замоне империяи худро доштанд! Намегӯям ҳама ба ин васвоса дода шудаанд. Вале аксарият ин ғояро дар сар мепарваранд. Ва ана ҳамин арабзадагии тоҷикакони динзада маҳз ба ғояҳои баргардиш бар империяи Аббосиёну хилофати Уммавиён рабт дорад. Вагарна барои 1 тоҷики камхирад чӣ лозим аст, ки номи арабро шунаваду ҳушаш равад? Инҳоро бо путки идеологӣ бар сарҳошон куфта мағзашонро ихроҷ кардаанд. Ва на танҳо авомро!

Ҳамин ҳафта 1 зиёие, ки воқеан ҳам иззаташ мегузорам, ба ман навишт, ки туро ба мурдаи арабҳои 1400 сол гузашта чӣ кор? Бирав, вагарна дар дини Абдуқодир Талбаков (зардуштӣ) бош…

Ба ӯ гуфтам, ба ту ҳам мегӯям, хонанда:

– Ман мусалмони комилам. Вале қабл аз ин Тоҷик! Тоҷики мусалмонам, на баракс. Ва ман на ба мурда ва на ба зиндаи араб коре надорам. Ба шарте, ки мурдаҳову зиндаҳои ишон бар ману фарҳанги ман кор нагиранд! Зеро маҳз мурдаҳои арабанд, ки бо Наврӯзи мо Наврӯзпарастон то ҳол дастбагиребонанд. Шумо ҷое шунидаву хондаед, ки идеологияи Тоҷикият зидди таоруфу иду ҷашнвораҳои арабӣ бошад? Неъ. Вале чаро араб ҳатто дар асри 21, яъне 1300 сол пас аз оне, ки бобоҳои мо дар Хуталони нозанин дабдалаи ҷаддашонро бароварда буданд, бо Наврӯзи ману мо ҷанг мекунад ва ин ҳам дар ХОНА-ВАТАНИ МО ва мо бояд хамӯш бошем???

Хомӯшии мо буд, ки хиттаи Балху Бухоро, Хиваву Чоч, Марву Хутанро раҳо кардем. Сарзамин, давлатамонро бо дасти худ ба дигарон додем ва рӯи санги хорое пойтахти худро аз нав бунёд гузоштем, ки номаш Душанбе аст. Хомӯшии мо-Тоҷикон буд, ки имрӯз Кобулу Ҳироту Балху Бадахшони Афғонистон  аз даст рафт. Ва акнун паштунҳо ҳувият ва забонамонро гирифтаниянд. Арабҳое,  ки дар асри Х Исмоили Сомонии некном аз Осиёи Марказӣ дур карда буд, дубора бар мо, бар ҳувияти мо, бар забони мо, бар русуми мо ва бар миллати мо чашм ало мекунанд. Шумо бинед, ки арабҳо имрӯз номҳои тоҷикӣ-ориёии моро куллан куфр хондаву маҳв кардаанд. Ҳарчанд, гуфти бобои Ғуломи таърихӣ «и дураку ясно!», ки ном шафоатгар на-ме-ша-вад!!! Ба ин омори хатарзо таваҷҷуҳ кунед, ки танҳо дар соли 2023, мо меросбарони Рустами Дастону Исфандиёри Рӯинатан ва Суҳроби Ялу Бежани Гурзафган ба фарзандони худ чӣ номҳо гузоштаем:

– Абдулло (4081 адад), Абдураҳмон (3527), Юсуф (3001), Умар (2751), Иброҳим (1857), Имрон (1709), Абубакр (1225), Аҳмад (794 адад).

Номҳои гӯшнавоз ва шоиронаи гулдухтарони Тоҷик куллан аз байн рафтаанд. Акнун ҷои Гурдофариду Таҳмина, Гулбӯйу Рӯзафзуну Ориёна ин номҳо мӯд шуда:

-Сумайя (2958 адад), Оиша (2321), Марям (1956), Зайнаб (1405), Осия (1354), Хадиҷа (1021), Кибриё (987), Амина (789 ном)…

Медонед ин номҳо чӣ маънӣ доранд? Фарзи мисол, Осия, яъне саркаш, рӯсиёҳ ва номи зани Фиръавн!!! Ва 1 маънии сумайя (т) қатори хишти пухтаро гӯянд ва Роҳила маркаб, ХАР аст. Оё мешавад духтарони худро Хар, Расво, Ғишт ном гузор(ӣ)ем?

Арабзадагии мо ба ҳаддест, ки баъди террори ахирӣ дар Маскав дӯсти газетаамон Амониддин Қодирзода, ки зодаи ш. Ваҳдат асту дар Питер ба сар мебарад, занг задаву гуфт:

– Бовар кунед, ин муҳоҷирони мо дар Русия ба ҳадде арабзадаанд, ки бо арабӣ амр кунӣ, шояд чорзону истода, теппача низ шинанд! Ман хурсандам, ки арабҳо саг надоштанд, вагарна номи сагҳои онҳоро инҳо ба писару духтарони хеш мегузоштанд!

Оё рост намегӯяд Амонуллои ваҳдатӣ? То-та!

Ва ана ҳамин арабзадагист, ки мо-Тоҷикон мусоидат ва мувофиқат карданием, то онҳо хилофати бардурӯғи худро бунёд кунанд ва аз номи ҳамин хилофат чанде тоҷикак мардуми бегуноҳро террор кунад, кушад, алов занад…

Ва ана ҳамаи ҳамин фанду фиребҳо аккурат аз Наврӯзситезӣ маншаъ мегиранд. Зеро ун арабҳои идеолог “дурак нестанд!” (ибораи дӯстдори Бобои Ғулом) ва  медонанд, ки маҳди миллати мо, гавҳари ҳастии мо Наврӯзи оламафрӯз аст. Наврӯзе, ки 1400 сол бо араб муқовимат кардаву шикасташ дода меояд. Зимнан тамомии қувваву қудрати худро сари маҳви душмани №1, Наврӯзи Тоҷикон равона кардаанд.

Бо ин ҳама, бубояд гуфт, тирашон хок мехӯрад. Наврӯзро дар тули 6000 сол на ҷаҳолати Александр, на қатли араб, на калламанораҳои тотору муғулу манғит, на болшевизми ҷанганда натавонист маҳв созад. Рӯиҳамрафта, дар зарфи 6000 сол Наврӯз бар ҳама идеология пирӯз омад ва бар ин неопанарабизм низ ҳатман ғолиб меояд. Ва медонед чаро?

Неъ, наёфтед, аввалтар аз ҳама ин, ки мо Наврӯзпарастонем ва ана баъдаҳу гуфтаи худат хонандаи ин сутур:

-Зеро Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube