Оё мо Ҳошим Гадоро мешиносем?

Артисти халқии СССР

Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон

Артисти халқии РСС Тоҷикистон

Дорандаи мукофоти ба номи Рӯдакӣ

Дорандаи мукофоти Давлатии СССР

Аълочии маданияти СССР

Дорандаи мукофоти ба номи Аноҳита

Дотсент

Профессор

Дорандаи ситораи Президенти Тоҷикистон ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Доктори фахрии илм дар Россия

Дар урфият оби дари хона лой мегӯянд. Мо Ҳошим Гадоро бузургманишу пурҳарф гуфта писанд намекунем, аз чумла худи ман ҳам баъзан аз ӯ мегурехтам. Чунки бо ӯ бисёр вохӯрдаем, зоҳиран аз худи мо фарқе надорад, ҳатто либосаш, ҳатто портфели кӯҳнааш. Вале вақте ки ман драмаи Ҳамлетро дар ватанаш ва бо забони модариаш тамошо кардам, дар тааҷҷуб монда худ ба худ аз Ҳошим Гадо узр пурсидам. Намоиши беҳунаронаи америкоиҳо Ҳошим Гадо ва Ҳамлети ӯро азимтарин саҳнаву бузургтарин актёр ҷилва дод. Ҳошим Гадо ҳамчун актёр ҳазор бор аз актёрони амрикоӣ боло аст.

Бозор Собир

Мардуми ҷопон унвон надоранд, онҳо сарвати миллӣ доранд. Ҳошим Гадоев сарвати миллии халқи тоҷик аст. Агар иҷозат диҳед, мо, халқи рус, Ҳошим Гадоевро сарвати миллии худ низ эълон мекунем.

М.Чигир, Раиси Иттифоқи ходимони театрии собиқ СССР

НОМГӮИ НОПУРРАИ НАҚШҲОИ БАРҶАСТАЕ, КИ ДАР САҲНАИ ТЕАТР ВА САФҲАИ КИНО ОФАРИДААСТ:

Содиқ аз «Суруди кӯҳсор»-и Ғ.Абдулло, Лолаев аз «Иродаи зан»-и А.Сидқӣ, Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Маркандал аз «Модарандар»-и Балзак, Хлестаков аз «Мураттиш»-и Гогол, Ҳамлет аз «Ҳамлет»-и Шекспир, Дон Жуан аз «Фоиҷаҳои хурд»-и А.С.Пушкин, Абӯалӣ ибни Сино аз «Ҷавонии Сино»-и Сотим Улуғзода, Несчасливсев аз «Ҷангал»-и Н. Островский, Иброҳимбек аз «Тӯфон»-и Ғ.Абдулло, Девона аз «Шаби гирифтани моҳ»-и М.Карим, Абдулатиф аз филми «Ситораи Улуғбек» («Ӯзбекфилм»), Сӯҳроб аз филми «Рустам ва Сӯҳроб» («Тоҷикфилм»), Агат Мара аз филми «Набарди се шоҳ» (истеҳсоли Марокаш – Итолиё – Испаниё – Амрико – Ӯзбекистон), Ғӯрак аз филми «Суғдиён» (истеҳсоли Алҷазоир – Ӯзбекистон), Садриддин аз филми «Зане аз роҳи дур» («Тоҷикфилм»), Ғазан аз филми «Шӯълаи гулханҳои хомӯшшуда» («Озарбойҷонфилм») ва ғайраҳо.

 КАТИБАҲО

«Ҳунарпешаи саропо асаб ва эҳсос Ҳошим Гадоев, ки ба ҳалли баҷуръатонаю пуршиддат майл дорад, дар офаридани образҳои Сӯҳроб, Дон Жуан, Темури ғоратгар маҳорати фавқулодда нишон дод».

О. Кайдалова «Анъана ва муосир», Москва, нашриёти «Искусство», соли 1977.

***

«Ҳошим Гадоев, ки роли Содиқро дар намоишномаи «Суруди кӯҳсор»-и Ғ.Абдулло – иҷро мекунад, бо ҳар як ҳаракату рафтори худ образро барҷаставу пурқувваттар мекунад. Дар ҳар як лаҳза қаҳрамони вай сифати нав мегирад…»

«Офарида шудани образи Дон Жуан дар эҷодиёти артист Ҳошим Гадоев, ки қабл аз ин Тарталия, Фердинанд, Содиқ, Ҳоҷӣ Нӯъмон барин образҳои мураккабро иҷро карда буд, марҳилаи нав аст».

Аълохон Афсаҳзод «Зиндагӣ дар саҳна», «Ирфон», 1984.

***

«Гадоев дар нақши Хлестаков? Бисёриҳо аз ин баҳамоӣ ҳайратзада буданд. «Ҳамлет»-и солҳои донишҷӯӣ, баъдтар Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Дон Жуан аз «Фоҷиаҳои хурд»-и Пушкин, Сӯҳроб аз «Рустам ва Сӯҳроб» – ҳама нақшаҳои пурмоҷаро, ҳатто фоҷиавӣ ҳастанд. Инак – Хлестакови гаранг, аҳмақ, ҳақиру ночиз. Аммо баъди чанд дақиқаи дар саҳна пайдо шудани Гадоев пай мебарӣ, ки дар рӯ ба рӯят Хлестакови тамоман дигар, ғайриоддӣ ва ҳатто аҷоиб истодааст.

А.Г.Гордон, «Классик дар нақши асосӣ», «Адиб», 1989.

***

«Банда дар Тоҷикистон аз дидани намоишномаи нотакрори Софокл «Эдип» ва шунидани он ба лаҳни форсӣ ниҳоят шодам. Нақшофарии олии ҳунарпеша Ҳошим Гадо хеле ва хеле хушам омад».

Маҳиндухти Сиддиқиён, устоди адабиёти форсии Донишгоҳи Теҳрон. «Ҷумҳурият», 19 сентябри соли 1993.

***

«Дар бораи фоҷиазадаҳои машҳури ҷаҳон бисёр шунидаам ва хондаам, танҳо имрӯз, пас аз тамошои  «Эдип» дар саҳнаи тоҷик, фоҷиазадаи бузургеро дидам, Ҳошим Гадо дар он хилқат буд. Ҳоло бисёр касон мегӯянд, ки театр тамошобинро гум кардааст, театр мемурад. Театри мо намемирад, агар ҳунарманде чун Ҳошим Гадо зиндааст».

 Кирил Лавров, ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи ҷоизаҳои давлатӣ ва ленинӣ. «Коммунист Таджикистана», 6 декабри с. 1987.

***

«Ҳошим Гадоев яке аз онҳост, ки идомаёбии мактаби романтикии театрро талқин мекунанд, вай вориси ҳунарпешагони  бузург А.Остужев, А.Хорава, Р.Симонов, А.Хонов мебошад. Образи мураккаби Эдип аз ҷониби ӯ бо амиқии ҳайратовари психологӣ офарида шудааст».

Евгений Симонов, роҳбари бадеии Театри дӯстии халқҳо. «Вечерняя Москва», 5 феврали с. 1988.

***

«Намоишномаи «Макр ва муҳаббат»-ро ман чандин бор ва ба чандин забон дидаам, вале бояд бигӯям, ки ман мисли бозии артистони тоҷик ҳунарнамоиеро дар саҳна хеле кам дидаам. Бояд бигӯям, ки аз бозиҳои «мӯдшуда»-и ҳунарпешагони Ғарб дида, ҳамин кори Ҳошим Гадоев (роли Фердинанд) борҳо беҳтар аст».

Алфред Курелла. «Аз Ғарб борҳо беҳтар». «Маориф ва маданият», 23 маи с. 1964.

***

«Ба ман ҳунарнамоии Ҳошим Гадо дар намоишномаи «Эдип» бисёр хуш омад. Ман тоҷирам, дар соири кишварҳо будам ва ба театр таваҷҷӯҳ дорам. Бояд, бигӯям, ки тамошои ҳунари Ҳошим Гадо маро аз худ бадар кард. Ин ҳолат танҳо ҳангоми қироати маснавии Мавлавӣ ба ман рӯй додааст. Ба пиндорам, дар ҳунари Ҳошим Гадо нури хиради Мавлоно, Шайх Аттор, Фирдавсиву Ҷомӣ гирд омада. Намоишномаи «Эдип» беҳтарин армуғони дуввумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон барои дӯстон буд».

Оғои Муҳаммадсафо, шаҳри Бағлони Давлати исломии Афғонистон.

***

«Суперактёри итолиёвӣ В.Гассман, намедонам ба дигарон чи хел, ба ман бисёр Ҳошим Гадоевро ба ёд меорад ва баръакс. Ҳар ду дорои ҳиссиёти баланди артистӣ ва чавҳари мардони «ҳақиқӣ» мебошанд».

К.Клюткин. «Кино барои ёдоварӣ». «Народная газета», 4 августи с. 1992.

***

«Сӯҳроби азизи ман Ҳошим! Ман Шуморо 30 бор, 300 бор тамошо кардам ва аз тамошо сер намешавам. Шумо, эй ситорагони тобони ҷаҳон – Жан Маре, Белмондо, Делон дар пеши Сӯҳроби Ҳошим Гадо нури худро бохтед ва ҳеҷ шудед!

Ирина Элияшева, Чехословакия, Праҳа, Виниради Писецка, 4.

***

«Баъди ба хона омаданам ба духтарам бигуфтам: шояд чунин драмаро («Эдип») дар чунин бозӣ солҳои наздик дар саҳнаҳои театрҳои дигар дида натавонем».

М.Луковникова, ш.Маскав.

***

«Ҳунарманди бузург Ҳошим Гадо, ки нақши Эдипро ба ӯҳда дошт, бо тамоми вуҷудаш, бо тамоми эҳсосоташ дар сиришти Эдип зоҳир гардида ва чунон бо пирӯзӣ дар нақшаш рол бозид, ки гӯё рӯҳи Эдип дар баданаш ҳулул карда бошад».

Доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ. Кобул, 23 феврали с. 1986.

***

«Ба бародари бузург Ҳошим, ки дар филми «Суғдиён» роли Ғӯрак шахсияти таърихиро бозидааст, муяссар гардидааст, ки роли воқеиро офарад. Ахлоқи ҳамида ва маҳорати баланди артистӣ хоси Ҳошим аст».

Муҳаммад ибни Қитаф, Алҷазоир.

***

«Ман хушбахт ҳастам, ки бо инсон ва ҳунарманд Ҳошим шинос шудам».

Говия Бендидуш, рижиссёри алҷазоирӣ.

***

«Ҳунарманди бузургро таърих аз он ҷиҳат писанд мекунад, ки вай аз кӯҳи ҳунар лаълу аз баҳри фарҳанг дур ба даст оварда, ба воситаи сарфи меҳнату фидокорӣ онҳоро мисли заргар сайқал дода, ба халқи хеш саховатмандона мебахшад. Ана, ҳамин гуна сирри ниҳонии ҳунари театрро шумо кашф намудед».

Меҳрубон Назаров, профессор, маи соли 1988.

***

«Ман ҳамсабақи Ҳошимам. «Эдип»-ро ду бор тамошо кардам. Ҳар бор ба худ мегуфтам: агар устоди мо Олга Ивановна Пижова зинда мебуд, ифтихор мекард ва мефаҳмид, ки бо парвариши Ҳошим Гадоев, Ҳошиме, ки доим китоби «Ҳамлет» дар бағалаш, дар долонҳои институт мегашт, дар инкишофи театри шӯравӣ чӣ саҳме гузоштааст».

С.Фелдман, мунаққид. «Тоҷикистони советӣ», 15 марти с.1988.

***

«Хлестакови Гадоев шахси бодӣ ва тиҳимағз нест. Вай одами соҳибақл ва қобилиятнокест, ки ҷои худро дар зиндагӣ ёфта натавонистааст… Тафсири тоза Хлестаков ва умуман намоишномаро ба дараҷаи баланди ҷамъбасти иҷтимоӣ баровардааст».

Б.Долсенов, режиссёр, ш.Ленинград. «Маориф ва маданият», 28 ноябри с. 1978.

***

«Филми киносозони озарӣ «Шӯълаи гулханҳои хомӯшшуда», ки дар он Ҳошим Гадоев роли асосӣ – Ғазанро офаридааст, соли гузашта дар кинофестивали мамолики Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ намоиш дода шуд. Ин рол барои офарандаи нақши асосӣ марҳилаи бузурги эҷодӣ ба ҳисоб меравад».

«Коммунист Таджикистана», 24 сентябри соли 1977.

***

«Умумисароӣ, ороиш, бозии ҳунарпешагон ва алалхусус маҳорати баланди Ҳошим Гадоев – ҳама аъло буданд ва мо шоҳиди тавлиди асари ҳақиқатан ҳам бадеӣ гардидем. «Эдип»-и тоҷикон нотакрор аст».

М.К.Аникушин, рассоми халқии шӯравӣ. «Коммунист Таджикистана», 14 сентябри соли 1987.

***

«Ман асари худ «Шаби гирифтани моҳ»-ро аз саҳнаҳои бисёр театрҳо тамошо кардаам. Аммо образи Девона, ки Ҳошим Гадо офаридааст, аз беҳтаринҳост».

Мустай Карим, адиби бошқирд.

***

«Ҳангоми тамошои «Ҷавонии Сино» (ин асар ба забони русӣ дар театри ба номи Маяковский ба саҳна гузошта шуда буд) бори аввал фаромӯш кардам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо роли Синоро мебозад. Синои ӯ гӯё Синои ҳақиқӣ ва зиндааст».

Сотим Улуғзода.

***

«Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз чумла дар МХАТ Михаил Чеховро, дар Театри Хурди Маскав Остужевро, ҳамчунин актёрони машҳурро дар саҳнаи Инглистон бо шавқ тамошо кардаам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадаам, мутаассир нагашта будам. Ман ба сифати санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам».

Соро Ишонтураева, ҳунарпешаи Халқии СССР, «Ҷавонони Тоҷикистон», 23 июни с. 1989.

***

«Ҳ.Гадоев актёри пурэҳсос ва дорои табъи баланд буда, бештар ба ифодаи рӯҳияи қаҳрамони саҳна мекӯшад. Ролҳои Дон Жуан («Фоҷиаҳои хурд»-и Пушкин), Содиқ («Суруди кӯҳсор»-и Ғ.Абдулло), Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ.Абдулло), Фарҳод («Дар фироқи ту»-и Ш.Қурбонов) аз он шаҳодат медиҳанд, ки майлу рағбати актёр ба иҷрои ролҳои психологӣ моил аст».

М.Шарофов «Санъати театр», Душанбе, «Ирфон», с. 1971.

***

«Ҳар муаллим, агар дилаш сӯзад, коре мекунад. Ҳошим Гадо дар шумораи ҳамин хел муаллимҳост. Мисолаш ҳамин этюди хурдакак, чи қадар фантазия… Ман ин бор ҳам аз эҷоди Ҳошим Гадо ҳайратзадаам. Асар дар ҳақиқат дархӯри замони мост».

Низом Нурҷонов (Дар бораи таҳияи «Тӯда» дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода), «Ҷумҳурият», 27 августи соли 1993.

***

«Намоишномаи «Макр ва муҳаббат»-ро тамошо кардам. Бозии нақши Фердинанд, ки аз ҷониби Ҳошим Гадоев сурат гирифт, маро мутаассир сохт, ба ҳаяҷон ва ҳайрат овард. Ман чунин дараҷаи баланди маҳоратро, ростӣ, аз ҳунарманди тоҷик интизор набудам ва ин нақшро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Агар дар Лаҳистон аз ман пурсанд, ки аз Тоҷикистон чи хотира овардӣ, ман ҳатман аз нақши Фердинанди Ҳошим Гадоев нақл хоҳам кард».

Александр Пахо, профессор, Лаҳистон.

***

«Ҳошимҷон! Ман ба истеъдоду маҳорати ту ҳамеша бовар доштам. Аммо баъди тамошои роли Синои ту эътиқодам ба ту  чанд маротиба афзуд. Нақши Синои ту беҳтарин нақши солҳои охири театри тоҷик аст».

Мирсаид Миршакар, шоир

***

«Ман ҳамроҳи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, генерал-лейтенант Позняк Виктор Генрихович дар театри ба номи Маяковский «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдуллоро тамошо мекардам. Ҳошим Гадо роли Иброҳимбекро моҳирона бозӣ мекард. Баъди анҷоми намоиш генерал-лейтенант бо Ҳошим шинос шуда, ӯро ба оғӯш гирифту гуфт: «Истеъдоди бузурги ту бояд ба халқи азизат хизмат кунад. Ту метавонӣ дар филмҳои ҷангӣ хуб ҳунарнамоӣ кунӣ. Ман Иброҳимбекро дидаам. Ту онро чунон офаридаӣ, ки гӯё ӯро дида бошӣ. Ту мурдаро зинда кардӣ».

Раҳмон Сафар, ҷангноманавис.

***

«Барои ҷопониён ҳунарпешагон унвон надоранд. Дар ин мамлакат ҳунарпешаи бузург сарвати миллӣ ба ҳисоб меравад ва хурду калон ин сарватро эҳтиёт мекунанд ва маҳфуз медоранд. Ҳошим Гадоеви шумо низ на танҳо сарвати  миллии Тоҷикистон, балки сарвати ҳамаи халқҳост».

   Аз пешниҳодоти Созмони театрии Иттиҳоди Шӯравӣ (вақти ба дарёфти мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ манзур гардонидани Эдип»-и  Ҳ.Гадоев).

***

«Гуфтаанд, ки бузургии касе ё чизе аз дурӣ ва бо гузашти замон бештар ба назар мерасад. Ҳашамату бузургии спектакли Эдип» ва офарандаи он устод Ҳошим Гадоев низ ҳамчунон, хоса ҳангоми таҷлили ҷашнҳои Истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани ҷаҳонии тоҷикон, бараъло намудор гардид. Мо, тоҷикон, 8 сол инҷониб аз он лаззат мебарем, вале вақте гуфтаҳои меҳмонони хориҷиро мешунавем, баъд пай мебарем, ки ҳамарӯза бо нобиға, ҳунарманди нотакрор ва шахсияти фавқулоддае ҳамнафасу ҳамзамонем».

Ҷумъа Қуддус, драманавис.

***

«Ҳунари нақшофарии актёри соҳибҳунар Ҳошим Гадоевро дида, кас гумон мебарад, ки шояд 2500 сол қабл драматурги оламгири юнонӣ Сафокл шоҳасари «Шоҳ Эдип»-ро барои ӯ офарида, инчунин Шекспири бемарг дар асри XYI ба дунё омадани чунин актёри  олиҷанобро ғайбдонӣ карда, «Ҳамлет»-ро эҷод карда бошад.

Тақозои зиндагист, ки мо осори арзандаи Ҳошим Гадоро ба пардаи садову видеотасвир сабт намуда, дар хазина нигоҳ дорем, то наслҳои ояндаи мо тавонанд аз ин осор ва аз таҷрибаи бои актёрии ӯ пурсамар истифода баранд».

 Юсуф Нуралиев, доктори илми тиб, узви вобастаи академияи байналхалқии инженерӣ.

***

Бузургии Ҳошим Гадоро намедонанд. Чаро ки танҳост. Имкони ношинохта монданро ҳам дорад. Барои ҳамеша.

Ва аммо 1 нафару 2 нафар шиносанд ва ба паҳлӯяш оянд, пуле хоханд сохт, миёни вай ва ҷомеа; миёни ростагорӣ ва раҳгумӣ. Ва ин бар нафъи ҷомеъа хоҳад буд.

Раҳими Мусалмониён

***

40-солагӣ муборак!

Шинохти Ҳошим Гадо, ки аз ҳунармандтарин, фидокортарин ва содиқтарин фардони рӯшанфикри миллат аст, 1 лаҳза моро ба фарҳангу таъриху маданияти пурмояи миллат қарин мегардонад. Мо ҳар қадар аз зарбулмасали пурдарди «Оби дари хона хира» худро дур кашида, ба шинохти абармардони сарзамини худ наздик оем, ба ҳамон андоза бедортару ҳушёртар хоҳем шуд. Дар хотима мактуберо, ки ба унвони Ҳошим Гадо 16 сол пеш аз ин навишта шудааст, иқтибос меорам:

«Ҳошими азиз! Шуморо бо чиҳилсолагии зодрӯзатон табрик мегӯям. Медонам, дар соли нави 1977 чиҳилсола мешавед. Орзу дорам, ки дар боғи санъат ҳамеша гулбасар бошед ва тамошобинонро солҳои сол тавонед бо ҳунари зебои худ шодком гардонед. Сурати шуморо, ки дар сару либоси юнонӣ кашидаам, бароятон мефиристам, зеро Шуморо дар нақши Спартак ҳамин хел дидан мехоҳам».

 Л.Н.Островская, ш. Махаҷқалъа.

***

Воқиан орзуи таҳияи «Спартак» ва офаридани нақши ин абармарди дунёи қадим аз ормонҳои дерини Ҳошим Гадо мебошад. Биёед, ҳама дуо кунем, эзиди пок ба ӯ бахту саодат диҳад ва ӯро ба максадаш расонад. Биёед, ӯро дар сухан не, амалан шиносем, эҳтиёт ва кӯмакаш кунем.

ГУЛНАЗАР. шоири халқӣ, муаллифи Гимн

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube