ПАХТАРО КӢ АРЗОН МЕКУНАД?

То имрӯз дар соҳаи пахтакорӣ ба доди мо танҳо газетаи мардумии «СССР» мерасид, дигар васоити ахбори омма хомушию бетарифиро ихтиёр мекарданд.

Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон олимони соҳаи кишоварзӣ асоси пеш нарафтани соҳаи пахтакориро ба дигар омилҳо, аз ҷумла иқлим, навъи тухмӣ ва болоравии нархи сӯзишворӣ нисбат додаанд, ки ин ҳам дуруст аст. Пас чаро ин омилҳоро 2-3 бойбача, яъне пахтақабулкунандагони дохилӣ ба назар нагирифта, пахтаи деҳқонро, ки муддати 8 моҳ заҳмат кашида, барои 1 га замин камаш 14 000 (чордаҳ ҳазор) сомонӣ сарф карда, ҳамагӣ 20 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд ё не, бо баҳонаи аз дохил набаромадани пахта ё дар бозори ҷаҳонии Ливерпул паст шудани нархи пахта, 1 кг- и онро бо ашёи хом (натуравӣ) ба маблағи 5- 6 сомонӣ қабул мекунанд? Ҳол он ки дар биржаи ҷаҳонии Ливерпул нахи софи 1 кг пахта бо қурби мо аз 30-32 сомонӣ паст нашудааст.

Пахтакор аз ин маблағи ночиз бояд музди меҳнат, андозе, ки ҳар сол 20-30% боло рафта истодааст ва хизмати обрасонӣ пардохт намояд. Яъне ба ҷои фоида дидан аз 1 га ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, агар 20 сентнерӣ ба нақша гирад, зарар дида истодаанд.

Сабаби асосии пеш нарафтани ин соҳа паст будани нархи пахта асту халос, дигар ягон баҳона ба деҳқони имрӯза нагӯед! Аз бойбачаҳои пахтақабулкунанда низ пурсед, ки чаро пахта ба хориҷа содирот мешаваду пахтакорони тоҷик соҳиби пул намешаванд? Ин аст, ки маҷбур ҳастем ба кишти полезӣ ва хӯроки чорво машғул шавем. Мо метавонем!

Воҳидҷони Зайнулло,

роҳбари хоҷагии деҳқони «ЯП-80»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube