РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: КИТОБ БАР!

Ҳафтаи пор бо супориши редаксия китобҳои тозанашри идора – романи «Эшон – Балла», «Сафардидаи Мадинавӣ», «Гуфтугӯ бо табиат» ва «Бобои Эшон»-ро ба китобхонаҳои ш.Душанбе бурдам, то мардуми китобдӯстдор тавонанд аз асарҳои ба тозагӣ нашршуда мутолиа ва истифода намоянд.

Туҳфаҳои идонаи редаксияи газетаи СССР ба Муасиссаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи Марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» ва ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар аз ҳар китоб 3 нусхаӣ супорида шуд.

 

Шодии китобдорон

03.04.2024. Соат бо вақти Душанбе 13:44 дақиқа. Ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ворид шуда, назди қабулгоҳ рафтаму гуфтам, ки барояшон китоб овардаам. Китобдорон дарҳол посух доданд, ки агар барои савдо бошад, мутаасифона бо сабаби камбуди маблағ наметавонанд китоб харидорӣ кунанд.

   – Буҷети китобхона имкон намедиҳад пайваста китобҳои навро харидорӣ намоем. Агар китобҳоятонро туҳфа карданӣ бошед, бо дилу ҷон китобҳоятонро гирифта, дар бойгонии китобхона нигоҳ медорем, гуфтанд китобдорон.

Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ин китобҳои тозанашр туҳфа буда, аз ҷониби газетаи СССР ройгон ба китобхона тақдим мегардад. Китобдорон аз ин хеле шод шуданд!

 

Эҳтиром ва энержӣ  

03.04.2024.  Соат бо вақти Душанбе 15:23 дақиқа. Вақте ба Китобхонаи Марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ворид шудем, эҳсоси ман дигар шуд. Ин қадар иззату ҳурмати ҳамдигарро ман маҳз дар ин китобхона дидам! Тамомии кормандони ин муассиса бо лаби пуртабассум ба китобхонон муроҷиат мекарданду байни худ низ хеле боадабона суҳбат доштанд.

Китобҳоро ба онҳо туҳфа карда, баромадам. Китобхона воқеан ба инсон энергияи мусбат медиҳад, ма инро дар худ ҳис кардам.

 

«Табобат»-и китобҳо

04.04.2024. Соат бо вақти Душанбе 11:28 дақиқа. Ба Муссисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадам.  Ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки касе қадамҳои нахустини худро ба ин даргоҳ мегузорад, ҳатман барои худ ғизои маънавӣ мегирад. Фазои ин китобхона ончунон дилчасп аст, ки боварнокарданӣ!!!

Бӯйи фораму накҳати тару тозаи гулу буттаҳо фазои китобхонаро руҳафзун гардонда,  рафтори хушу лутфи китобдорон ба кас дари илҳоми китобхониро боз менамояд.

Гулдухтарон дар даст дастпӯшак китобҳои кӯҳанаву даридаро, ки ба ин китобхона ҳамчун туҳфа овардаанд, «табобат» мекарданд: саҳифаҳои даридаро часпу ширеш намуда, саҳифаҳои кандаро медухтанд. Мисле, ки ҷарроҳи исавиҳуш ба инсон умри дубора мебахшад, ин гулдухтарон ба китобҳои кӯҳнаву фарсуда зиндагонии нав ато мекарданд, ки ҳалолашон бод!

 

Лоиҳаи президентӣ дар амал!!!

Лозим ба таъкид аст, ки пас аз роҳандозии озмуни «Фӯруғи субҳи доноӣ» шумораи китобхонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Агар қаблан шумораи донишҷӯён бештар будӣ, ҳоло мактаббачаҳо, ҳатто хурдсолакон аз боғчаҳои томактабӣ низ ба китоб хондан майл пайдо кардаанд. Бо 1 ҳарф, проекти нави Президенти ҶТ, зеро унвонии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» воқеан ҳам корбаст гардида, миллатро китобхон кард, ки ҳалолашон бод!

Китобҳоро туҳфа намудаму худам аз ин амали некам болидаруҳ гаштам! Мо Метавонем!!!

 

Омирона Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube