Редаксия супориш дод: Тошканд рав!

Бо истифода аз рухсатии кутоҳмудати редаксионӣ – 14 рӯз (пас аз нашри шумораи идонаи ҷашнӣ мо ҳам истроҳат кардем 1 бор дар умрамон) роҳ гирифтем сӯи шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Пеш аз ҳама боздид аз шаҳри Тошканд ин орзуи чандинсолаи модарам буд ва саъю талош намудам, ки ин хоҳиши модарамро ба ҷо орам. Барои сафар мо роҳи заминиро интихоб кардем, зеро роҳ ба шаҳри Тошканд тавассути шаҳри Хуҷанд на танҳо наздиктар – аз гузаргоҳи сарҳадии Ойбек то маркази шаҳр ҳамагӣ 1 соати 20 дақиқа роҳ аст, балки арзонтар ҳам ҳаст.

“Хуш келибсиз, Ҷамила – опа!”

13.09.2025. Соат бо вақти Мастчоҳ (оре, дуруст хондӣ, хонандаи гиромӣ, яке аз гузаргоҳҳои байналмилалии калонтарин байни 2 кишвар маҳз дар мавзеи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ воқеъ аст) 08:30 дақиқа. Равуои мардум дар 2 самт хеле зиёд буд, пасон гуфтанд, ки рӯзҳои истироҳат рафтуомади сокинони 2 тараф ба маротиб меафзояд: тӯю сур, хабаргирӣ ва аёдату бозор. Аз ин рӯ навбат дар гузаргоҳи сарҳадӣ тӯл кашида, наздики 40 дақиқаи моро гирифт.

Шукронаи оромию осудагии давлату миллат ва Ҳукумати марказии Тоҷикистон, ки марзҳо боз ва рафтуомади мардум бемамониат сурат мегирад. Марзбонони 2 кишвар низ хеле боадабу серлутф буда, пайваста «Роҳи сафед!»- у «Хуш келибсиз, Ҷамила – опа!» мегуфтанд. Касе намепурсид ба куҷо, мақсади сафар чист, кӣ ҳастиву ба куҷо меравӣ?

Марзи давлатиро дар 40 дақиқа гузашта, вуруди хоки Ҷумҳурии Ӯзбекистон гаштем. Иваз намудани асъори милливу хориҷӣ назар ба қаламрави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон осонтар аст, саррофони маҳаллӣ мисли як замоне дар кишвари мо, шуморо дар баромадгоҳ аз марз интизоранду доллари амрикоиву евро ва сомониву сӯм мубодила мекунанд. Танҳо зирактар мебояд, то дар сифрҳои пули миллии ин кишвар – сӯм фиреб нахуред.100 доллари ИМА-ро мо ба 1 миллиону 240 ҳазор сӯми ӯзбекӣ иваз намуда, худро миллионер ҳис кардем!

Себҳои боғи Юлдуз Усмонова

Тавре дар боло қайд намудам, аз гузаргоҳи марзии «Ойбек» то маркази шаҳри Тошканд 1 соати 20 дақиқа роҳ аст. Дар наздикии Тошканд шумо дар роҳ боғоти зиёдеро мебинед, ки болои дарахтонро бо симтӯр пӯшондаанд. Ронандаи мо гуфт, ки ин боғ ба Юлдуз Усмонова, сарояндаи машҳур тааллуқ дораду дар ин боғҳо себу шафтолу ва олую олуча парвариш меёбанд. Ва ҳамаи он барои корхонаи истеҳсоли афшураи машҳури «Сочная долина», ки он ҳам ба Юлдуз Усмонова вобастагӣ дорад. Тасдиқи расмии ин хабарро ман пас аз баргашт дар ягон сомона нахондаму надидам, вале дар Тошканд ҳам дар бозор себҳои сурхи обдорро «себҳои боғи Юлдуз Усмонова» гуфта мефурӯхтанд. Ман ҳам зимни бозгашт аз фурӯшгоҳи шафати боғ 2 кило себ бо нархи 35 000 сӯм харидорӣ намуда, аз себҳои боғи Юлдуз Усмонова ба редаксия низ савғотӣ овардам.    

Нурафшон – маркази нави вилояти Тошканд

Пас аз боғҳои Юлдуз Усмонова дар 25 километрии Тошканд шаҳри наве бунёд шуда истодааст, бо номи Нурафшон. Ин шаҳр то соли 2017 номи Тойтеппаро дошт, вале баъдан бо ташаббуси президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев он номи Нурафшонро гирифта, ба маркази маъмурии вилояти Тошканд табдил ёфт.

Мардуми ин кишвар Нурафшонро Тошканди нав ном мегиранд ва ин бесабаб нест. Тайи 5 соли ахир бунёди биноҳои маъмурии маишӣ ва истиқоматӣ, хосса баландошёна, бизнес – марказҳо дар Нурафшон ба маротиб афзуда, чорабиниҳои бузурги давлатӣ, аз қабили таҷлили ҷашни Истиқлолияти ин кишвар низ дар Нурафшон баргузор мегарданд. Сокинони Тошканд мегӯянд, солҳои оянда пойтахти мамлакат низ мисли Алмаатову Остона ба Нурафшон кӯч мебандад. Нурафшон шаҳри замони нави мустақилияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ки ҳатто шоҳроҳаш ба шаҳри Тошканд ҷудост.                                       

“Уголок” – ёде аз даврони СССР!

Ман ҳамеша ба модарам ваъда медодам, ки ҳар боре агар ба тамошои шаҳри Тошканд равем, ҳатман ӯро ба кафе – қаҳвахонаи «Уголок» дар маркази шаҳр, ҳамшафати майдони Амир Темур ва рӯбарӯи меҳмонхонаи «Ӯзбекистон», ки то ҳол рамзи ин кишвар аст, мебарам. Ва аввалин коре, ки дар Тошканд кардам ӯро ба кафе «Уголок» бурдам.

 Бояд гуфт, «Уголок» соли 1964 ифтитоҳ ёфта, то ба имрӯз фаъолият дорад. Дар инҷо асосан чӯҷа – табака омода мекунанду кормандонаш ҳамагӣ русанд. Нон –хлеби махсусро ҳам дар ин қаҳвахона мепазанд, ки аз рӯи таъм ба маззаи хлеби Восеъи мо монанд аст, яъне шӯрча ва хеле болаззат. Муҳиташ ҳам муҳити давраи советиро мемонад, меҳмонон ва мизоҷони асосӣ ҳам аксарият калонсолонанд. Ёд дорам шодравон падарам – Мақсудҷон Ҳусайнов ҳам агар бо сафари корӣ ба Тошканд мерафтанд, мулоқоту вохӯриҳои худро маҳз дар назди ҳамин кафе муайан мекарданд – зеро солҳои советӣ ин ҷо нуқтаи асосии шаҳр буд, ба қавли русҳо «пятачок».

Бояд гуфт, ки ошпазони ин қаҳвахона сирри хуштаъмии чӯҷабирёнро аз соли 1964 маҳфуз дошта, ба касе ошкор намекунанд. Агар шумо баногоҳ ба шаҳри Тошканд сафар мекунед, пас ҳатман ба «Уголок» дароед, зеро дар муҳит – атмосфераи советӣ ғутавар мешавед – носталжи!

Аз бозорҳои миллӣ то Мега – мол

Ҳар нафаре, ки меҳмони шаҳри Тошканд мешавад ҳатман ба суроғи бозор меравад. Дар шаҳри Тошканд имрӯз бозорҳои калони хӯрокаю сару либос хеле зиёданд: Чорсу, Куйлук, Абу- сахӣ аз калонтарин бозорҳои ин шаҳр ба шумор мераванд. Ин бозорҳо ба бозори «Корвон»-и мо бештар шабоҳат доранд.

Ба ғайр аз ин фурӯшгоҳҳои калон ба мисли гипермаркету мега – мол низ хеле зиёд аст, ки калонтаринашон «Ташкент Сити Молл» ба ҳисоб меравад.

 «Ташкент Сити Молл» 29 феврали соли 2024 ифтитоҳ ёфта, айни замон бузургтарин дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Маълум аст, ки сару либоси брендӣ гарон аст ва харид аз чунин фурӯшгоҳҳо пули зиёд мехоҳад. Мо хуб тамошо карда, худро дар Дубаю Истамбул эҳсос намуда, бо харидани чанд намуд ширинии миллӣ роҳ гирифтем сӯи меҳмонхона.

Плотинаи таърихӣ ва туҳфаи маҳаллӣ

14.09.2025. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Барои бозгашт аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Хуҷанд мо ин маротиба гузаргоҳи байнисарҳадии маъруф ба «Плотина»-ро интихоб кардем. Ин ҳамон «Плотина»-и таърихие аст, ки газетаи СССР дар борааш хеле зиёд навишта буд. Равуои мардум назар ба гузаргоҳи «Ойбек» ин ҷо хеле кам буд, вале мошинҳои гаронвазни моломоли харбузаву тарбуз, банкаҳои консерваи помидору бодиринг ва пичиниҳо дар навбати дурудароз истодаанд. Ин ҷо ҳамон харбузаҳои калони бекободиро, ки дар Душанбе 35 – 50 сомонӣ арзиш доранд, яклухт бо тонна ва мошин мефурӯхтанду мехариданд.

 Мо аз гузаргоҳи сарҳадии «Плотина» дар муддати 8 дақиқа гузашта, вориди хоки Тоҷикистони азиз шудем. Дар ин гузаргоҳ ҳамагӣ бо эҳтиром буданду тааҷҷуб мекарданд, ки чаро мо бо дасти холӣ, яъне бе харбузаи машҳури бекободӣ – туҳфаи маҳаллӣ марзро убур мекунем, чун дар дасти ҳар нафаре, ки мегузашт ҳатман 2-3 то харбузаи калон буд. Гуфтем дафъаи оянда ҳатман харбуза харида ба редаксия меорем… 

Ҷамила Ҳусейнова,

Душанбе – Тошканд – Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube