РЕЗААХБОР

   – Шаҳрдории Душанбе ба демонтажи маҷмааи меъмории “Майдони Ғалаба” (Танка ё худ «Ослынные уши») оғоз кард: танк ба Боғи Ғалаба кӯчида, дар ҷояш эстакадаи 2-ошёна бунёд мегардад.

  – Шоҳрух Саидзода, Президенти клуби «Истиқлол» ба дарвозабони тими мунтахаби миллӣ Рустам Ятимов, пас аз бозгашт аз Қатар, мошини сабукрави гаронарзиш туҳфа мекунад!

   – Рақиби тими миллии Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа рӯзи 02.02.2024 дастаи мо бо тими Урдун, ки бо ҳисоби 3:2 бар Ироқ пирӯз шуд, бозӣ мекунад.

   – Кумитаи ТВ ва радиои кишвар гуфт, айни замон 83% аҳолии кишвар бо пахши рақамӣ фаро гирифта шудааст: ин дар ҳолест, ки мардум аз сатҳу сифати барномаҳо норозиянд!

   – Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар ҳушдор медиҳад: ҳавои сарди сербориш дар қаламрави ҷумҳурӣ то 4 феврал боқӣ мемонад.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube