(Умумият, махсусият ва фарқият)
Чун сухан дар бораи роҳҳҳои музднок равад, баъзан андешаҳое баён мешаванд, ки аз воқеият дур ва ҳатто дар баъзе маврид таҳрифшудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввали ҷоришавӣ масъалаи мазкур мунтазам мадди назари баъзе воситаҳои ахбори омма қарор дошт. Аз ҷумла, роҳбари Котиботи Шурои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор, доктори илмҳои техникӣ Бурӣ Каримов, ки он замон яке аз мунаққидони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар бобат мақола навишта, оид ба ҷорӣ шудани истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқ, набудани роҳи алтернативӣ ва ҷанбаҳои дигар андешаҳои танқидӣ баён карда буд. Аммо баъдтар назари номбурда нисбат ба «IRS» комилан мусбат гардид. Ба Бурӣ Каримов истинод намуданамон сабаб ва рамзу ҳикмат дорад, зеро агар андешаҳои зер аз ҷониби масъулини филиали ширкат иброз шавад, баъзеҳо, ки “муқтазои табиат”-ашон чунин аст, метавонанд воқеияти онҳоро зери суол баранд.
Дар яке мусоҳибаҳояш ба ҳафтаномаи “Фараж” Бурӣ Каримов тағйир ёфтани назарашро шарҳ дода, аз ҷумла зикр карда буд, ки “дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои ИДМ ин низомро ҷорӣ намуда буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS» бо он мувоҷеҳ буданд. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад
Мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ бо вуҷуди зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтанаш то кунун боиси “нигаронӣ”-и баъзе ба ном коршиносон аст. Доир ба ин масъала Бурӣ Каримов чунин гуфта буд: “Будани роҳи алетернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад. Зеро ҳар як кишвар махсусиятҳои худро дорад. Барои мисол, дар Беларус роҳи сарҳади Полша, Минск ва сарҳади Россия бе мавҷудияти роҳи алтернативӣ пулакӣ карданд. Ҳол он ки релефи Белорус дар қиёс бо кишвари кӯҳсори мо хеле беҳтар ва дар он имкони бунёди роҳи алтернатвӣ зиёдтар аст. Бояд эътироф кунем, ки дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози куҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Мисоли дигар, дар Федератсияи Россия роҳи Москва – Санкт Петербургро, ки роҳи алетернативӣ дошт, пулакӣ карданд. Аз ҷониби дигар, бо истифодаи роҳи алтернативӣ шаҳрвандон бо дарназардошти хароҷоти сӯзишворӣ, фарсудашвии автомобил ва ғайра бо мақоли халқии “хасис ду маротиба пардохт мекунад” мувоҷеҳ мешаванд”.
Бояд дарк намуд, ки чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусияти худро дорад. Баъзе ҳоло низ иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Бояд дарк намуд, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ « мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?
Сониян, мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Бо дарки масъулият мегӯем, ки давоми фаъолият зиёдшавии арзиши тарофаҳо ҳамагӣ 7 – 8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳол он ки сатҳи таваррум бояд боиси бамаротиб афзудани нарх мегардид. Тибқи муқаррарот, бояд вобаста ба болоравии сатҳи таваррум ҳар сол тарифҳо намоябандӣ (индексатсия) шаванд. Вале «IRS» дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративӣ аз ин амал худдорӣ намуд.
Дар робита ба ба масъалаи мавриди назар овардани чанд далелро бамаврид медонем:
Дар Қазоқистон айни замон зиёда 11000 километр роҳ пулакӣ аст. Дар ин бора зимни суханронӣ дар конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди роҳҳои автомобилгарди ИДМ «, ки дар Донишгоҳи давлатии техникии роҳу нақлиёти Москва доир гардида буд, Роҳдорӣ фахрии ИДМ, мушовири Ассотсиатсияи роҳдорони Қазоқистон, номзади илмҳои техникӣ Улан Токторбоевич Алипов иттилоъ дода буд. Чанде пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон чанд роҳи дигар низ пулакӣ шуд. Дар робита ба ин Қосимҷомарт Тоқаев – Президенти Қазоқистон гуфтааст:“Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ тасмими дуруст аст. Дар чунин кишвари азим танҳо аз ҳисоби буҷет роҳ сохтан ғайриимкон мебошад. Илова бар ин, Қазоқистон бояд аз ҳисоби транзит даромад гирад.”
Айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд, арзанда аст. Муҳим он аст, ки иқдоми мазкур натиҷаи хуб дода, ба ин раванд ширкатҳои муштараки франсузӣ ва тайванӣ ҷалб шуданд.
Ҳамсоякишвари мо – Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба ин масъалал бетафовут нест. Алъон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бора се сол пеш Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ дода буд. Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории бахши хусусӣ ва Давлат амалӣ шуда, беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳадафҳои асосии он маҳсуб мешаванд. Аввалин тунели пулакӣ дар ағбаи Камчиқ мавриди истифода қарор гирифта, минбаъд шоҳроҳҳои Сирдарё – Бахт, Тошкент – Самарқанд ва Тошкент-Андиҷон пулакӣ шуданд.
Амалиишавии иқдоми мазкур зери назорати ҷиддии Президенти Ӯзбекистон қарор дошта, муовинони якуми вазирони молия ва нақлиёт барои сари вақт иҷро намудан муваззаф шудаанд. Минбаъд дар ин кишвар се шоҳроҳ: Тошкент – Андиҷон, Тошкент – Самарқанд ва Самарканд – Шахрисабз пулакӣ мегарданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин кишвар корҳо дар самти ҷорӣ намудани истифодаи роҳ бо пардохти маблағ соли 2018 оғоз гардида, дар назар аст, ки қонуни алоҳидаи танзимкунандаи ин раванд қабул гардад.
Ҳамсоякишвари дигар – Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон – Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» иттилоъ дода буд.Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қирғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфта буд, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.
Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро мисол овардани мо рамзу ҳикмат дорад. Зеро онҳо кишварҳои ҳамҷавор маҳсуб ёфта, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон умумияти зиёд дорад. Аз ҷониби дигар, агар мо кишварҳои хориҷи дурро интихоб мекардем зери борони маломати баъзе «бузургон» мемондем, ки муқоисаи Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо ҷоиз нест.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
