РОНАНДАҲОРО ДАРК КУНЕД, ЭЙ МАСЪУЛИН!

 Абдуқаюм Ҷалилов, сокини ш.Душанбе, ронандаи таксӣ бо идора тамос гирифта, гуфт, ки масъулини соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бояд вазъро дарк карда, ронандаҳоро ҳам фаҳманд.

– Аз рӯзе, ки ширкати нави «Эко – таксӣ» ба фаъолият шуруъ намуд, вазъи мо – ронандаҳои таксӣ, на танҳо зардранг, балки аз сабзранг ҳам вазнинтар шудааст. Ҳоло моро низ, ки мошинҳои суннатӣ дорему чанд моҳ пештар аз ширкатҳои таксӣ бо кредит харидаем, маҷбур доранд, ки мошинҳоро дубора иваз намоему электромобилҳои нав бихарем. Ба мошинҳои таксии зардранг дигар рақам ва иҷозатномаи фаъолият надода истодаанд. Чаро дар мо вақте салла мегӯянд, ҳатман бояд калларо бурида барем!? О, магар дар қарори раиси ш.Душанбе гуфта нашудааст, ки то 1 сентябри соли 2025 бояд тамомии таксиҳои пойтахт ба электромобил гузаранд? Вақт ҳаст-ку? Пас чаро моро аз ҳоло ҷавоб медиҳанд?

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube