Сабади нони қоқ

Порчае аз китоби нави адиб ва рӯзноманигор Мухтори Абдулло, ки номи “Оташи сарди ҷанг” тариқи нашриёти “Ношир” ба табъ расид, пешкаши хонандагони рӯзномаи мардумии “СССР” менамоем.

Очаи Билайлӣ ҳар шаб дари дарвозаи ҳавлиашро қуфл намекард. «Яке шавҳарам Сафарбой омада монад, чӣ мешавад?», – фикр мекард ӯ.

Ҳарчанд аз ҷанг солҳои зиёд гузашта бошад ҳам ӯ умед дошт, ки шавҳари барнагаштааш меояд.

«Сафарбой намурдааст!», – мегуфт ӯ худ ба худ.

Молу чизи хонаро эҳтиёт мекард. Ҳатто як гову ду бузро худаш танҳо нигоҳубин мекард. Саҳарии барвақт молҳояшро гирифта ба саҳро мерафту вақти шом ба хона бармегашт. Каланд ба даст гирифта, деҳқонӣ мекард. Дар замини наздиҳавлигиаш сабзавот, аз ҷумла пиёзу картошка ва сабзиву помидор мекишт, ниҳол парвариш мекард.

Дар рӯи ҳавлӣ ду бех дарахти азими зардолу дошт. Боре зардолуҳо пӯхтанду худаш барои чидани мева ба болои дарахт баромад. Дар даст ходачӯби дароз меваҳоро меафшонд. Вақте аз дасташ ходачӯб афтод, саросема онро ба даст гирифтанӣ шуда, сарашро хам карду худро дошта натавонист. Барои рост шудан қуввати пояш нарасид ва ӯ аз байни шохаҳо ба замин сарозер рафт. Ҳамсояҳо аз оҳу нолаи зани муштипар огаҳ шуданду ӯро ба беморхона оварданд. Як моҳ дар беморхонаи марказӣ хоб карда, табобат гирифт ва сиҳат шуда, ба хона баргашт. 

Занҳои ҳамсоя ба диданаш меомаданд. Хоҳараш Биҳамида ҳам ҳар рӯз дар наздаш буд. Ашхоси ба аёдат, ба хабаргирӣ омадаро қабулу гусел карда, ба корҳои Билайлӣ ёрӣ мерасонд.

– Биё, ҳамин гову бузҳоро фурӯхта, ба манзили духтарат рав. Ҳамон ҷо зиндагӣ кун. То кай ту дар ин хона танҳо мешинӣ? – гуфт Биҳамида.

– Ту чиҳо мегӯӣ? Малол омада бошад, ту ҳам рав ба хонаат.

Ин ҳама молу чизи Сафарбой аст, ба ман амонатӣ… Ман бояд онҳоро нигоҳубин кунам. Фурӯхта хӯрда шавам айб аст. Имрӯз – пагоҳ биёяд, чӣ мегӯям? – посух дод ба хоҳараш.

Биҳамида дигар ҳарфе нагуфт. Зеро медонист, ки дигар ҳолати гап задан нест. «Боз оташаки дилаш аланга нагирад», – гуфт ӯ дар дил.

Боре дар вақти гапзанон карда нишастан, бехабар гуфт, ки шавҳарат Сафарбой дар ҷанг шаҳид шуда, дар яке аз қабристонҳои бародарӣ дафн гаштааст. Ту дигар роҳи омаданашро интизор нашуда, ба шавҳар баро…

Ин суханон дар дили Билайлӣ сахт таъсир расониду оташи баландеро ангехт.

– Шавҳари ман Сафарбой зинда аст. Дили ман гувоҳӣ медиҳад. Ин гапҳоятро дигар ба ман нагӯй. Агар ҳамин гуна гапҳоро мегуфта бошӣ, дигар ба хонаам набиё!… 

Солу моҳҳо мегузаштанду Билайлӣ интизори омадани шавҳари ҷанговараш буд. Ба рафтору кирдори ин зан аҳли маҳалла одат карда буданд.

«Ба ин зани танҳо ин қадар ранҷу азоб, ташвишу тараддуд чӣ лозим? Шавҳараш кайҳо шаҳиди ҷанги гирмон шудаву вай ба ин хабар бовар намекунад», – мегуфтанд мардуми деҳа.

Билайлӣ дар ҳавлиаш ду дар хона дошт. Дар хонаи аввалӣ мезист. Ба хонаи дарун ҳеҷ касро иҷозати даромадан намедод. Хешу табораш ҳайрон буданд. «Дар он хона чӣ чизро пинҳон карда бошад?», – меандешиданд онҳо.

Як рӯз вазъи саломатии Билайлӣ хеле вазнин шуд. Чанд нафар аз пайвандон ба сари болинаш омаданд.

Ногаҳ кампир ба гап даромаду гуфт:

– Дар хонаи дарун сандуқ ҳасту дар даруни он ҳама бисоти ман. Барои роҳи охиратам анҷомҳои заруриро ғун карда мондаам. Рӯзи маргам, мабодо он чизҳоро аз ягон ҷо ҷустуҷӯ накунед. Лекин хоҳиш дорам, ки ба дигар чизҳоям даст нарасонед. Агар ягон рӯз Сафарбойи ман биёяд, соҳиб ҳамон…

Баъди ҷон ба ҳақ супоридани Билайлӣ дари он хонаро кушоданд. Сандуқ пури лавозимот, матоъу либосворӣ, рӯймолу ҷомаҳои нав буд. Дар як бандчаи латтапеч як миқдор маблағ ҳам будааст.

Аммо ҳамаро дидани чор – панҷ сабади нони қоқ, ки ба шифти хона мехи калон зада, бо сим овезон карда шуда буд, ба ҳайрат овард.

– Дар ин замони сериву пурӣ ин кори холаи Билайлиро, бинед-а? – гуфт Тоҷинисо, як хеши наздики кампир.

– Ман акнун ба маънии суханони ин зани муштипар расидам, ки мегуфт: «Замоне қаҳтиву гуруснагӣ буд. Мо ба як пораи нон зор будем, аммо афсӯс, ки имрӯз нон хору зор, зери пой аст. Духтарам, нагузоред, ки нон хор шавад, онҳоро қоқ карда монед. Мабодо боз ҳамон рӯзҳои сахту наҳс наояд…».

Аз шунидани ин суханон ҳама ба андеша рафтанд.

– Илоҳо, дигар ҳеҷ кас рӯзҳои сахтиву қаҳтӣ, ҷангу ҷидол, марги ҷавонмардон ва фироқу ҷудоиро набинад! – гуфт холаи Биҳамида.

Нонҳои қоқи сабадҳои овезон дар шуои нури офтобе, ки аз тирезаи хона ворид мегашт, ба назар гарму лазиз метобиданд…

 Мухтори Абдулло,

Журналист

Пас аз нашри силсилачоеркҳои портретии иштирокчиёни ҶБВ дар СССР, хонандагони зиёд аз мо суол мекунанд, ки чаро муаллифро шинос намекунед? Ҳама кор вақту соат дорад ва инак он соат фаро расид. Шинос шавед:

Тарҷумаи ҳол

Мухтори Абдулло 18 январи соли 1967 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара таваллуд ёфтааст.

Соли 1991 факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербурги Федератсияи Россияро хатм намудааст. 

Дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба фаъолият оғоз намудааст. Солҳои 1999 – 2014 мухбири махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд буд. Ҳамзамон, солҳои 2000 – 2003 дар шӯъбаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба донишҷӯён сабақ омӯзонидааст.

Солҳои 2010 – 2014 тибқи қарорҳои раиси вилояти Суғд дар вазифаҳои масъули мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, роҳбари Хадамоти матбуоти Раиси вилоят, мудири бахши котиботи Раиси вилояти Суғд фаъолият дошт.

 Соли 2014 – 2021 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» буд.

Аз 22 феврали соли 2021 то ин дам тибқи қарори Раиси вилояти Суғд дар вазифаи мудири шӯъбаи коргузорӣ ва протоколи дастгоҳи раиси вилоят фаъолият менамояд.

Маҷмӯаҳояш таҳти унвонҳои «Атияи умр», «Лолаи хуршед», «Сухани солеҳ» ва “Оташи сарди ҷанг” ба табъ расидаанд.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо Ифтихорномаҳои раиси вилояти Суғд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, медали ҷашнии «100 – солагии матбуоти тоҷик» қадршиносӣ шудааст.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube