САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА БАДАХШОН

Рӯзҳои 15 – 18 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ боздид ба амал оварданд. Бояд гуфт, ки зимни ин сафар як қатор иншоот ва объектҳои нави ҳаётан муҳим ифтитоҳ гардида, ба бархе аз лоиҳаҳои калони минтақавӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Муҳимтар аз ҳама ин сафари Сарвари давлатро мардуми меҳмоннавози Бадахшон бо самимияти хосса ва рӯҳияи идона пешвоз гирифтанд, ки офаринашон бод!

Суратгузориши вежаи СССР аз ин сафар ва ифтитоҳи иншооту объектҳои навро нашр карда, бори дигар мехоҳем ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва хориҷ, дӯсту душмани хоназоду зархарид, нишон диҳем, ки тамомии минтақаҳои Тоҷикистон бомаром ба пеш, сӯи рушди устувор ва тараққиёт қадам ниҳода истодаанд. Мо Метавонем!

Ифтитоҳи “Майдони ромишгарон” дар ноҳияи Дарвоз

Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи Кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии НБО “Себзор”, хатҳои интиқоли барқи 110 киловолтаи “Себзор-Хоруғ”, “Ванҷ-Рӯшон” ва неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб

Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Роштқалъа

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ВМКБ

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли пойафзол дар шаҳри Хоруғ ва боздид аз намоиши маҳсулоти он

Ифтитоҳи бинои истиқоматии 12-ошёна дар шаҳри Хоруғ      

СССР

 PS: Хотиррас мешавем, сафари расмӣ маҳз навоҳии Дарвозу Ванҷу Роштқалъаву Хоруғро дар бар мегирифт ва чандин моҳ пеш матраҳ шуда буд. Зимнан бофтаҳои тахаййули маризи бархе аз «фаолони ҷамъиятӣ» ва «зархаридон», ки «чаро Президент ба фалону фулон ҷо нарафт?», танҳо фантазияи касали онҳост. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube