Се китобе, ки дар он ғурур шуур ва ифтихори миллист

Ба қаламкаши таърихнигор устод Бароти Абдураҳмон, ки солҳост умри пурбаракати худро сарфи навиштани романҳои таърихӣ кардаву карда истодаанд, дуруд хоҳам гуфт! Китоб моро ошно кард. Албатта, ки ошнои хуб. Ва эҳсос мекунам, ки наберавор дӯстам медорад ва гоҳ-гоҳе муҳаббат (сюрприз)-ҳои ногаҳонӣ низ мекунад.

Шиносоии мо аввал тариқи фейсбук сурат гирифт ва баъдан аз наздик. Романи таърихии «Исмоили Сомонӣ»-ро ҳанӯз пурра тамом накарда, рӯзе маро ба хонааш даъват карду аз нақша ва хостаҳояш баён намуд. Ман, ки то ин дам китобҳои «Куруши Кабир», «Камбуҷия» ва «Нимароҳи аъроф»-ашро хонда, устодро аз дурӣ мешинохтам, акнун аз наздик шинос шудам.

Хоҳиши устод чунин буда, ки бояд тарҳи муқоваи романи «Исмоили Сомонӣ»-ро пешниҳод мекардам. Баъди гирифтани супориш ва 5-6 китоби армуғонӣ Худоҳофизӣ кардем. Даҳ рӯз пас чор намуна пешниҳод кардам (он намунаҳоро ба чанде аз дӯстони дигар ҳам нишон дода будам, чун одати ҳамешагӣ) ва устод он ҳамаро гирифта, ба нашриёт бурду дар ниҳоят якеро интихоб карданд.

Китоб дар нашриёт хело зиёд ист кард ва устод, ки он замон саргарми навиштани романи дигаре буд аз ин хотир ба чоп шудану нашудани китоб чандон пофишорӣ намекард. Гоҳ-гоҳе мепурсидамаш дар ҷавоб мегуфт: Вазифаи ман навиштан буд, ки навиштам, онтарафаш вазифаи масъулони нашриёт ва чопхона.

Пешниҳоди сохтани муқоваи китоби дуюм «Вопасин подшоҳи Сомонӣ – Мунтасир» ба миён омад. Бо гузашти чанд рӯзе 3-намуна омода карда фиристодам. Тақдири ин китоб ҳам мисли китоби пешин шуда, якпаҳлӯ зад. Аз байн чанд моҳи дигар гузашту устод боз ба хонаашон даъват кард ва атрофи китоби сеюм «Дорои Бузург» сӯҳбат кардем. Гуфт: Насиб бошад, ин китобро аз ҳисоби худам чоп мекунам ва зуд, чун нашриётҳо чандон пуле надоранд.

Ҳақиқатан ҳам дар наздиктарин фурсат романи таърихии «Дорои Бузург», ки аз ҳисоби худи устод буда чоп ва пешниҳоди хонанда гардид ва баъди чанде он ду романи хобрафтаро низ пайиҳам аз ҳисоби фарзандон чоп кард. Сипос ба фарзандони хуби устод, ки заҳматҳои шабонарӯзии падарро қадр карданд ва мекунанд.

Ҳарсеи ин романҳои таърихӣ, ки заҳматҳои чандсолаи устодро дарбар мегиранд – иборатанд аз худшиносӣ ва ғуруру шууру ифтихори миллӣ. Албатта, ки пешниҳоди чунин қаҳрамонҳо ва китобҳо, ки пурра ифодагари рӯҳияи миллӣ бошанд, дар замони Шӯроӣ чандон мумкин ва хушоянд набуд. Устод Сотим Улуғзода умре дар орзуи навиштани романи Исмоили Сомонӣ ва Оли Сомон буда ва кӯтоҳ-кӯтоҳ қайдҳои зиёде ҳам дошта, аммо аз сиёсати давр чандон боварӣ надошт. Баъди пош хӯрдани давлати овозадори Шӯроӣ имконияти навиштан буд, аммо дигар мадораш намонда буд. Ба қавли устод Рӯдакӣ:

Асо биор, ки вақти Асоу анбон буд.

Хушбахтона он ормони устод Улуғзодаро (бо қайдҳои намудааш) шогирди заҳматкашаш Бароти Абдураҳмон баъди 30-35-сол амалӣ намуд ва албатта, ки бо ин кори нек ва хайр шогирд рӯҳи устодашро низ шод гардонид.

Ба таърихнависи пуркор ва пурсабр устод Бароти Абдураҳмон саломатӣ, хотирҷамъӣ ва андешамандии қавиро аз даргоҳи Офаридгор таманно мекунам ва барои офаридани чанде аз романҳои ормонии таърихии дигар комёбиҳои беназир хоҳонам.

Тоҳир Назар,

барои ҳафтаномаи СССР,

15.12.2025

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube