СЕЛ ДАР КӮЛОБ: марги 3 нафар ва зарар ба 850 манзили зист

Шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои аввали моҳи май ба як марҳалаи санҷиши ҷиддии табиат рӯ ба рӯ гардид. Боришоти шадиди пайдарпай, ки чанд шабонарӯз идома ёфт, боиси омадани сел ва обхезӣ дар як қатор маҳаллаҳои шаҳр гашт. Ин офати табиӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ, роҳҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ хисороти назаррас ворид намуда, зиндагии ороми сокинонро муваққатан халалдор кард. Аммо, чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, дар чунин лаҳзаҳои душвор, ҳамбастагӣ, масъулият ва омодагии сохторҳои давлатӣ ва худи мардум нақши ҳалкунанда мебозад.

 Бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, бо вазъи баамаломада аз наздик шинос гардиданд. Ин боздид на танҳо як иқдоми назоратӣ, балки паёми равшан ба мардум буд: -Президенти кишвар ҳамеша дар канори шаҳрвандони худ қарор дорад.

Мо Метавонем!

Фоҷиае, ки дарс медиҳад

Шаби 1 май бар асари боронҳои шадид ва омадани сел, об ба маҳаллаҳои шаҳр ворид шуда, роҳҳо ва кӯчаҳоро зери лойқа гирифт. Дар баъзе мавридҳо, об ба хонаҳои сокинон даромада, молу мулки онҳоро хароб кард. Воқеан ҳам ин ҳамон мавзеест, ки қариб ҳамасола сел меояд. Раисони шаҳру ноҳия иваз мешаванду сел такрор мегардад. Яъне барои куллан аз байн бурдани фоҷеа, БОЯД масъулин чораҳои дигар андешанд…

 Мутаассифона, ин ҳодиса бе талафоти ҷонӣ нагузашт. 3 нафар сокини шаҳр ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шуданд. 2 нафар аз фавтидагон Абумуслим Давлатови 44-сола ва Набиамон Фозилови 58-сола, зери девор монда, ҷонашонро аз даст доданд. Як фавтидаи дигар Мирзо Мулониёзови 45-сола, аз зарбаи ноқили барқ ҳалок шудааст.

Дар пайи боридани борони сахт, сел ба 850 манзили зист даромад. Ин хонаҳо дар маҳаллаҳои Хати роҳ, Қурбон Зардаков, Нонбойи поён, Суғдиён, Заринкуҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии Истиқлолият, Саросиёб, Мадином Ибронов, Панҷосиёб ва Файзободи болои шаҳри Кӯлоб ҷойгир ҳастанд. Ҷои зикр аст, ки ин маҳаллаҳо дар сари роҳи сойи селбури Шуробод, маъруф бар Самбақахона наздиканд ва ҳамасола сел аз ҳамин ҷо мегузарад.

Ин талафот бори дигар аҳамияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва зарурати тақвияти чораҳои пешгирикунандаро таъкид мекунад.

Давлаталӣ Саид бо мардум аст!!!

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, нақши роҳбарият махсусан муҳим менамояд.  Қобили таъкид аст, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз соатҳои аввал дар маҳалли ҳодиса ҳузур дошт. Ҳатто ҳамон шаби боришоти шадид, вақте ки вазъият мураккаб буд, ӯ дар канори мардум қарор гирифта, ҷараёни корҳои наҷотдиҳӣ ва кумакрасониро шахсан назорат мекард.

Ин амал танҳо як вазифаи хизматӣ набуда, балки намунаи равшани масъулиятшиносӣ ва садоқат ба мардум мебошад. Сокинон низ чунин муносибатро бо эҳтиром ва қадрдонӣ пазируфта, онро ҳамчун пуштибонии воқеӣ арзёбӣ мекунанд.

Ҳузури роҳбар дар канори мардум дар лаҳзаҳои душвор ба сокинон неруи маънавӣ бахшида, боварии онҳоро ба фардои беҳтар тақвият медиҳад.

Тадбирҳои фаврӣ: ҳар дақиқа қимат дорад

Аз лаҳзаҳои аввали рух додани офат, тамоми сохторҳои дахлдор ба ҳолати омодабош гузошта шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, хадамоти коммуналӣ, воҳидҳои наҷотдиҳӣ ва дигар сохторҳо ба бартарафсозии пайомадҳои сел сафарбар гардиданд.

Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода зимни боздид таъкид намуд, ки набояд ягон соат аз даст равад ва ҳар як масъул вазифаи худро бо эҳсоси баланди масъулият иҷро намояд.

Ба масъулон дастур дода шуд, ки, тозакунии маҳаллаҳо ва кӯчаҳо бо суръати баланд анҷом дода шавад; роҳҳои харобшуда барқарор гарданд, таъмини ҳаракати бемонеаи нақлиёт ба роҳ монда шавад, хизматрасониҳои барқ, об ва дигар инфрасохтор зуд барқарор карда шаванд.

Техникаи махсус, аз ҷумла эксковаторҳо, булдозерҳо ва мошинҳои обкаш ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, барои тоза намудани кӯчаҳо ва манзилҳо истифода бурда шуданд.

Дастгирии аҳолӣ меҳвари сиёсати иҷтимоӣ

Дар маркази диққат, пеш аз ҳама, инсон ва амнияти ӯ қарор дорад. Бо ин мақсад, гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуда, ба ҳар як оилаи зарардида, бо дастури Сарвари Давлат, кӯмак расонида мешавад.

Ба сокинон маводи ғизоӣ, оби нӯшокӣ, либос ва дигар ашёи зарурӣ тақсим гардида, ҳамзамон ёрии тиббӣ ва равонӣ низ таъмин карда мешавад. Табибон дар маҳалҳо навбатдорӣ намуда, ба шахсони осебдида ёрии аввалия мерасонанд.

Сокинони минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, барои онҳо шароити муваққатии зист муҳайё карда шудааст. Ба иттилои масъулон, садҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон ва пиронсолон, ба маконҳои амн интиқол дода шуданд.

Корҳои барқарорсозӣ аз субҳ то шом

Имрӯз дар маҳаллаҳои зарардида фаъолияти пуршиддат идома дорад. Сокинон дар баробари кормандони сохторҳои давлатӣ ба тозакунии хонаҳо ва кӯчаҳо ба тариқи ҳашари ихтиёрӣ машғуланд. Ин ҳамбастагӣ нишон медиҳад, ки ҷомеа дар чунин ҳолатҳо муттаҳид мегардад.

Тоза кардани лойқа, барқарор намудани роҳҳо, таъмири шабакаҳои барқ ва об ҳамаи ин корҳо ба таври муттасил идома доранд. Мақсад як аст, ҳарчи зудтар баргардонидани зиндагии муътадили мардум.

Вазъ дар дигар минтақаҳо: огоҳӣ ва эҳтиёт

Боронгариҳои шадид дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба қайд гирифта шуданд. Дар ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷ сел ба заминҳои кишоварзӣ ва манзилҳо зарар расонд.

Дар баъзе мавридҳо, хатари фурӯравии замин ба вуҷуд омада, сокинон ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи пешгирии офатҳои табиӣ бояд ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта бошад.

 Иродаи қавӣ кафолати пирӯзӣ

Офати табиӣ, ҳарчанд мушкилоти зиёд ба бор овард, аммо ҳамзамон як ҳақиқати муҳимро собит кард, ваҳдати давлат ва мардум қодир аст ҳар гуна озмоишро паси сар намояд. Ҳузури роҳбарон дар канори мардум, аз ҷумла иштироки фаъоли раиси вилояти Хатлон дар ҳамон шаби душвор, нишон медиҳад, ки давлат масъулияти худро дар назди шаҳрвандон бо тамоми ҷиддият эҳсос мекунад. Имрӯз Кӯлоб дар марҳалаи барқарорсозӣ қарор дорад. Бо заҳмати шабонарӯзии кормандон ва ҳамбастагии сокинон, ин шаҳр ба зудӣ ба ҳолати муътадил бармегардад. Кӯлоб имрӯз рамзи сабр, мубориза ва умед аст. Ва ин умед бо дастгирии давлат ва иродаи мардум бешак ба натиҷаҳои нек хоҳад расид. Мо дар паҳлуят ҳастем Кӯлоби нозанин. Мо Метавонем!

Қосимзода Нуриддин,

СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube