ШАҲРИНАВ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ГУЛОБ

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи истеҳсоли гулоби ҶДММ «Тоҷик табиб дору роз» ифтитоҳ гардид.

Тавре дар МИҲД н.Шаҳринав ба мухбири СССР итиллоъ доданд, сохтмони корхонаи истеҳсоли гулоби ҶДММ «Тоҷик табиб дору роз» соли 2018 оғоз гардида, масоҳати иншооти он 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд. Корхона дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ба маблағи 7 миллион сомонӣ аз давлатҳои Эрону Булғористон ва иҷрои корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ бунёд гардида, 5 номгӯй маҳсулоти табобатӣ ва шифобахш истеҳсол менамояд.

Истеҳсол ва коркарди ашёи хоми ин корхона аз гули садбарги навъи роза ва лавандаи аврупоӣ ба роҳ монда шудааст. Дар майдони 27 гектар ин намудҳои растаниҳои нодир парвариш шуда, зиёда аз 120 сокини ҷамоат ба таври мавсимӣ дар ин корхона ба кор ҷалб карда мешаванд.

Омирона Достиева, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube