Имшаб аз ТВ Россия 1 хабар рафт, ки дар бораи ким-кадом нафаре бо номи Синеглазов сухан мегуфт. Ба забони худамон Чашмкабудов…
Русҳо насабҳои Козлов, Зайцева, Винокур, Виноградов, Быков ва ғ. ва ҳ. зиёд доранд. Дар Тоҷикон низ ин унвону ному насабҳо роиҷ буданд, ки мисоли барҷастааш Сангак, Гургалӣ, Хоркаш, Хаскаш, Ғулом, Достӣ, Хошок, Хаскапа ва ғ. мебошанд. Инҳо сифати авлодӣ буданд. Вале дар даврони Истиқлол кадоме нахост номҳои мо сифатӣ бошанд ва аз ин асмои гӯшнавоз канор гирифтем.
Гурги Бег ном сарояндаи хубе доштем, ки аз радарҳои ТВ ва Радио ғайб зад. Шон номашон зебанда набудааст! Бечора маҷбур шуд, номашро иваз намояд ба Ҳабибуллои Бегмуҳаммад, то ба саҳна дубора раҳ ёбад. Ҳарчанд ном дигар ҳам шуд, ҳунар тағйир намебинад. Вале ба кӣ мегӯй?!-гуфти Одина Ҳошимов
Номҳои сифатии Тоҷикиро ҳатто дар Китоби тавсияи ному насаб ҷо накардем. Ҳол он ки ин номҳо маъмулану табъану зотан Тоҷикӣ буданд.
Дар соли 1991, вақте Раҳмон Набиев, номзад аз оппозитсияи ҳукумати вақт-Давлат Худоназаровро шикаст додаву президенти ҶТ интихоб гардид, қозӣ Тураҷонзода, ҳини савгандёдкунии ахирӣ, ӯро мазаммат карда, номашро Абду-р-Раҳмон Набиев гирифт ва афзуд, ки «Раҳмон номи Худост ва банда набояд Худо ном дошта бошад, балки абд, яъне ғуломи Худо бояд буда бошад!».
Ва дигар сар шудееее… Ҳама Раҳимҳо Абдурраҳим шуданду Раҳмонҳо Абдурраҳмон ва Ғаффору Ғафурҳо мутаносибан Абдуғафуру Абдуғаффор. 1 нафаре ҳам ёфт нашуд, дар тули 33 соли ин моҷаро, то ба қозӣ ва боқӣ муллоҳо гӯяд, ки муҳтарам до (и после) муллоҳо вожаи раҳмон, раҳим, ғаффор, раззоқ, ҷаббор, саттор… сифоти Худои Бузурганд, на исми Ӯ.
Ва ин ки мо Раҳмону Раҳиму Саттору Ғаффор ном мегузорем, ҳаргиз ба номи Худо дастдарозӣ карданҳо нест. Ин сифотест, ки мехоҳем ҳамин фарзандамон пайвасти он бошаду бас ва чунин номҳо ҳазорсолаҳо дар таърихи номгузории мо роиҷ будандӣ. То ин ки шумо дахл накардед… Нафаре нест аз ин қозиву муллоҳо пурсад, ки агар Абдурраҳмон фарз бояд бошад, пас чаро Раҳима Абдурраҳима намегардад?
Модари бузургворам ҳамеша 1 масалро корбаст мекард, ки «Масҷид набуд намоз раво буд!». Дар даврони шуравӣ, ки воқеан ҳам масҷид ё на буд ва ё буду кам буд, ба таъбири ин мақол сарфаҳм намерафтам. Илло, баъди истиқлолияти давлатӣ, ки масоҷид зиёд шуду байни масҷидҳо ва муллоҳо барои клиент, мизоҷ, мурид…кашмакашҳо шуруъ гардид. Ҳоло аксарият кӯшиш доранд, ҳамон масоҷиди деҳаву кӯчаашонро, ки анде пеш баста шудаанд, боз кунанд. Ба хотири чӣ? Ба ин хотир, ки фикр доранд, дар кӯчаву деҳаву гузари худашон намоз хонанд, мақбултару писандидатар аст.
Вале баргардем сари вожаи дӯстдоштании мо ъАБД. Рӯ орем ба луғати маъмулии интернетӣ, ки чӣ мегӯяд:
абд عبدъабд –арабӣ, исм, банда, ғулом
Саъдӣ, ризои дӯст талаб кун, на ҳавзи хеш,
Абд он кунад, ки раъйи худовандгори ӯст!!!
Абд ба маънии ғуломи ҳалқабаргӯш аст. Вале ин ки “арабист!!!” мо шарафмандона ба атфоли худ номи ғуломӣ мегузорем ва дарк ҳам намекунем, ки ном нисфи ҳусн ва 70 дарсад хӯю хислати тифлро инъикос хоҳад кард.
Ва ҳамин аст, ки атфоли мо бузургтарак шудаву автоматӣ ғуломи арабзадаҳо мегарданд. Аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар фирор мекунанд, вале бо амри ким-кадом сакалтуи арабзадае худро мекушанд, метарконанд, ҷиҳод мекунанд ва ғ ва ҳ.
Рӯиҳамрафта, 1 миллати бузург аз А то Я аз вожаи тоҷикии ин исм рӯ тофтем. Ба фикрам охирин нафаре, ки Ғулом ном дошту бо номаш ифтихор ҳам мекард, ҳамин Бобои Ғуломи таърихиву тавсифии мо буд, ки шарафи номи Тоҷикро то Рейхстаги Германия гирифта бурд. Ҳоло ғуломи тоҷикӣ айб аст, вале ғуломи арабӣ, ҳамоно абд, барои якояки мо шараф ва ифтихор.
Ин ҷо 1 қиссаи хандарез, вале дар асл мағзшӯӣ ёдам омад. Ҳамин Бобои Ғуломи мо дар 90-солагияш намозхон мешавад. Баъди 2 рӯз ба масҷиди гузарашон рафтан (он замон ҳар кӯчаву хамгашу қишлоқу деҳа масҷиди алоҳидаву эмоми вежа будӣ), чунон ба афсуни муллобачаи салафӣ меафтад, ки баъди адои намози шом ба хонаи 1 мӯсафеди дигаре, ки низ мисли худаш алон намоз намехонд, омада, дарро тақ-тақ зада мегӯяд:
-Агар пагоҳ ба масҷид нарафтӣ фалону бисмадон…мекунамат!
Чун аз Бобои Ғулом, ки дар умраш ғайри Гитлер дигар касеро дашном намедод, мепурсанд, “чаро ин ҳамсояро хафа кардӣ?”, бо ҳамон якрӯягие, ки дошт мегӯяд:
-О, мулло гуфт, 1 нафарро намозхон кардӣ, биҳишт меравӣ…
Просто савол, ҳамин муллоҳо аз куҷо медонанд, кӣ биҳиштисту ким дузахӣ??? О, муҳимтарин ва маъмултарин сифати Худои мо Раҳмонияту Раҳимият бошад, пас инҳо бар бахшишу бахшояндагии Ӯ шубҳа намегузоранд? Шоир аст, ки мегӯяд:
Чу дарёи раҳмат талотум кунад,
Гунаҳ соҳиби хешро гум кунад!!!
Имрӯз амру дастури хубе дар кишвар роиҷ гардид, ки ришу сатру ҳиҷоб, либоси ғайр ва фарҳанги хавориҷро манъ месозад. СССР 17 сол аст, дар саргаҳи ин ҳарб қарор дошт ва хушам омад, ки бонги изтироби мо ахиран то бар гӯши вакилони парлумони кишвар рафта расид. Ҳарчанд ин парлумони профессионал ин тасмимро бояд то террори Крокус Сити Холл мегирифт. Зеро илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ гуфтаанд. Ҳоло мо ришҳои ҷавононро аз манаҳашон метарошем, вале риши дарунии ишонро ким метарошад? Суолест риторикӣ.
-Риши муъмини мазҳаби ҳанафӣ набояд бар мӯи бадани муъмин расад! – Ин ҳушдори падари бузургвори банда, Эшони Мизробро на танҳо ман, ки аксарияти бошандагони кӯчаи Куйбеши номии Кӯлобшаҳр нек дар хотир доранд. Ва аксаран аз рӯи ҳамин дастур амал мекардем. Риш бояд кутоҳ бошад, на дар ноф кашол. Вале чун зимоми ҳукм аз дасти эшону муллоҳои таоруфӣ рабуда шуд, дар ҷамъият бенизомӣ тавлид гардид.
Дур намеравем, агар дар соли 1992 мулло Ҳайдар Шарифзода бар дифоъи мазҳаби ҳанафия барнамехест, наҳзатиён ин давлатро ба хоку хун мекашиданду аз сивилизатсияи кунунӣ гарде намемонд. Вале баробари фурӯ нишастани фитна, аввалин коре, ки кардем, минбарро боз ҳам аз дасти муллоҳои суннатӣ, ҳанафӣ ва ба давлат содиқ гирифтем.
Русҳо мегӯянд, ки “Свято место пусто не бывает!” – Ҷои муқаддас холӣ намемонад. Имрӯз фикр дорем, минбар, ки мулло надорад, пас гӯшҳои мо орому ҷамъияти мо тинҷ аст. Киро фиреб медиҳем? Имрӯз мубаллиғини терроризму экстремизм аз роҳу усули ба онҳо эътокардаи падарони маънавии хеш – олимони Ғарб корбаст мекунанд. Муллоҳо дигар интернету сайтҳои иҷтимоиро бар минбар тарҷеҳ додаанд. Ва ин ки ҳамарӯза ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки динашро иваз кардаву зардуштӣ шудааст, таҳдид мекунанд, натиҷааш ана ҳамин тағйири вазъ асту бас.
Кай мақомоти амниятиву қудратӣ бар ин ҳақиқати кӯчак дармерасанд, ки решаи фитнаро дар интернет бояд хушконид? Риши ин мардумро дар интернет бояд тарошид???
Фарзи мисол, нафаре бо исми Умари Форуқ солҳост ҷамъияти моро дар террори маънавӣ қарор додааст. Аксарият ҳатто медонад, ки ин Форуқ зодаи кадом деҳаи Кӯлобшаҳр аст, вале мақомот қудрати дастгиру таслиму ҷазои ин нафарро надоранд. Ҳол он ки чанде пеш, ҳамон Абудқодири Абдуқаҳҳор ҳатто акси ин чеҳраи манфурро нашр кард. Баъди ҳамон Умар ғайб зад, вале ҳоло боз пайдову фаъол гаштааст.
Воқеан ҳам хеле аҷиб аст, ки барои 1 ЛАЙК зери гуфтаҳои ин форуқҳо метавон зиндонӣ шуд, вале худи нафаре, ки ҷамъиятро такон медиҳад, ба ҳоли мо хандида гаштааст.
Аҷобати дигар ин аст, сайтҳоеро, ки расман дар мо иртиҷоӣ, экстремистӣ ва чеҳраи барандаҳояш мамнуъ эълон гаштаанд, дар ҳама сатҳҳо мехонанд. Тамошо “статя” надораду лайк доштааст? Фаромӯш накунед, нафароне, ки ин сайтҳоро тамошогаранд, аллакай набояд дар ҳукумат кору фаолият кунанд. Ҳол он ки бархеҳо аз ин сайтҳо иқтибосҳо копӣ-нусхагирӣ карда, бар ҳамдигарӣ мефиристанд. Кӣ, ким, кто дар ин моҷаро форуқ шуда метавонад?
Воқеан ҳам Форуқ исм нест, сифат аст ва ба маънии фарқкунанда омадааст. Муллоҳо инро ба фарқкунандаи ҳалолу ҳаром, ҳақ ва ботил нисбат медиҳанд, ки чун ҷаҳонбинияшон, маҳдуд аст. Форуқ, яъне фарқкунанда, фарқгузор, бакалла, ботадбир, баақл гуфтанӣ гап аст. Ин сакалтуи худро Умари Форуқ унвон гузошта, ба ҳадде бесавод аст, ки намедонад худро кӣ ва ё чӣ мехонаду чӣ қадар узру гуноҳ ҳамарӯза бар худ кас кардан дорад.
Ин ҳоло чист? Нафареро медонам, ки солҳои 90-ум худро Шамшери Қутайба ибни Муслим мехонд. Ҳоло арақ мехӯраду галстук дорад. Ун вақт қутайба намешуд, вазифааш намедоданд. Мисле, ки мулло Абдурраҳим, ки аз риш чун аз дин ҳифозат мекарду дар риши кулула тар будӣ, ҳоло риш надорад…
Чунин дурӯяҳо пуранд. Сифаташон ҳам ин аст. Зимнан ҷавонони азиз, қабл аз оне, ки бар доми ин бесаводҳое меафтед, ки шуморо ба Биҳишту Ҷаннат бурданиянд, ҳамагӣ 1 суол аз онҳо кунед:
-Мулло худат дӯзахиӣ ё биҳиштӣ???
Пешопеш мегӯям, дар мазҳаби мо ва куллияи динҳои роиҷи Худовандӣ, ин суол посух надорад! Зимнан, ҷони ман, бародари қанди мо, нафаре, ки намедонад худаш куҷо хоҳад рафт, чигуна туро биҳишт хоҳад бурд?
Ҳафтаи пор мавъизаи басе хуби Ҳоҷӣ Мирзо Ибронзода тариқи интернет пахш гардид, ки мегуфт, ин муллоҳои таксӣ-биҳиштбарак барои ёфтани 1 ҷавони камхиради ифротӣ то 50000 доллари амрикоӣ подош мегирифтаанд ва фарзанди ягонтои онҳо ҳаргиз ҷиҳодиву террористу маргталаб набудааст. Пас, мепурсид, хоҷӣ Мирзо, “чаро онҳо бачаҳои худро неву шуморо ба биҳишт мебурдаанд?”.
Суол риторикӣ нест, хонанда. Суоли одӣ барои ақлҳои миёнадаврист. Мо Метавонем!