ТЕРРОРПАРАСТОН

Баски бар гуфта пушаймон будаам,

Баски бар ногуфта шодон будаам!!!

Моҷарое, ки 12 рӯз дар Фейсбук давом дорад, маро зиёд хаста, афгор, дилшикаста ва нигарон кард. Зеро бо бесаводии том ва андешаҳои хом, сегменти тоҷикии ФБ дар Телеграмм, Вотсап, Ютуб, Месеннҷер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ собит намуд, ки мо миллати … террористпараст шудаем!!!

90 фоиз бештар, ки кам на, корбарони ба ном фаъоли ҷомеа, террористони «Крокус Сити Холл»-ро сафед карданд. Ин чӣ буд? Фитна! Фитнае, ки ИГИЛ, ДОИШ, мубаллиғини экстремизму терроризм, бо шумули хадамоти таҷассусии Аврупо, Амрико ва Укроин миёни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ангехтанд. Бисёр мутаассифам, ҳатто онҳое, ки ман гули сари сабади ҷамъият ва охирон платсдарми дунявият дар кишвар ҳисоб мекардам, низ пӯстинро чаппа пӯшидаву ба ҳифзи террористон садо баланд карданд.

Чунин суфтаст дар ҳикмат, Аристотоли Юнонӣ:

Сухан пур кун ту аз дониш, ба доно гӯ, агар донӣ,

Сухан дуррест пинҳонӣ, сухан шерест зиндонӣ,

Замоне дар тафаккур беҳ, ки умре дар пушаймонӣ…

Шоиронамон дар васфи ин «мӯсичаҳои бегуноҳ» мадҳия мегуфтанду лже-сарояндагони навбаромад суруд мехонданду адибон қиссаву эссеи ғамангез мепартофтанду журналистону санъаткорону равоншиносон акси ба гуфти худашон «маъсумакони бо чашмакони зебо, ки ҳич бовар намеояд инҳо террористанд ва ҳам нестанд!»-ро бар хизонаи интернет мерехтанд. Рӯиҳамрафта, сегменти тоҷикӣ бори гунаҳи ин террорро, ки мутаассуф, бо дасти 4 тоҷики худозада роҳандозӣ шуда буд, кори дасти ФСБ, ҳукумати Русия хонда, ба думболаи доми гузоштаи журналистони русзабони укроинӣ, русзабон-яҳудиёни Олмону Англияву Фаронса ва диверсанту «иноагентҳои русӣ» Кремлро дар он муҷрим мекарданд. Инҳо, ки аз илми сиёсат ва маърифати дипломосӣ ва хирадгароӣ ҳазорон фарсах дуранд, зери лайку қарси душманони миллат, он қадар аз худ рафтанд, ки ҳар нафареро, ки дигарандеш будӣ, мавриди танқиду таҳқир, дашному сақат қарор медоданд.

Аксарият матлаби таҳлилии газетаи СССР-ро, ки ин 4 нокаси террористро ЧМО мехонд, мазаммат ва нависандаи мақола Ҷ. Ҳусейноваро гирифтори хушунат ва озори лафзӣ қарор доданд. Ҳатто сару садоҳо зиёд шуд, ки «Шурои матбуот», ниҳоде, ки гранти хориҷӣ мехӯраду бо ВАО-и миллӣ ягон дахле надорад, моро мавриди таҳлилу тафсир қарор диҳад.

Хуб ин Шуро бояд чӣ кор кунад (бовар дорам аллакай сар ҳам кардааст)? Барои «чумо» хондани 4 нокасе, ки 144 одами бегуноҳро бо шумули занону кӯдакон куштаву оташ задаву 550 тани дигарро маҷруҳ карда, бузургтарин қасри фарҳанги Маскав (Русия)-ро сӯхтанд, газетаи мардумиро ба додгоҳ кашад? Мо бовар ҳам дорем, ки зери таъсири спонсорҳо ин Шур(б)о ба ҳар коре қодир аст. Вале суҳбат сари хомии сиёсии худамон меравад…

СССР танҳо баъди оне, ки оташи фитна бар осмонҳо дакка хӯрд ва лжепатриотҳо қотеъона аз мо талаб мекарданд, ки мавқеи худро равшан созем (яъне мисли ишон тарафи террорро гирему бар ин «маъсумакони паричеҳраи бегуноҳ» мадҳия сароем) навишт, ки дар ягон асру замон газетаи мардумӣ ҷониби террорро намегирад, бо мардуми рус ғамшарик аст ва ҳушдор ҳам дод, ки таърихи 1 апрелро интизор шавед, ки чӣ мешавад???

Ва медонед чӣ шуд? Тибқи иттилои тафтишот, «расман исбот шуд, ки дар саргаҳи ин террор хадамоти ҷосусии ғарбӣ меистанд ва тоҷикон асбоб – мурвати террор будаанд». Тафтишот аз қавл ва шоҳидии гунаҳкорон гуфт, «дар саргаҳи ин амали даҳшатафганӣ, ки тоҷикон таҳти таъсири доруҳои равонзудоӣ (психотропные вещества) анҷом карданд, худи Василий Малюк садри хадамоти таҷассусӣ (СБУ) меистодааст!». Суди Басман, ки 4 тоҷикро ҳабс кард, Малюкро низ ғоибона зиндонӣ намуд. Акнун Василий Малюк дар пайгард қарор дорад! Яъне новобаста ба оне, ки Киеви расмӣ ва Амрикову Аврупо даст доштани Украинаро дар ин террор радду инкор мекунанд, суди Басман маҳз Киевро дар ин амал дастандаркор медонад.

Дар ҳамин маврид зарбаҳо ба инфрасохтори Украина, ба вежа ГЭС-и Днепр ва дигар НБО-ҳо шиддат гирифтанд ва ба назар мерасад, ки Маскав нав ба ҷанги доманадор шуруъ кард. Ва ин ҳама дар пасманзари қассос аз террори «Крокус Сити Холл». Бо дигар ҳарф, Маскав чун тарафи ҷабрдида дигар ҷониб, на кишвари моро, муҷрими қатли шаҳрвандонаш медонаду тоҷикони лаққӣ «исбот кардан доранд, ки на, ин куштор кори дасти худи русҳост» ва фитна меангезанд. Мантиқ ку, эй ба ном фаъолони ҷомеа???

Ва ҳатто пас аз оне, ки мардуми зиёӣ ва хирадманди рус ба таъкид мегӯянд, тоҷикон гунаҳкор нестанд, ҳар миллат дар таркибаш нокасу кас дорад, сегменти тоҷикӣ пофишорона оташи кинаву адоват меафрӯхт ва «исбот мекард!», ки тоҷик не, худи русҳо халқи худашонро куштаанд…

Ман ростӣ намедонам, бояд бо куҷоят фикр кунӣ (дақиқан на бо калла, ки бо чизе поинтар аз миён ва аз самти қафо), то дар интернет ва бо имзои худ чунин «ҳукм», «вердикт» барорӣ!!!

Воқеан ҳам ин тӯда фаромӯш кардаанд, ки дар замоне гузоштани 1 лайк зери таблиғоти экстремистӣ то зиндон бубарад, пас пуштигирӣ аз ишон шояд ҷавобгарӣ бояд дошта бошад???

Ин мардумро гӯиё матлабҳои таҳлилии худи русҳо ба ин андеша водор кардааст. Вале намедонанд, ки бо забони русӣ ҳарф гуфтан, ба ин маъно нест, ин гузоришгарон ва журналистон русанд. Инҳо кормандони хадамоти хориҷие мебошанд, ки зидди Россия солҳост таблиғу ташвиқ мебаранд. Ба забони дигар инҳо диверсант мебошад. Ростӣ, ҳайратӣ шудам, чун 1 тан аз зиёиёни пешрави мо, баромади 1 зани қоқро чун ҳақиқати талхи ин террор ба маърази омм кашид. 1 зан, ки сафсата мегӯяд ва 1 миллат бовар дорад, ки рост мегӯяд. Барои чӣ? Зеро русӣ мегуфт ва инҳо бовар доштанд, русҳо ин таблиғро пахш мекунанд.

Ман афсари низомии контрразведкаи шуравиям. Ман, Акбари Саттор, Мухтори Абдулло, Равшани Махсумзод, Абдухолиқ Давлатов, Амрихудо Низомов ва ғайраро дар Донишгоҳи Ленинград чун «афсари диверсант, таблиғгар, ташвиқотчӣ» омода кардаанд. Ман нек медонам, диверсияи иттиллоотӣ чист! Инҳо мехостанду мехоҳанд на танҳо чанд тоҷики нохалафи салафиро, ки миллати моро террорист унвон кунанд ва он коре, ки зиёиву зиётӣ дар ФБ карданд, гувоҳ аст, ки ба ҳадаф хеле наздик шудаанд. Ва медонед, 1 апрел, ки ман мегуфтам, сабр кунед, аҷала нашавед, ба осиёби миллатситезӣ об нарезед ва хашму ғазаби мардуми русро ба бор наоред, чӣ шуд??? Намедонед! Зеро аз ҳамин ФБ, Телеграмм ва Тик ток каллаи худро боло намебаред! Аккурат дар рӯзи 1 апрел, ҳамон мубаллиғони дилсӯзи миллат (ба гуфтаи шумо), дар Дойч Велл, БиБиСи, Озодӣ, CNN, Франс – пресс ва ғ. ва ҳ.  исбот карданд, ки миллати тоҷик террорист аст ва маҳз онҳо дар Эрон (2 бор), Туркия (1 бор), Сурия (чанд бор!), Германия (1 бор) даст ба террор задаанд. Ҳатто террорҳои Кобулу Мазори Шарифро низ бар тоҷикон часпонданд! Ва ана акнун суол бар ин «ҳимоятгарони терроризм дар ФБ», ба фикратон чаро?

Зеро Маскав расман Украинаро дар ин террор гунаҳкор донист ва 144 ракета ба сартосари нуқоти стротегии ин кишвар партоб кард. Ба омор таваҷҷуҳ кун, хонанда. Аккурат сари ҳар фавтида 1 мушак! Ва ин оғози кор аст. Зеро русҳо ҳеҷ гоҳ террористонро бе ҷазо намемонанд! Ва ана баъди ҳамин ҳукм, «мубаллиғони русзабони аврупоӣ» пӯстинро чаппа пӯшида, ҷорӯбу пӯстакро ба алов афганданд. Ҷорӯбу пӯстак шумо шудед, муҳтарам фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ. Барои игилу машинаи таблиғоти аврупоӣ «тоҷикҳои террорист» то ҳамон соате муҳим буданд, ки набояд ғазаби Маскав сӯи Украина мешуд…

Акнун дарк кардед, муҳтарам зиёиву шоиру нависандаву раққосаву ҳунарманду санъаткору ҳаваскор, ки сухан сари чӣ меравад?

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,

Гови нар мебояду дору расан!!!

Зимнан соате расидааст, ки Шурои амнияти кишвар дастбакор шавад ва ҷилави ин бесарусомонӣ ва дилсӯзӣ аз террористонро дар расонаҳои иҷтимоӣ гирад. Зеро ҳоло масали «Ё онҳо моро (давлати дунявӣ) ва ё Мо онҳоро (эктсремизм)»-ро корбаст аст. Ва аз ҳама охир, надонистани қонун ҷазои ҷиноиро набояд сабук кунад.

Суханронии баҳории ахирии Президенти ҶТ маҳз охирон ҳушдор ба раванди таассубгароии ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд, ки бояд фавран ислоҳ шавад. Ва охири охир, мутаассуф, имрӯз на танҳо ришдорон мутаассиб гаштаанд. Сахт гуфтам? Бо шумо дигар хел намешавад:

Теғ додан бар кафи зангии маст,

Беҳ, ки илме нокасе гирад ба даст!!!

Мо метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube