Ту пирӯзӣ, Ҳошим!!!

Ҳошим! Вақте ки кас дар кори худ хурсандӣ мебинад, дақиқаҳои пурлаззати  онро мечашад, ӯ дар он дақиқаҳо тайёр аст ҳамаи азобҳои кашидааш, шабҳои бехобӣ, ноумедиҳои то қаъри дил фароянда, дилхунукиҳо ва ғайраҳоро фаромӯш кунад ва ҳамин тавр ҳам мешавад. Инро ман намегӯям ва ту ҳам нагуфтаӣ. Ин қонуни табиат аст, лекин онро на ҳама кас мефаҳманд.

Ин гуна дақиқаҳои рӯҳбахшро ман якчанд маротиба ҳис карда будам ва инак имрӯз ҳам. Кадом вақте буд, ёд надорам. Рафиқе гуфта буд, ки «Нет труднее в жизни (особенно среди людей искусства) чем признать успех своего товарища». Ман мегӯям, ки вай хато мекунад, чунки ман бо осонӣ мегӯям, ки ту ба ин муваффақият сазовор шудӣ.

Ба фикри ман, ту имрӯз аз майдон ғолиб баромадӣ. Ва иҷозат деҳ аз самими дил табрик намоям ва дар муҳорибаҳои аз ин ҳам сахттар, ки дар сари роҳат ҳастанд, боз ҳам мустаҳкам шуданатро орзу намоям.

Афсӯс, ки ин ғалабаи туро на ҳама меписанданд. Вале ту аз ин ҳеҷ гоҳ зиқ нашав. Ҳар санъаткоре, ки дар касби худ каму беш чизеро мефаҳмад ва дили нарми инсонӣ дорад, бояд бозии туро бечунучаро писандад.

Агар не, ӯро кӯр мешуморам.

Фердинандат самимона дӯст дошт. Гарчи макру ҳилаҳои одамони атрофаш ҷони ӯро рабуданд, лек дар охир ишқаш ҷовидон бимонд.

Агар ғалат накунам, ман ҳамаи фикри ба ин рол гузоштаатро фаҳмидам. Хусусан ҳамин ҷиҳатат сазовори таҳсин аст. Он бозие, ки ту хусусан дар охирин парда мекунӣ, актёри таҷрибаи бисёр дошта ва ба синну соли муайяне даромада ҳам бозида наметавонад. Фердинанди ту, бо ин ҷовидонӣ ва феъли тези нисбат ба ҷавонӣ хос, боз ақли солим дорад.

Камтарин ҷавонон дар ин гуна мавридҳои даҳшатовар оромии зоҳирӣ, яъне оромии берунии худро нигоҳ дошта метавонанд, аммо Фердинанди ту пеш аз қатли маҳбубааш ва марги худ ором буд. Оҳ, чи тавр ту ӯро дар он лаҳза ҳам бад медидӣ, ҳам аз дилу ҷон дӯсташ медоштӣ. Ман он қадар ба ту раҳмам меомад, ки бар ҳоли ту ҳатто ашк гулӯгирам кард.

Бовар кун, рост мегӯям. Нӯшидани заҳр хуб аст, фақат дар имшаба бозиат 1  камбудӣ буд, оҳ агар ҳамонро ҳам намекардӣ, рафта мебӯсидамат.

Баъди он ки падар даромад, ҳамон 2 калимаи худро ҳамин тавр гӯй, ки аз ҷигарат хун резад. Он гоҳ ба бахти оҷизи ту дили тамошобинон аз оташи қаҳр нарм шуда, ашк беихтиёр ҷорӣ мешуд. Ман боварӣ дорам, оянда ту ҳамин тавр мекунӣ. Чунки дар ин 2 калима бузургии муҳаббати Фердинандат ва ҷовидониаш муайян мешавад.

Ман ҳисоб мекунам, ки ту имтиҳонро нағз супурдӣ, кошкӣ имтиҳонҳои ҳама бачаҳомон ҳамин тавр мегузашт.

Бо ин хатам ман камбудии туро гуфтанӣ нестам, ин 1 ҳиссиёти актёрие, ки бо фармони дил ба ту навиштаам.

Хайр, боз ҳам муваффақияти ҳаққонӣ металабам, чунки ба ин гуна муваффақият соҳиб шудан кори  ҳар актёр нест.

Бо эҳтиром Маҳмуд Воҳидов

23. Х. 1963, соати 2 шаб.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube