ТУРИСТПАРАСТОН…

Бигуфтем дар боби эҳсон басе,

Валекин на шарт аст бо ҳар касе…

«Сайёҳону туристони хориҷӣ омада ин… (мушкил, проблема, валангорӣ, бетартибӣ, ҷазирӣ, ахлоттӯдаҳо, бе низомӣ) …- ро бинанд чӣ мегӯянд?». Ин суоли матраҳест, ки баъди ҳар барномаи радиову телевизион ва ҳатто матолиби танқидии газетаҳо садо медиҳад. Пурсида мешавад, о, ман, ту, вай, мо…шаҳрвандони ҶТ магар одам нестем, ки ин ҳамаро бинем, бок нест, вале турист, ки дид, тамом, адо, капут?

Бовар кун хонанда, вақте дар СССР, №4 дар бораи Қутайбапарастӣ навиштем, ин ба маъное набуд, ки туристпарастиро ривоҷ додаву ба ҳадди ифрот расонем! Қутайба ҳам, агар ба ҷидд бигирем, 1 турист буд, танҳо сайёҳи ғосиб ва қотил. Ва ин ки мо арабу искандару муғулпарастем, сабабаш дар ана ҳамин туристпарастии мо ниҳон аст. Нафаҳмидӣ? Мефаҳмонам!

Туристон дар қиболи тамошо ба миллат низ баҳо мегузоранд. Аз дидаву шунидаам мисол меорам, ки афғоне дар соли 2020 меҳмони Тоҷикистон шудаву ин қадар ба хоки замин дар пеши меҳмон баробаркунии пушти моро дида, ҳукм кард:

– Ин қадар мардуми ҳалимед. Лозим шавад, мо-паштунҳо дар 3 рӯз кишваратонро ғасб мекунем!!!

Дуруст аст, ки ин туристи бехирад намедонист, ки миллати мо дар таркиби хеш ҷавонмардони ғайюре дорад, ки гулӯи рақибро мекананд ва сарашро аз тан ҷудо месозанд. Вале оё ҳамин падидаи ҷавонмардӣ дар кишвари мо ташвиқу тарғиб мешавад? Ҳаргиз!!! Дилхоҳ нафар, ҳатто худи мо расонаҳои электронии миллиамонро дида, ба хулосае меоем, ки мо миллати сулҳпарасту адолатҷӯву фарҳангиву иззатгузору … тарсуем! Зеро мо 1 барномаи телевизионӣ, ақаллан дар бораи чанд тане, ки дар соли 1992-97 садди роҳи қотилони зархариди наҳзатӣ ва давлати исломӣ шудаву фавтида буданд, надореммм!

Зану фарзандони онҳо дар паноҳи амну пуштигирии молии давлат қарор нагирифтанд. Инро бояд бе парда гуфту навишт ва ба инҳо имтиёз бояд дод. Зеро имтиёз барои фавтидагону иштирокдорону маъюбони ҷанги гражданӣ нест. Имтиёз барои онҳоест, ки дар оянда барои ин ватан сина сипар кунанду донанд, ки фарзандони ишон хор намешаванд ва номашон ҷовидонӣ мемонад…

Дар бораи имтиёз ҳамагӣ 1 чиро изофа мекунам. Имрӯз имтиёзро иштирокчиёни ҶБВ, одамони дар ақибгоҳ мондаи он ҷанг, волидайн ва зану кӯдкони ҳамон шаҳидон, иштирокдорони ҷанги Афғонистону Чернобил доранду бас. Ин ҷо ҳам мо бегонапарастем. Чунки онҳоро бегонагон замоне имтиёз дода буданд! Намегӯям, надиҳед ба онҳо имтиёз. Вале онҳо давлатеро ҳифз карданд, ки дигар вуҷуд надорад. Пас чаро мо онҳоеро, ки ана ҳамин давлати худамонро муҳофизат кардаанд, имтиёз надиҳем??? Ин суолест, ки аз парлумон – аз вакилони халқ посух мехоҳад. Мо метавонем!

Воқеан ҳам, имрӯз, 15 феврал, рӯзи аз Афғонистон бо сари баланд бадаршавии Армияи Советӣ (АС) мебошад. АС мисли НАТО думро хода накарду аз худ пуштаҳо аз куштаҳо боқӣ нагузошту Афғонистонро ба дасти толибони варвар надод. АС сулҳ баста баромад ва дар сари қудрат онҳое монданд, ки СССР мехост! Зимнан, ин фирор набуд. Ин анҷоми миссияи афғонӣ шуд ва тамоми иштирокдорони ин ҷангро мо бо ин рӯз табрик мегӯем. Мо Метавонем!

(Воқеан ҳам, миннат не, ҳиммат, иштирокдорони ин набарди хунин, ки миёнашон 2 корманди мо низ ҳаст-Алии Беҳудуд (хабарнигори мардумӣ) ва Саймурод Носиров (муҳосиб) имрӯз бо 1 пиёла Чойи СССР бо ҷамиъи ҳамсилоҳонашон дар водии Кӯлоб зиёфат мебинанд. Мо Метавонем!)

Ва аммо баргардем сари туризму туристу сайру саёҳат.  Тоҷикистон шояд ягона кишварест, ки бо тамомии зебоӣ, барноӣ ва дилу дидарабоӣ туристҳо ба он намеоянд! Ин, ки 800-у 900 ҳазор турист дар 1 сол меояд, фасонае беш нест. Инҳо турист ҳам нестанд. Инҳо просто меҳмонанд! Инҳо афродеанд дар аксари маврид, ки барои истироҳат не, барои гардишгардии кӯҳӣ ва ё семинару маҷлисҳо мешоранд ва инҳо ҳеҷ гоҳ пулу молу сарват сарф намекунанд. Ва медонед чаро? Зеро билети ҳавопаймоҳои мо гаронанд! Мо агар ба тамомии ҷаҳон гаштугузори бе раводид низ ҷорӣ кунем, касе ба Тоҷикистон на-ме-о-яд. Зеро бо ин билете, ки мо дорем, дилхоҳ турист ба дилхоҳ давлати пешрафтаи дигар рафта, 10 рӯз тариқи «меҳмонхона+все включено» дар соҳили баҳр дам мегирад…

Зимнан агар мехоҳед турист дошта бошед, пас НАРХИ БИЛЕТИ САМОЛЕТРО КАМ КУНЕД! Чигуна? Ин проблемаи кумитаи сайёҳӣ ва хадамоти давлат аст. Бовар кунед, барои ҷалби турист нархи роҳкиро ва арзиши меҳмонхонаҳо аввалиндараҷа мебошад.

Вале биоед сари пазироии турист, иззати сайёҳи хориҷӣ суҳбат кунем, ки дар ин самт басо зиёдаравӣ мекунем ва ба иғроқ роҳ медиҳем. Бе далел гап намезанам ва 1 мисол меорам:

– Дар радиои Озодӣ вақте кор мекардам, Гавел ном 1 чехи чиркинаки техник меҳмонамон шуд, то компутарҳоро васлу студияро фаъол кунад. Ва ин Гавелро тоҷикони Озодӣ онгуна рӯи даст вардоштаву ҳамарӯза ба зиёфат мебурданд, ки Гавелаки чиркинак худро Шоҳ Гавел-II дидаву бо мо аз баландии пентхауз гап мезадагӣ шуд. Ӯ, ки рӯзҳои аввал аз зиёфатороии кормандони Озодӣ хиҷолат мекашиду арзи сипос мекард, рӯзҳои ахир ҳатто бо ифтихор пешниҳоди инҳоро қабул менамуду «сенкю»-и қоқ ҳам намегуфт! Подхалимизми инҳо чунон корагар шуд, ки Гавел аз худ бадар рафт!!! Боре «Шефи Озодӣ» гуфт, чаро ту аълоҳазрат Гавел II-ро зиёфат намедиҳӣ? Гуфтамаш:

– Туро 100 бор обед мебарам, Гавелро на! Зеро инҳо меҳмондории шуморо чун ғуломдорӣ қабул мекунанд…

Ман, ки дастпарварди Донишгоҳи Санкт-Петербургам инро барвақт медонистам. Чанде баъд бачаҳои мо ба Прага рафтанд ва Гавел II-ро дида, шодмона худро ба оғӯшаш партофтанд. Аммо Ҳазрат ҳатто бо онҳо салом накард…

Иззати турист чист? Ҳамоно бегонапарастии мо!

Ва ин бегонапарастӣ, ки метавон онро бо вожаи «Қутайбапарастӣ» таъкиди нишонрас кард, дар ҳама соҳот асар намудаву мо шояд ягона миллатем, ки ҳатто дар интернет низ ба он майл кардаем. Имрӯз Фейсбукро ба ном ҷамоъаи фаъоли тоҷиконе печидаанд, ки дар орзуи бародари бузурганд. Оре, мо ҳамеша, дар ҷустуҷӯи бародари бузург ва дӯсти бологузаре ҳастем. То мелод мақдунпараст будему сипас арабу муғулпарастӣ кардаву баъдаҳу манғитхудой сохтем ва ахиран русро «старший брат» гуфтем.

Имрӯз, ки 100% соҳибистиқлолем, эрониву афғон меҷӯем, то зӯран дар гардани худ бор кардаву дар зери 2 ронаш худро ҷо кунему «бародари бузург»-аш хонем. Мо ҳатто бо гӯиши ишон ҳарф мезанем ва лабу лунҷ каҷу маҷ карда, бо шеваашон сухан мекунем. Ҳарчанд худи эрониву афғонҳо медонанду мегӯянд, ки нобтарин забони тоҷикии дарии форсӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Шаҳноз Комилзодаи нозанинро, ки бо шеваи кӯҳистонии Тоҷик дар расонаҳои эронӣ ҳарф мезанад, ҷои сипосгузорӣ, мазаммат мекунем…

Моҷарои Фейсбук беҳтарин бозгӯи шарҳиҳолии мост, ки хӯи ғуломӣ гум накардаем, агарчӣ галстук бар гардан дорему риш дар фук ва дар Русияву Аврупову Амрико ба сар мебарем. Ҳамаро намегӯям, вале аксарияти кулл чунинем ва агар чунин нестӣ, хонанда, навис, мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

PS: ҳаргиз намегӯям турист, сайёҳ, меҳмони хориҷиро иззат нагузор. Баръакс, сахт ҳурмат кун, вале иззати худро нигоҳ дор ва обрӯятро пеши дилхоҳ бандаи Худо нарез, ки гуфтаанд:

Нармӣ зи ҳад мабар, ки чу дандони мор рехт,

Ҳар тифли найсавор кунад тозиёнааш…

Бо 1 ҳарф, пеши меҳмон «чумо» нашав, Тоҷик! Сахт гуфтам? Боз ту чӣ мехостӣ??? Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube