“Мо вазифадорем ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чи бештар заҳмат кашем. Зеро андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад”
Эмомалӣ Раҳмон
Аз назди мағозаи деҳа гузашта, ба писарам занг зада, бобати қарздорӣ аз мағоза пурсон шудам. Аз бонуи фурӯшанда хоҳиш кардам, ки дафтарашро бубинад. Варақ заду варақ зад ва ниҳоят “Шаҳбози Дарё” ном саҳифаро пайдо ва маро бо завқу салиқаи номмонии зебои худ ин зани ҳамагӣ бо маълумоти миёна дар муқоиса бо номмониҳои булаҷабу бегонапарваронаи иддае (аксаран номи арабӣ!!!), ки имрӯзҳо хеле мӯд гардидааст, шайдо намуд. Аз овозхонони маъруф Фарҳоди Дарёро ку медонам, лекин тахаллус ё худ лақабро ба писари ман ба хотири дар лаби дарё қарор доштани манзиламон гузошта буд.
Беҳтарин аз намунаҳои номгузориҳои мо, ориёнажодон, ки дар хуну мағз – мағзи ҷонамон бо табиати шоиронаамон маъво гирифтааст, аз ниёгон ба мерос мондааст:
-Ҳофизи Шерозӣ, Ҳилолӣ, Гуландом, Гулчеҳра, Гулистон, Моҳистон, Озода, Таҳмина, Рӯдоба, Шакармоҳ, Сиёвуш, Рустам, Суҳроб, Исфандиёр, Диловар, Бахтиёр, Бахтовар, Андароб, Сафеддара, Камонгарон, Чорбоғ, Дуоба, Бар – Бар, Чортут, Чоркуҳ, Шаббода, Шугнов, Варзоб, Сурхоб, Сияҳоб, Ҳисор, Фархор, Хуҷанд, Шуҷанд, номи китобҳо Гулшани адаб, Гулшани роз, Борони муҳаббат….
Инсон ҳам ҷузъи табиатест, ки дар он ҳайвоноту паррандагону чарандагони зиёд мезианд ва ҳар кадоме соҳиби номи худ, хислату рафтори худ, лаҳну садои хосаи худ мебошад ва онҳоро маҳз бо ҳамин нишонаҳо мешиносанд. Ҳатто миёни булбул ва тӯтӣ фарқ аз замин то осмон аст. Гуногунрангӣ тақозои қонуни офариниш мебошад.
Бинобари ин, набояд анъанаи неки миллиро хати бутлон бикашем ва ба ҷои номҳои зебои тоҷикона номҳои бегонаю берангу бемазмунро ба фарзандон гузорем. Ному насаби ҳар миллат ба муҳит, табиати атроф, орзую омоли он пайванд мебошад. Зебоии номҳои аҷдодӣ ҳам аз табиати зебои сарзамин аст. Ном дар мардуми мо ҳамеша бо нанг ва нанг якҷоя меоянд. Бадномӣ сахттарин фоҷиаи ориёист: рӯ овардан ба ному фарҳанги бегона, даст кашидану нафрат ба ному фарҳанги миллӣ камоли носипосӣ, кӯрнамакӣ ва гуноҳу хиёнати нобахшиданист.
Барои пайравӣ ба ин ё он дин қурбонии номи миллии худ ва рӯ овардан ба «номҳои китобӣ», ки авҷ гирифтан дорад, шарт нест. Сидқро дил муайян мекунад, на зоҳир. Сират болотар аз сурат аст. Ба фатвои 2-3 се муллои айёру найрангбоз, ба маҷусӣ будани ҷашнҳои миллӣ ва номҳои ориёӣ бовар намудан, ниҳояти гумроҳист. Ин тоифа барои нафси бетаги худ, мустаҳкамии таъсиру ҷойгоҳи худ бо истифода аз бовару эътиқоди мардум чӣ чизҳое, ки намебофанду чӣ корҳое, ки намекунанд.
Ҳоло муборизаи абарқудратон, барои ғасби Осиёи Миёна, бо дасти толибони паштунӣ ва англисҳо, панарабу пантуркистҳо дар Афғонистони имрӯза, собиқ Хуросони Бузург, идома ёфта истодааст. Маҳз бо кӯшишҳои мустамликадорони англис мавқеи забони форсии то ба Ҳиндустон паҳн гардида, танг гардид. Тавонистанд, ки забони худро, ҷои тоҷикии форсии дарӣ, ки забони байнихалқӣ буд, ба забони муоширати ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Мубориза баҳри нест кардани забони ширину шевои форсӣ – тоҷикӣ аз ҷониби онҳо идома дорад. Барои нест намудани миллате, бояд забону фарҳанг, таърих ва ифтихороти миллии онро маҳв намуд. Ин муллоҳои бегонапараст, бо амри хоҷаҳо, оҳиста-оҳиста ба ҳамин самт равонаанд. Бояд донем, ки онҳо танҳо ном не, миллати ману туро хонандаи гиром, маҳву нест карданиянд!
Муҳаббати мардуми мо ба ному насаби аҷдодӣ хеле зиёду самимист. Мақолҳои “Номи зебо – ними ҳусн”, “Номи баланд беҳ аз боми баланд” аз ҳамин муҳаббат сарчашма мегиранд. Борҳо шоҳид гардидаам, ки пеш аз кушодану хондани мақола, аҳли завқ нахуст ба сарлавҳа, яъне номи мақола аҳамият медиҳанд. Яъне барои миллати мо ном болотар аз ҳама чизу буду ҳаст!
Зимнан ман пешниҳод дорам:
– ҳар нафаре номи сирф тоҷикӣ надорад, бояд ба мақомоти қудративу давлатӣ ба кор фаро гирифта нашавад;
– ҳар вазиру раисе ба фарзандону наберагонаш номи ғайритоҷикӣ мегузорад, аз вазифа сабукдӯш гардад;
– ҳар нафаре номи Тоҷикии фарзанду набераашро, бо амри маъруфи муллои фанате иваз мекунад, ҷарима гардад ва агар хизматчии давлат аст, сабукдӯш шавад:
– ҳар нафаре ному насаби арабии фарзанду наберагонашро ба Тоҷикӣ иваз мекунад, ҳини дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ба ин ҷавонон имтиёз, лгот дода шавад!
Бовар кунед, агар ҳукумату давлати мо ҳамингуна сахтгир нашаваду ному насаби Тоҷикиро ҳифз накунад, оқибати ин раванд, басо хатарнок аст.
Хизмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 47 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ба ҳифзу нигаҳдорӣ ва рушди забони давлатӣ, ба мардум ройгон тақсим кардани китоби “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ғамхорӣ ва арҷгузорӣ ба забони ниёгон аст.
Замоне фаро расидааст, ки дар фикри покию беолошии забони модарии худ бошем. Онро аз ҳар гуна вожаҳои даркору нодаркори бегона тоза намоем. Танҳо бо пуштибонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мо бақои миллат, обрӯю нангу номус, қадру қимати худро ҳамчун Тоҷик ҳимоя менамоем.
Гар хуни поки мост кафили давоми мо,
Кору забону ном бувад ин давоми мо.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
СССР
