ЗАХМҲОИ ШАМШЕРИ СУХАНИ ЗИНДАГӢ  (Узви навбатии “Сад журналисти маъруфи қарни 20-и тоҷик”)

Баҳси доманадори печ дар печи тӯлонии “Оё аввал Сайёфи Мизроб арзи ҳастӣ кард, ё публисистикаи иҷтимоӣ?” чандин сол боз идома дорад. Ва ахиран собит гардид, ки Сайфиддин Достиев, ҳамон қаламкаши таслимнопазир – Сайёфи Мизроб, бунёдгузори публисистикаи иҷтимоӣ ва ё хитобаи фалсафии инсоншиносӣ маҳсуб мешавад.

Ба феҳристи 50 нафар журналисти зулқарнайн Сайёфи Мизроб дар чанд номина шомил гардида буд. Аввалан, Сайёф чун журналисти қотеъсухан ба алифбои журналисткаи тоҷик дохил шуд. Дуввум, дар номинаи “адвокати миллӣ” холҳои бешумор гирифт.

Дар номинаи “Журналисти бидуни маҳалл” низ холҳои Сайёфи Мизроб зиёданд. Бе муболиға дар солҳои навадум ман Сайёфро зодаи водии Зарафшон маҳсуб медонистам. Дар радиои “Озодӣ” гумон доштам Сайёф аз ориёҳои оҳанинақидаи Фалғар аст. Аксари навкорони журналистикаи даҳаи сеюми асри 21 Сайёфи Мизробро бадахшонӣ мегуфтанд. Зодаи Кӯлоб буданашро аз “пажуҳиш нодир”-и Нозироти андози вилояти Хатлон фаҳмидам. Онҳо як корхонаи хонаводаии Сайёфи Мизробро дар шаҳри Кӯлоб се соли расо тафтиш карда, кашф карда буданд, ки Сайёф шаҳрванди фахрӣ не, зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Чунин журналистони фаромилии бе маҳал ядрои садоқати ватандорӣ мебошанд. Сайёфи Мизроб мактаби кадрҳои бидуни маҳалро дар “мадрасаи Акбари Саттор” (ёдаш ба хайр!) омӯхта буд.

Ва дар ниҳоят Сайёфи Мизроб ба феҳристи 50 журналисти зулқарнайн чун публисисти иҷтимоии серҷабҳаи навовар шомил шуд.

Эҷод, навиштаҳо ва гуфтаҳои Сайёфи Мизроб бозёфти журналистикаи иҷтимоӣ аст. Худи фалсафаи таъсиси нашрия бо номи “СССР” миллионҳо нафар одамон ва даҳҳо ҳазор хонандаро ба дудилагии ҳайрату шубҳа, умедворию ноумедӣ тела дод. Ин фалсафаро ҷиддан дар солҳои аввал касе амиқ дарк накард. Сайёф фалсафаи Плутархии “буд гузашт, омада мераванд, барои зистан бояд аз нав эҳё кард”-ро асоси амал қарор дод. Шиори “Мо метавонем!” ҳатто танбалону ҳатулкоронро ба ҷасорат сафарбар намуд.

18 соли зиндагӣ дар вилояти Суғд, 5 соли зиндагӣ дар Хатлон ва даҳ соли зиндамонӣ дар шаҳри Хоруғ ба ман ҳуқуқ медиҳад, ки бо дарки масуълият, виҷдон аз равон ва ҷасорати инқилобии Сайёфи Мизробро қазоват кунам. Дар айёми футуҳоти шуҳрати Сайфи Мизроб ба шаҳри Душанбе омадам. Қариб дар ҳар кунҷу бурҷи маҷмаи КТН “Шарқи Озод” то 5-6 газета ва нашрия фаъол буд. Аксари ин нашрияҳоро намедонистам. Зеро онҳо дар вилояти Суғд дастрас набуданд. Дӯсти вафодору қадршинос Маҳмадалӣ Мақсадулло маро дар даҳлезҳои “Шарқи Озод” роҳбаладӣ намуд. Дар манзили чорум лавҳаи “Мо метавонем!” маро ба ҳайрат овард. Аз Маҳмадалӣ пурсидам, ки ин кадом нашрия аст, ӯ гуфт, ин нашрияи Сайёфи Мизроб  – “СССР”.

– Воқеан, шиор ба амал мувофиқ, “Сайёф метавонад” гуфтам.

Доно будану тавоно шудан сирф ба одамоне хос аст, ки аз фурӯхтани иттилоот манфиати ночизе мегиранд. Маҳз ин қабил одамон Умед Бобохонов, Акбари Саттор, Сайёфи Мизроб, Шариф Ҳамдампур, Асҳобиддин Суннатӣ, Хуршеди Атовулло дар ибтидои кор дар бозори итилоот бо зарари зиёд кор мекарданд.

Сайёфи Мизроб дар ин бозор тавассути тактикаи “оҳиста, пайваста, беғавғо” амал мекард. Дар соли дуюми фаъолият нашрияи “СССР” ба минтақаҳо роҳ ёфт. Ба қавли журналист ва ҷомеашиноси маъруф Сафват Бурҳон, “Сайёфизм” ба ҷунбиши иқилобии равшанфикрон табдил ёфт. Барои одамон боиси тааҷҷуб буд, ки нашрия дар ВМКБ хеле маъмул шуд. Дар як сафар ба шаҳри Хоруғ эҳсос кардам, ки мардум аз “СССР” завқи маънавии ахборталабӣ бардошта, аз дастурхони коғазии маънавии “СССР” бароҳат ва муътадил “истеъмол” мекарданд. Хонандагон шаклу веростори ҷолиби нашрияро писандиданд. Он ба 173 рӯзномаву ҳафтаномаи вақт монанд набуд. Шаклу жанрҳои нави “СССР” хонандагонро чун оҳанрабо ҷалб мекарданд.

Такони тафаккури тиҷоратӣ-иттилоотии Сайёфи Мизробро қишри миёнаи хонандагон ташаккул ва тақвият медоданд. Нашрия бо дархост ва завқу ҳаваси худи хонандаҳо таҳия мешуд. Сайёфи Мизроб хуб мефаҳмид, ки итилооти илмӣ-оммавии мушкилмуҳтавои зеҳнии табақаи панҷум бозори Умед Бобохонов аст. Таъриху сиёсат “ҳудуд”-и Шарифи Ҳамдампур, ахбори омавии фаврӣ моли Акбари Саттор аст. Сайёф қишри поинро интихоб кард. Ин қишр ҳоло ҳатто бисёр ҳодисаҳои давраи солҳои 1990-2005-ро намедонист. Ва дар паҳнои зиндагии 70 солаи Иттиҳоди Шуравӣ иттилооти навро ба деги тафаккур мерехт.

Донишҷӯе дар рисолаи дипломияш хеле хуб кашф кардааст, ки дар ҳар шумораи “СССР” мантиқан хабарҳо хабарро такмил медиҳанд. Масалан, дар шумораи 26 июли соли 2022 хабарҳои зайлро мутолиа мекунем: “Дар Деваштич об нест”, саҳифаи дигар “Ноҳияи Ҷалолидини Румиро об зер кард” ва дар саҳифаи 6 “Дар дунё 2,3 миллиард одамон аз ташнгаӣ мемиранд” хонандаро аз ҷузъи кӯчак то муаммоҳои глобалии об хабардор менамояд.

Сайёфро профессорони журналистика, сиёсатмадорони бузургмансабу давлатдорон шуҳратёр накардаанд. Сайёфи Мизробро хоинони фирории Аврупо ба ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Онҳо тоқати ҳақиқатбинию фошгӯии воқеӣ, синасипаркунии Сайёфро надоштанд. Биноан, аз як то ҳазор ҳиллаю найрангашонро фаҳмидани Сайёф онҳоро хунинҷигар мекард. Бехабар аз он ки ба ҳар дашном садҳо сипосу эҳтироми мардумро ба суроғааш равона мекунанд. Ва ба осиёби шуҳрати Сайёф об ҷорӣ мешуд. Як иштибоҳи тактикии Сайёф сад пирӯзии қавии ӯро таъмин мекард…

Дар набарди идеологии муосир, давраи гузариш аз маҳалсолорӣ ба пойдорӣ ва тақвияти ҳуввияти қавии миллӣ сарбозоне чун Сайёфи Мизроб, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, Раҳматкарими Давлат, Далери Абдулло, Умари Шерхон баринҳо заруранд.

Одатан дар жанри танқид, фелетон, танз ҳар қадар муаллиф борикбину нуктасанҷу эҳтиёткор бошад ҳам, киштзори шаъну шараф, нангу номуси одамон хоҳу нохоҳ поймол мешавад. Аз соли 1996 боз Сайёфи Мизроб одамон, муассисаву идораҳо, вазоратҳоро зери шамшери танқид қарор додааст. Аммо дар танқиди ӯ “бераҳмӣ” ва шарафпастзанӣ куллан вуҷуд надорад. Барои исботи ин далел ман қариб сесола бастаи “СССР”-ро варақ задам. Ва, баръакс, Сайёф тирборони танқидро ба сӯйи худ мехонад. Зеро ӯ бо ҷавшани ҳақиқат ҳам худаш ва ҳампешагонашро дифоъ мекунад. Соли 2012 ҳамаи урдуи фирориёни ҷудоиандози Аврупо ба чанд забон Сайёфи Мизробро барои шарҳи ҳаводиси қисмати ҷануби кишвар дашном медоданд. Дар утоқи Акбари Саттор (руҳашон шод бод!) ҳангоми баррасии амалҳои ифротии баъзе журналистон муовини вақти раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ёқуб Исмоилов гуфт, ки бояд ба таънаву туҳмати журналистони фирорӣ нисбат ба Сайфиддин Достиев ҷавобҳои дандоншикан навишт. Шодравон Акбари Саттор бо табассум гуфт:

– Агар аз пӯсти рӯйи Сайёфи Мизроб кафш медӯхтанд, дусад сол намедарид. Сайф сангаршикану ба ҳар туҳмат устувор аст. Барои шикастани Сайф ҳанӯз силоҳ сохта нашудааст.

Хуршеди Атовулло фавран бо шеър андешаи Акбарро тақвият дод:

Ҳеҷ тӯфон чун насими субҳдам форам нашуд,

Мазрае деҳқон надида, худ ба худ корам нашуд.

Як-ду бадрафторро кардем тарбият, вале,

Тарбиятомӯз гардиду вале одам нашуд.

Чун дарахти мевадоре сангборонам кунанд,

Меваҳоям рехт, аммо ҳосили ман кам нашуд.

Дар сӣ соли даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳар як жанри матбуоти тоҷик “арбоб”, поягузори хешро пайдо кардааст. Сайфи Мизроб чун сарлавҳасоз низ, ки муҳимтарин омили сифат ва муҳтавои матбуот аст, маъруф ва машҳур аст. Сарлавҳа ва сархат ин рӯнамоӣ, бо ибораи рӯз, рекломи ҳар як жанр аст. Дар ин ҷода асло маҳорати Зинатуллоҳ Исмоилзода, Аваз Юлдошев, Марат Мамадшоев, Акбари Сатторро сарфи назар кардан имконопазир аст. Танҳо ба як шумора назар кунед. Сарлавҳаҳои “Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт…  “Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз”, “Бародар қарори судро иҷро намекунад”, “Таъминот кори мактаб нест” зеҳншикоф мебошанд.

Публисистикаи Сайёфи Мизроб дар маҷмуаҳои “Эшон-Бала”, “Сафардидаи Маккавӣ”, “Террори ғурур”, гирд оварда шуда, аксари очерку фелетонҳои ӯ ба хазинаи тиллои матбуоти тоҷик шомил шудаанд. Вақте ки ин ҷумларо дар як дарси “Маҳорати касбӣ” гуфтам, журналисте пурсид:

– Муаллим, худаш ҳамин хел хазинаи иттилооти матбуот вуҷуд дорад?

– Бале, китобҳои Сайёфи Мизробро хонед!

Баъдан ин андеша хобамро рабуд. Аслан, дар сад соли охир радиои Тоҷикистон хазинаи тиллоии очерк, ҳикоя ва повестро таҳия ва сабт кард. Чаро хазинаи тиллоии матбуоти тоҷикро таҳия накунем? Барои ин технология ва имконоти моддӣ мавҷуд аст. Бигзор наслҳои баъдӣ фелетонҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Бурҳон Ғанӣ, очеркҳои Мутеулло Наҷмиддинов, Бахтиёри Муртазо, новеллаҳои Мамадризо Вафо, сафарномаҳои Ғоиб Қаландаров, репортажҳои Отахон Латифӣ, таҳлилномаҳои Умед Бобохон, очеркҳои таърихии Шарифи Ҳамдампур, очерку фелетонҳои мурофиавии Хуршеди Атоулло, тафсирҳои сиёсии Далери Абдулло, фелетонҳо ва ҳаҷвияҳои муаллифи ин ҳолнома, ахбори сиёсии Раҳматкарим Давлатову Нуралии Давлат, шарҳу тафсирҳои Раҷаби Мирзоро дар кутуб ё ютуб хонанду тамошо кунанд.

Сайёфи Мизроб ба тавсифу таъриф ниёз надорад. Баръакс, чун қавипайкари афсонавӣ аз танқид неру мегирад. Ӯ журналисти ватандӯсте аст, ки зидди зиштгӯии мухолифини ифротӣ аз Аврупо “иммунитет”-и қавӣ дорад.

Ба фикрам, Сайёф метавонаду ман дар иншои ин ҳолнома нотавониямро эҳсос кардам.

Дар маҷмӯъ, Мо, Ман ва Ту, Сайёф ва 50 журналисти абардониши кишвар метавонем…

Давлатдории Сомониён бо тақозои таърих дар рақобати Арабу Аҷам ташкил шуд, ки ҳаққи таърихии миллат аст. ҶШС Тоҷикистони сад сол қаблро дар Кремл “сохтанд”. Вале аз чор пораи дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ дармондаи Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо як фарди таърихӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои демократӣ бунёд намуд. Ба қавли шоир Давлати Сафар, “аз пораҳо бунёд кардани Тоҷикистони якпорчагии воҳид” мӯъҷизаи қарн буд. Дар ин бунёдкорӣ сарбозоне чун Сайёфи Мизроб дайни ватандорияшонро иҷро намуданд.

 

Наҷмиддин Шоҳинбод

муаллифи лоиҳа

 

(Лоиҳа бо дастгирии Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода нашр мешавад)

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube