«Занги охир» якчанд сол пеш аз рӯи пешниҳоди баъзе падару модарон дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба «Занги камолот» табдили ном кард. «Занги камолот» ба шароити ҳозира мувофиқ меояд ва ин маъракаи хотирмони хатмкунандагонро дар мактаб тавре бояд таҷлил намуд, ки дар ёди онҳо доимӣ нақш бандад.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ «Дастурамали баргузории «Занги камолот» дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, дастраси шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ гардонад. Дастурамал бо Фармони Вазири маориф ва илм тасдиқ карда шавад, то ки иҷрои он барои муассисаҳои дахлдори соҳаи маориф ҳатмӣ шавад.
Ҳамин хел дастурамалҳо дар бораи анҷоми соли хонишу имтиҳонҳо ва сару либоси ягонаи мактабӣ мавҷуданд, ки тарзи анҷоми соли хонишу сару либоси мактабиро ба танзим даровардаанд. Мо метавонем!
Бегмат Маҳмадов,
н.Тоҷикобод
