1 май – Иди якдилии меҳнаткашон

 Иди Якуми Май, аз ҷумлаи он ҷашнҳоест, ки дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар мамлакатҳои гуногун онро бо тарзҳои мухталиф ном мебаранд:

Иди байналхалқии заҳматкашон, Рӯзи коргар, Иди кор, Рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, Рӯзи азназаргузаронии қувваҳои заҳматкашони ҳамаи мамлакатҳо ва ғайра.

Қарори ҳамасола гузаронидани ҷашни Якуми Майро конгресси дуюми Интернатсионал, ки моҳи июли соли 1889 дар Париж доир гардида буд, қабул намуд. Ин қарор ба хотири пос доштани хотири шаҳидони қиёми коргарони корпартофтагони шаҳри Чикаго, ки 1 майи соли 1886 рух дода буд, қабул гардид. Ҳамин тариқ ҳанӯз соли 1890 аввалин намоишҳои коргарӣ дар Австро – Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, ИМА, Норвегия, Фаронса ва дигар мамлакатҳо доир шуд. Дар Англия ин намоиши неруи коргарӣ дар замон муваффақ гардид, ки бо пирӯзии аввалини худ даст ёбад: рӯзи кории 8 – соата дар тамоми кишвар таъмин гардид.

Минбаъд ҳаракатҳои якумайӣ пурра характери умумихалқии зиддиипериалистӣ гирифтанд. Доираи таҷлили он рӯз аз рӯз васеъ мешуд. Соли 1891 аввалин ҷашни Якуми Май дар Россия – дар Петербург доир гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо – Тула, Варшава, Лодзӣ, Винос, Қазон, Киев, Нижний Новгород, Тбилиси, Гомел, Харков ва ғайра бо суръат паҳн шуд.

Ҳаракатҳои коргарӣ таҳти шиорҳои «Нест бод ҳукумати истибдодӣ!», «Зинда бод ҷумҳурият!» гузашта, дар онҳо садҳо ҳазорон коргарон иштирок менамуданд. Дар намоиши якумимаие, ки баъди инқилоби буржуазии февралии соли 1917 доир гардид, акнун мардум таҳти шиори «Ҳамаи ҳокимият ба Шуроҳо!» ба майдон баромаданд.

Иди мо

Фарорасии баҳорон ва омад – омади иди 1 – уми Майро ҳамасола бесаброна интизорӣ мекашидем. Зеро он овон иди якдилии меҳнаткашони дунёро ҳукумати вақт бо ҳашамати афзун таҷлил мекард. Ба фаҳми имрӯза он ид танҳо як камбуд дошт, ин норасоии нақлиёти мусофиркаш. Аз деҳаи Алиҷон то ба маркази ноҳия 12 км масофа буд. Дар хатсайри Данғара – Пушинг солҳои аввал ҳамагӣ як автобуси ПАЗ – ик равуо дошт, ки ба мардуми 7 деҳа қисмат шуд буд. Ронанда акаи Нуралӣ Сабзаев, сокини деҳаи Пушинг аз самти охир (аввал) автобусро аз сафаракиҳои деҳаҳои Пушингу Шаршар қариб пур мекард. Дар рӯзҳои ид ӯ мошинашро аз назди истгоҳи деҳаи мо давонда мегузашт. Мардум барои сари вақт расидан ба идҷо – шаҳраки Данғара дастобадаст, пиёда сӯи шеб равон мешуданд, суҳбаткунону сурудхонон…  

Идпулӣ – 1 рубль

Падар аксар вақт барои рафтан ба идҷо 1 сӯм (рубль) медоданд, ки он замон барои наврас маблағи хуб ба ҳисоб мерафт. Мисли ман фарзандони садҳо мардони заҳматкаш ҳамин миқдор маблағ ва аз он ҳам кам ба фарзандонашон идпулӣ медоданд. Қисме ҳатто ин имтиёзро ҳам надоштанд. Онҳо аз пушти бузу бузғола ва гӯсфандон ба кӯҳ мебаромаданд.

Иди 1 – уми Май воқеан ҳам иди хурсандиовар буд. Пои пиёда 12 км масофаро ба назар дар як зум тай мезадем. Шодиву нишоти кӯдакон ҳадду канор надошт. Аз ҳама аҷибаш ин паради пионерон, ҷавонон, кормандони идораву муассисаҳои ноҳия буд, ки бо шиору овезаҳои таблиғотӣ дар асоси сиёсати ҳизб ва ҳукумати вақт гузаронида мешуд. Садои нағораву шайпури пионерон ва сурудхонии ҳаваскорони санъат дар фазо танинандоз мегашт.

Соати муайян мардум пайи ҳам дар кӯчаи ба номи В. И. Ленин ва майдони ба номи Ленин қарор мегирифтанд. Шахси рақами 1 – и давр котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия дар иҳотаи собиқадорони ҷангу меҳнат нахуст ба сухан даромада аз таърихи иди 1 – уми Май ва меҳнаткашони тамоми дунё, аз дастовардҳо ва ғайра сухан меронд. Боз чанд тан аз фаъолони ноҳия вазъ мегуфтанд. Пас гаштугузори оммавӣ сар мешуд. Дар театри тобистона ё пояи ҳайкали Ленин сарояндагону раққосони хонаи маданияти шаҳрак ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар боғи марказӣ мусобиқаи гӯштӣ доир мегашт. Ҳар кас мувофиқи табъи хеш дар ин ё он маърака иштирок менамуд.

Кино, Лимонад, Пирожки

Чун кинодӯстдор будам, ҳатман ба сеанси рӯзонаи кинотеатри ба номи Рӯдакӣ, шафати майдони Ленин, дар 15 тин (копеек), як шиша лимонад ва 2 дона пирожки қаноат мекардам. Мани сағира (бачаҳои бемодарро сағера ном мебурданд) дида, одами хушбахтарин дар ҷаҳон набуд. Баъди тамошои кино барои як «кулёк» донаки офтобпараст (семичка) тин (5 баъд 10 тин) маблағ низ мемонд. Дар гӯшае нишаста ба «шаҳриҳо» назора бурда, бо шавқ донаи офтобпарасти намакхӯрдаро ба даҳон мепартофтам.

«Текстил»

Аввали солҳои 80 – уми асри гузашта сокини шаҳри Душанбе ва корманди сехи рангупардоздиҳии Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини пойтахт, маъруф бо «Текстил» шудам. Дар ин корхона иди 1 – уми Май бағоят хуш мегузашт. Шумораи байрақу овезаҳо, ороиши мошину ё хайр аҷоиб роҳандозӣ мегашт. Коллективи гуногунмиллат дар қатори гирдгардон бо худ ҳасиб, панир, шарбат, лимонад, хлеб ва мусалласи рӯҳафзо гирифта, то ба хиёбони В. И. Ленин назди меҳмонхонаи Тоҷикистон ҷумлагӣ сархуш мешуданд. Бо якҷоя гаштан ба сафи асосӣ ва шунидани шиорпартоиҳои ровии майдони ба номи В. И. Ленин хурсандӣ болои хурсандӣ буд.

Мардумон аз таҳти дил «Урра» мегуфтанд. Баъди анҷоми парад байрақу овезаҳои худро болои ягон мошин ё бағали коргари ҷавоне монда, бо гурӯҳи дӯстон сӯи буфет ё ошхонае равон мешудем. Ва то 2 – 3 соати дигар тафти дил мебаровардем.

 Умар АЛӢ

Нависанда

Перомуни эҷоди адибони дорои сарводаи фитрӣ ва ба кӯи парниёни сухан овора доварӣ душвор аст. Табиист, ин зумра бо зевари табъи салим ва завқи баланд, олуда ба дарду доғҳои зиндагӣ, ба муроди дарёфти ҳарфу ҳиҷои тоза паргорсифат даври қалам мегарданд. Зиёда аз 50 сол боз Саид Раҳмон на як тан мусофир, ло – бал чун муҳандиси олами ботини инсон аз раҳи печухамдори сухан босубот меравад, мушоҳидаҳояшро дар қабои зарбофти назму наср ба мардум мерасонад.

Ӯ дар деҳаи Тиҳиёни мавзеи хушманзари Ховалинги имрӯза (9.05.1941) чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳини наврасӣ аввалин ҳуруфи “Алифбо”-ро аз устодаш Мӯсо Ғуломӣ (ёдаш ба хайр!) омӯхтааст. Дар солҳои 53-юми асри рафта аҳли хонадони онҳоро бо ҳамсоягонаш ба деҳаи Сариосёби наздики шаҳри Кӯлоб муҳоҷир карданд. Саиди он айём ҷавон бо пайвандонаш то имрӯз дар ин ҷо муқимӣ мондаанд.

Зиндагӣ барои инсон ҷойгоҳи осоиш нест ва Саид низ айёми хурдсолӣ ранҷу азоби ҳамдиёронашро дар саҳрои пахтазор ва думболи гову мол ба хубӣ эҳсос мекард. Дастпарвари Институти муаллимии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) як муддат омӯзгор, хабарнигори телевизион ва радио буд, охир ишқи суханварӣ ӯро ба даргоҳи матбуоти тоҷик овард.

Бо ҳукми тақдир дар нашрияи тозатаъсиси “Роҳи Ленинӣ”-и собиқ вилояти Кӯлоб муддате бо ин марди ботамкину хушмуомила ва рӯзноманигори чирадаст кор мекардам. На, ғалат гуфтам, он ҳангом акаи Саид аз бунгоҳи мухбирони махсуси Радиои Тоҷикистон, дар минтақаи Кӯлоб, тоза ба сафи мо пайваста буд. Воқеан, дар ин нашрия хабанигороне чун Шералӣ Яҳёев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Абдулло Муродов, Умар Валиев, Нурмуҳаммад Одинаев, Мирзо Қосим, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Сафар Аюбзода, Раҷабалӣ Назар ва Бобоҷон Абдулвоҳид доираи эҷодкорони болаёқатро таркиб дода буданд. Дар ин муҳити пуршару шӯри эҷодгарӣ нақши қалам ва садои дили Саид Раҳмон бо сабки вежа ва ҷаззобияти хос падид меомад. Баъзан қаламкашони ҷавон дар навиштани мақола, лавҳа ё очерк душворӣ мекашиданд, ба имдодашон ҳамин боистеъдодҳо мерасиданд. Саид Раҳмони ботаҷриба, ки ба чанд ноҳия, аз ҷумла, Ховалинги хушобу ҳаво вобаста буд, бо супориши идора ду – се рӯз нопадид мегашт ва чанде баъд ӯро назди мошинкаи чопӣ бо чеҳраи болида медидӣ, ки дастоварди сафарашро ба чоп месупурд. Вай асосан ба мавзуоти чорводорӣ, кишоварзӣ ва саноат рӯ оварда, атрофи мушкилоти соҳа мулоҳизоти ҷолиб менавишт. Сабки хоси навиштор, лаҳни ҳақҷӯёнаи гуфтор ва таҳлили амиқу сара дошт. Ӯ ба ҳар як вокуниш бо далел посух медод. Дар байни хабарнигорони номвари минтақа Саид Раҳмон эҳтимол аз нафароне буд, ки бо ҷасорат менавишт, аз касе ва чизе намеҳаросид. Яке аз чунин матлаби тезу тундаш дар бораи сардори худкомаи як созмони бонуфузи маъмурӣ таҳти унвони «Эҳтиёт, Азизов меояд! » то ҳанӯз дар хотирҳо боқӣ мондааст.

Нависанда, шоир ва публитсист Саид Раҳмон дар ғазали «Зинда бош! » аз заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор мегӯяд:

Тоҷиконро болу пар бахшидаӣ,

Донишу фазлу ҳунар бахшидаӣ,

Тоҷикистони азизи хешро,

Обрӯ дар баҳру бар бахшидаӣ.

Имрӯзҳо нависанда, публитсист ва шоири нозукбаён Саид Раҳмон 85-сола мешавад. Ба ин муносибат ӯро аз номи ҳамқаламон самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва комгориҳои эҷодӣ таманно дорем.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи

Ҳасанзод,

махсус барои СССР

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube