Мирзо Бекматов

Иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ, полковники гвардия, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб дар солҳои 1987-2021, дорандаи ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ (солҳои ҳаёт 1924-2021).

Зиндагинома

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бекматов 22-юми августи соли 1924 дар деҳаи Зардолуяки ноҳияи Шурообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст.

Ҳанӯз дар синни даҳсола буданаш дар як рӯз аз падару модар маҳрум гаштааст. Баъд дар хонаи ятимони ноҳияи Шурообод тарбия гирифта, бо роҳхати ин ҷо барои таҳсил ба Комбинати педагогии шаҳри Кӯлоб фиристода шудааст. Баъди хатми таълимгоҳ ҳамчун аълочии хониш ба Техникуми роҳсозии шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил фиристода шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1941 ба сифати муаллими мактаби 7-солаи ноҳияи Шурообод шуруъ кардааст. Дар рӯзҳои оғози ҷанг 19 сола буд. Бисёр мехост ба сангари ҷанг ихтиёрӣ равад, вале дар он рӯзҳо муаллимонро тибқи фармони Сталин касе ҳуқуқ надошт, ки ба ҷанг сафарбар намоянд. Муаллим симои асосии ҷомеа буд ва аз тарафи давлат ҳамаҷониба муҳофизат карда шуда пуштибонӣ мешуд.

Лекин, Мирзо Бекматови ҷавон ҳамаи ин афзалиятҳоро яксу гузошта ихтиёрӣ ба ҷанг рафт.

Хизмат дар сангарҳои ҷанг

Мирзо Бекматов, ки нав ба синни 21 қадам гузошта буд, солҳои 1943-1945 дар ҳайати Бригадаи танкии Витебск ба сифати командири расчёти зенитӣ, ки ба ҳайати Фронти 2-юми Белоруссия шомил буд ҷангидааст. Пеш аз оғози амалиёти дар таърих машҳури “Багратион” ба сафи аъзои ҳизби коммунистӣ пазируфта шудааст.

Ҷанговари Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳама амалиётҳои ҷангӣ диловарона ҷангида, фашистони истилогарро дар ҳама ҷо саркӯб кардааст. Ғалабаро дар ҷанг дар шаҳри Кёнигсберг, Олмони Шарқӣ пешвоз гирифтааст.

Баъдтар ба ёд меорад, ки:

“Чи ҷои пинҳон кардан аст, вақте хабар ёфтам, ки ҷанг ба итмом расидааст, хаёлан пайхас кардам, ки аз тақдири хеш барои зинда монданам миннатдорам!”

Ва, чуноне баъди сипарӣ гаштани солҳо худи Мирзо Бекматов иқрор мегардад, ӯ на танҳо аз тақдир миннатдор будааст. Балки лаҳзаҳоеро ба ёд меорад:

“Рӯзе ба утоқи кориам мӯйсафеде даромад. Маълум гашт, ки он солҳои оташини ҷанг дар колхозе зиндагӣ мекардааст, ки ман он ҷо ба ҳайси муаллими мактаби деҳа кор мекардам.

Муаллим ашкрезон аз ман бахшиш мепурсид. «Барои чӣ?» – сабаб пурсидам. Ва посухаш чунин гашт:

«Вақти ба фронт сафарбар кардан номи шумо, муаллим, дар рӯйхат набуд. Воситаҳои худро истифода карда, ба ҷои писарам номи шуморо ба рӯйхат дохил кардам, то писарамро аз бадбахтиҳо нигоҳ дорам.

Ман фикр мекардам, ки шумо ятим ҳастеду дар ҷанг ҳалок ҳам гардед, ҳеҷ кас ғаматонро намехӯрад. Дар асл, чуноне маълум гашт, ин амалам беҳуда будааст. Аз тақдир гурехта намешудааст. Писарам бемори вазнин шуда, дар дасти худам фавтид!..».

Мӯйсафедро тасаллӣ додам: «Падар, майдони ҷанг барои ман мактаби ҳақиқии мардонагӣ гашт. Агар шумо ҳам намебудед, ман худам ихтиёран ба ҷанг мерафтам!..».

Мирзо Бекматов ҳамчун фарзанди содиқи Ватан паҳлу ба паҳлу бо ҳамяроқонаш он рӯзи Ғалабаи бузургро наздик сохт. Бо як теъдоди муайяни мукофотҳои ҷангӣ, ки қафаси синаи ҷанговарро оро дода буданд ба Ватан баргашт.

Фаъолияти хизматӣ дар солҳои баъдиҷангӣ

Баъди баргаштан ба Ватан як муддат дар Амонатбонки ноҳияи Шурообод кору фаъолият менамояд. Баъдан, соли 1947-ум ӯро котиби ташкилоти комсомолии ноҳия таъин менамоянд. Дар солҳои 1948-1950 барои таҳсил ба Мактаби олии назди КМ ВЛКСМ фиристода шудааст.

Соли 1950 – ум баъд аз хатми Мактаби олии КМ ВЛКСМ дар вазифаи котиби Ташкилоти комсомоли вилояти Кӯлоб таъин карда шудааст. Дар солҳои оянда вазифаҳои гуногуни комсомолӣ, ҳизбӣ, фарҳангиро ба душ доштааст.

Солҳои 1959-1964-ум ба сифати ҷонишини якуми раис, раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1965 то соли 1974 котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб, солҳои 1974-1986-ум раиси Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Фаъолияти бисёрсолаи бенуқсон, хизматҳои Мирзо Бекматов дар назди Ватан аз ҷониби давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

Ӯ ду маротиба намояндаи мардумӣ дар Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда, инчунин иштирокдори 23-юмин Анҷумани ҲКИШ буд.

ЧУНОНЧИ: сохтмони хати обгузари «Ҷангалбошӣ – Кӯлоб», сохтмони пули сойи Тебалай, гузаронидани хатҳои гази табиӣ ва таҷдиди роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб, сохтмони бинои сеошёнаи меҳмонхона дар шаҳри Кӯлоб, бинои дуошёнаи ҳаммоми шаҳр, роҳи автомобилгарди «Кӯлоб-Даҳана», «Хонаобод- Давлатобод», ташкил намудани муассисаи нақлиётии Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ, таҷдиди корхонаҳои пахта ва равғани шаҳр, сохтмони 4 бинои сеошёнаи мактаб – интернат барои 400 нафар, варзишгоҳи марказии шаҳр ба номи Томин, ташкили дастаи футболи машҳури «Равшан»- и шаҳри Кӯлоб, созмон додани хоҷагии токпарварии ба номи Мичурин дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Муъминобод ва ҳоказоҳо.

Дар солҳои баъдӣ бошад ба хотири ривоҷу равнақи Кӯлоб корҳои зиёди ватандӯстонаро ба анҷом расонидааст. Яке аз онҳо сохтмону ба истифода додани Майдони ҳавоии байналмилалии Кӯлоб мебошад.

Аз соли 1987 дар нафақа буд, лекин то охири умр раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, узви Президиуми Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон ва узви Шурои собиқадорони ИДМ буд.

МУКОФОТҲОИ ҶАНГӢ ВА МЕҲНАТӢ: бо орденҳои “Ҷанги Ватанӣ”, “Инқилоби Октябр”, “Нишони Фахрӣ”, даҳҳо медалҳо, Ифтихорномаю ҷоизаҳо сарфароз гаштааст. Соли 2002 бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардонда шудааст.

Мирзо Бекматов 2-юми феврали соли 2021-ум дар синни 96 солагӣ дар шаҳри Кӯлоб вафот кардааст.

ЁДУ ХОТИРОТИ ЧУНИН ФАРЗАНДОН ЗИНДА БОД!

Носир Назарзода ,

профессори Академияи ВКД, д.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube