Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи бошад дар навиштан «шер»-шир».
Мавлавӣ
Озодӣ ва истиқлол орзуи ҳазорсолаи миллати мо буд. Имрӯз мо бо шарофати Истиқлол, мавҷудияти сулҳу субот, амнияту оромӣ дар кишвар арзишҳои илмиву адабӣ, маънавию фарҳангии худро эҳё мекунем. Гарду чангеро, ки бар рӯи илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллати мо аз сабаби бедавлатӣ нишаста буд, пок менамоем. Албатта, пеш аз ҳама, забонамонро, ки таъминкунандаи ҳувияти миллӣ ва яке аз муқаддасоти миллатамон маҳсуб мешавад, мавриди ғамхорӣ қарор медиҳем. Дар ин самт хидмати давлат, ба вижа Президенти кишвари соҳибитиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон, чашмгир мебошад. Ӯ на танҳо ба забони ноби тоҷикӣ дар ҳамоишҳо ва вохуриҳои дохилию хориҷӣ суханронӣ ва арзи матлаб менамояд, балки баҳри покиза, содаву равшан ва суфтаву осон шудану хуб омухтани забонамон тадбирҳои ҷиддӣ ва муфид меандешад. Хусусан ба таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаву олӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Барои таълифи китобҳои хуби дарсӣ, ба вижа забон ва адабиёти тоҷик, мушкилоти мавҷуда дар таълими ин фанҳо дастуроти мушаххас медиҳад. Ҳамин гуна ғамхории ӯро мо дар мураттаб сохтани имлои забони тоҷикӣ низ боздид менамоем.
Зимнан, қабл аз Истиқлол борҳо луғати имло нашр шуда буд ва дар дастраси мардум қарор дошт. Бори охир соли 1991 «Луғати имло» дар асоси «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» (1972) чоп гардида буд. Маҳз дар замони Истиқлол ва бо дастури Президенти кишвар ва фонди захиравии ӯ соли 2013 «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар асоси қоидаҳои нави имло таҳия ва чоп шуд. Чопи ин фарҳанг кори омузгорони фанҳои забон ва адибётро хеле осон намуд. Дар ин Фарҳанг дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», тибқи талаботи меъёри забон ва имлои таърихӣ, бархе аз калимот мавриди ислоҳ қарор гирифт ва роҳро барои ислоҳи навишти калимаҳое, ки барғалат бо «ӯ»-и дароз навишта мешуданд, дар оянда ҳамвор намуд. Ин ислоҳот тақозои замон буд, зеро забон ҳамеша дар инкишофу ҳаракат ва таҳаввул аст, нав мешавад, тараққӣ мекунад, такмил ва сайқал меёбад, аз ҷумла имло низ. Ба қавли шоир:
Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Мо зинда ба онем, ки ором надорем.
Ва:
Обе, ки баросуд, заминаш бихурад зуд,
Дарё шавад он рӯд, ки пайваста равон аст.
Инак, тибқи ҳамин талабот ва зарурат, яъне қонуни таҳаввул ва инкишоф, баъд аз 12 сол, «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2025) нашр ва дар дастраси хонандагон қарор гирифт. Ҳамаи тағйиру иловаҳо, ки дар Фарҳанги нав ба дида мерасанд, барои такмили забон ва осону дастрас гардидани имло ба шаҳрвандон, алалхусус хонандагон, сурат гирифта, навишти вожаҳо ба дастовардҳои навини илми забоншиносии тоҷику ҷаҳон ва имлои таърихии онҳо такя менамояд. Дар ин замина метавон навишти ҳарфи «у»-ро мисол овард, ки дар асоси риояи меъёрҳои вазъшуда, мустаъмал, суннатӣ, таърихӣ ва илмӣ як андоза ислоҳ гардид. Барои мисол, калимаҳое, ки то ин дам, бидуни зарурат, зери таъсири забон ва талаффузи бегона, иштибоҳан бо «ӯ»-и дароз навишта мешуданд, ба «у»-и кутоҳ иваз шуданд. Калимаҳое чун тӯб-туб, тӯп-туп, тӯра-тура, ҷӯра-ҷура, тӯс-тус, тӯтӣ-тутӣ, лӯнда-лунда, шӯра-шура, сӯфӣ-суфӣ, гӯшна-гушна, қӯшун-қушун, кӯҳна-куҳна, гӯлу-гулу, Зӯҳра-Зуҳра, чӯпон-чупон, гӯсфанд-гусфанд, мӯй-муй, калапӯш-калапуш, тӯппӣ-туппӣ, нӯг-нуг, тӯда-туда, тӯй-туй, тӯқум-туқум, тӯқумшуллук-туқумшуллук, тӯл-тул, тӯмор-тумор ва садҳо вожаҳои дигар, ки дар асорати «ӯ»-и дароз афтода буданд, аз асорат озод шудаву боиси осон шудани калимаҳое, ки бо «у» навишта мешаванд, дар имло, ба вижа таълиму тарбия дар мактаб, гардиданд. Бовар дорем, ки ин навъ ислоҳ андак-андак идома меёбад ва мо дар оянда билкул аз асорати «ӯ»-и дароз ва талаффузи бегона, ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ ба як гуруҳи кучаки шаҳрвандони мо таъсир гузоштааст, халос мешавем. Ин, албатта, аз меваҳои лазизи истиқлол маҳсуб мешаванд, ки ба манфиати илму адаб, фарҳангу маънавиёт ва ҳифзи асолати забони модариамон хидмат менамоянд ва созгоранд. Ҳамаи ин ислоҳи иштибоҳот ва ғалатҳои пешин ба хотири ҳифзи асолати забон ва имлою эҳёи талаффузи таърихию миллӣ ва худдорӣ аз савтиёти бегона анҷом пазируфтааст. Ба андешаи Мавлоно:
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Бозҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Бояд донист, ки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар асоси меъёрҳои вазъшудаю мустаъамал, устувору таърихӣ, илми овошиносии забони тоҷикӣ, бар пояи риояи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, таҳти №268) таҳия гардидааст. Дар ин қарор калимаҳое, ки бо «ӯ»-и устувори дароз навишта шудаанд, дар «Фарҳанги имло» нигаҳ дошта шудаанд. Гузашта аз ин, пешгуфтор, «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар Фарҳанг ба масобаи сармашқ ва раҳнамо барои хонандагон, ба вижа хонандагони макотиби миёнаву олӣ, илова шудаанд. Ба қавли шоир:
Набиштан зи гуфтан муҳимтар шинос
Ба гоҳи набиштан ба ҷо ор ҳуш!
Аз ин лиҳоз, мо бояд хурсандӣ намоем, ки имлоямон ислоҳ гардида, аз як садоноки иҷборӣ («ӯ»-и дароз), ки корбурди он ба талаффузи бегона вобастааст, озод мешавем. Гузашта аз ин, хонандагон дар имлои ин садонок, ки дароз талаффуз наменамоянд ва дар корҳои хаттии хеш (диктант, нақли хаттӣ, иншо) онро дароз наменависанд, дигар хато наменамоянд, баҳои паст намегиранд, балки баҳои баланд мегиранд. Инҷониб 32 сол дар мактаби миёна кор кардам, хонандаи бечора, ки ин овози бегонаро талаффуз наменамояд, тамоми калимаҳоро бо «у»-и кутоҳ менависад. Барои он ки садоноки «у»-ро дароз бинависад, маҷбур аст, ки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро ҳамроҳаш гирифта гардад ва ҳар лаҳза ба он нигоҳ кунад, то хато нанависад. Албатта, ин ба хонанда як навъ зулм аст. Зулм аз бегонагон не, аз ҳаммиллатон, аз ҳамнажодон. Ба қавли Ҳофиз:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.
Ва ҳам ӯ гӯяд:
Бокам аз туркони тирандоз нест,
Таънаи тироваронам мекушад.
Мусаллам аст, ки дар тули 1000 соли бедавлатӣ забони тоҷикӣ мавриди ғамхорӣ қарор надошт, бепуштибон буд, агарчи он худ аз худ дифоъ мекард, аммо вожагони бегона ҳар оина ба он ворид мешуданд, тарзи талаффузи бегона (арабӣ, туркию муғулӣ) таъсиргузор буд. Аз ин хотир, гарду ғубори зиёд бар сари он нишаста буд. Акнун дар замони озодӣ, соҳибдавлатӣ, ба вижа истиқлол, забон пуштибон пайдо кард. Аввал ба барномаҳои таълим ворид шуд, китобҳои сарфу наҳв навишта шуданд ва масъалаи имло ҳаллу фасли илмии худро пайдо намуд. Ба сифати мисол агар дар асри гузашта қариб ҳамаи калимаҳое, ки бо «у» навишта мешуданд, «ӯ» дароз доштанд, акнун он иштибоҳу ғалатҳо рӯ ба ислоҳ оварданд, зеро имлои «у»-и кутоҳ ва «ӯ»-и дароз дар вожаҳо муқаррар ва таъйин гардид. Агар мо китобҳои илмиву адабии асри гузаштаро мавриди варақгардонӣ қарор диҳем, ҳатто калимаҳои якум, дуюм, севум, чорум, панҷум, шашум (шиштум), ҳафтум… бо «ӯ»-и дароз навишта мешуданд, аммо баъдан он калимаҳо бидуни «ӯ»-и дароз навишта шуданд. Албатта, мо аз ин амал зарар надидем, балки фоида бурдем, имлоямон сода, осон ва дастрасии ҳамагон гардид, зеро «ӯ»-и дароз дар ин вожагон маънисоз набуданд ва нестанд. Пештар онро дустдорони талаффузи бегона дар ин калимаҳо менавиштанд, чун хатту саводи мо тараққӣ кард, пеш рафт, забоншиносии тоҷик такомул ёфт, сарфу наҳв, овошиносӣ, таърихи забон ва ғайра мавриди омузиши жарф қарор гирифт, донишмандон ба ин хулоса омаданд, ки садоноки «ӯ»-и дароз иҷборӣ ва орияту иқтибос аз бегонагону ҳамсоягон аст. Аз ин рӯ, аз навишти он дар имло худдорӣ карданро пеша карданд, бисёре аз калимоти «у»-дорро аз асорати «ӯ»-и дароз наҷот доданд. Ин наҷотбахшӣ аз «ӯ»-и дароз, асосан, дар замони истиқлол равнақ пайдо кард. Ин кор, пеш аз ҳама, аз «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013) шуруъ шуда буд. Ин амали таърихӣ ва барои илму адаби тоҷик муҳим ва зарурӣ дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2025) идома ёфта, садҳо калимаи дигари «у»-дор, ки қаблан, безарурат, барғалат бо «ӯ» дароз (зери таъсири талаффузи бегона) навишта мешуданд, бидуни «ӯ»-и дароз сабт ёфтанд, ки боиси хушҳолии мо ва тамоми форсизабонони олам, ки абадан «ӯ»-и дарозро талаффуз наменамоянд, гардид. Ҳамзамон, асолати забонамонро дар кишвар ва ҷаҳони форсизабонон таъмин намуд. Бино бар ин, мо аз ин ислоҳот, ки ба меъёрҳои аслии забонамон, аз ҷумла имлои таърихӣ, савтшиносии ориёӣ, илмӣ, миллӣ, такя менамояд, ҳарҷониба дастгирӣ менамоем, зеро, ба қавли Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, «акнун аз файзи Истиқлол мо имкон пайдо кардем, ки омузишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши дустон» ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёз надорад, анҷом диҳем…». Дигар:
В-агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомуш биншинӣ, гуноҳ аст.
Ҷамолиддин САИДЗОДА
