Чакан & 509…
Чакан бо “Оши палав” ва “Наврӯз” аз ҷониби ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд. Мавриди зикр аст, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, то ба имрӯз ин Рӯйхат 509 номгӯй урфу одат ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар гирифтааст. Баъди талошҳои панҷсолаи Тоҷикистон 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шуд.
Истилоҳи чакан
Вожаи «чакан» ниҳоят кадимӣ аст. Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қимматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногун- гул, барг, офтоб, моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Истилоҳи «чакан» дар забонҳои славянӣ низ дучор меояд. Масалан, «чеканка», «чеканит» – маънои нақш партофтан дар болои филизот, чӯб ва ғайраро дорад, ки аз вожаи «чакан»-и тоҷикии ориёӣ пайдо шудааст.
Гулдӯзӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ
Чакан дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ шудааст:
«Чакан 1 навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони Тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан 1 ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд».
ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст.
1001 ранги чакан
Рӯзҳои 17-19 апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Куруши Кабир Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор гашт. Дар фестивал маҳсули дастони ҳунармандони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Кӯлоб, ки маҳди чакан ин сарзамин аст, ба намоиш-фурӯш гузошта шуд. Ҳайати эҷодии газетаи СССР низ аз ин фестивал боздид ба амал овард.
Чакан мӯд шудааст!
18.04.2024. Соат бо вақти Душанбе 13:26 дақиқа. Гулчеҳра Язғулова, яке аз иштирокчиёни фестивал зимни суҳбат гуфт, ки таваҷҷуҳ ба либоси миллӣ, хосса чакан солҳои ахир ба маротиб афзудааст.
– Мо дар назди бинои истиқоматиамон маркази дузандагии худро дорем. Гулдӯзии (кашидадӯзии) Тоҷикон ҳунари қадима ба ҳисоб рафта, яке аз шаклҳои санъати амалӣ – ороишии мардумӣ ва қисми муҳими мероси фарҳангии умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Мақсад аз кушодашавии маркази омӯзишии дузандагӣ, ин гулдухтаронеро, ки дар хона бидуни кор нишастаанд ба касби гулдӯзӣ ҷалбу банд намудан аст. Мо ба шогирдони худ касбӣ дӯхтани куртаҳои миллӣ, чакан, попурӣ, курпачадӯзӣ ва дигар нозукиҳои касби дузандагиро меомӯзонем, – афзуд Гулчеҳра.
33 рафидаи “Очагӣ“
Ҳамсӯҳбати дигари мо Парӣ Шоева аз н.Шоҳмансури ш.Душанбе ҳам бобати ҳунармандии гулдухтаронаш нақл карда, афзуд, ки бо кӯмаки духтарону наберагон зиёда аз 33 рафидачаҳои чакани “очагӣ”-иро дар муддати 3 рӯз омода намуданд:
– Аз сабаби оне, ки замона тараққӣ кардаасту мардум рӯ ба пешравӣ оварда, наварӯсони мо аз ин фурсати муносиб истифода намуда, махсусан рафидачаҳои хурдро барои пухтани нон дар тафдончаҳо фармоиш медиҳанд. Арӯсони замонавӣ нонро дар чагдонча неву дар “духовка” пухта мегиранд. Рафидаи калон барои пухтани нони тунукча– чапотӣ аст. Рафидаи миёна барои пухта гирифтани кулчаҳо. Дар ҳамин ҳамоиш 1 “комплект” –и дастиямро 1 сайёҳ бо хурсандӣ бо маблағи 1500 сомонӣ харидорӣ намуд.
Кашидадӯзӣ
Бибимо Гадоева, ҳунарманди дигар аз н.Кӯшониён мегӯяд, ки бештар болиштҳои гулдӯзиро барои тую маъракаҳои мардум омода менамояд:
– 9 сол мешавад, ки ба духтани ҳунарҳои мардумӣ, махсусан чакандӯзӣ сару кор дорем. Маҳсули дастии кори бонувони ҳунарманди ноҳияро дар тамоми фестивалҳо ва намоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ намоиш додаем. Хориҷиён ҳунарҳои мардуми мо, бахусус нақши чакандузие, ки бо даст дӯхта мешавад, бениҳоят хуб қабул мекунанд…
Меросбари ҳунари аҷдодӣ
Ҳамсӯҳбати дигари мо аз шаҳри Хоруғ Иқболбӣ Абдураҳмонова гуфт, ки дар чорабиниҳои гуногуни зиёда аз 10 кишвари олам иштирок варзидааст.
– Ҳунари миллати Тоҷикро ба ҷаҳониён бурда, исбот намудам, ки миллати Тоҷик бо ҳунарҳои мардумиаш аз кули мардуми дигар аз замин то ба осмон фарқ мекунад. Чакан, сӯзаниву гулдӯзӣ, тоқиву ҷӯробдӯзиро аз модари ҳунармандам омӯхтаам. Имрӯз бошад, гулдухтаронам меросбари ҳунари аҷдодӣ шудаанд. Бештар дар ин намоиш диққати ҷавондухтарон ба расму оини аҷдодист. Ҳамаи гулдухтарони Душанбешаҳр рӯ ба куртаҳову поҷомаҳои Тоҷикӣ оварда, зиёдтар тоқичаҳоро харидорӣ намуданд, ки ьбоиси фараҳмандист. Кош ҷавонмардон низ либоси миллӣ мепӯшиданд.
Чакани кӯлобӣ
Бо ин, ки ин оин дар тамомии Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад, вале бе шакку тардид, Чакан навъе аз кашидадӯзии миллии Тоҷикист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он бештар паҳн гардидааст. Аксаран бонувон шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд. Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносон аз шаҳри қадимаи Фархор гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми Тоҷик аз қадим ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур шуд.
Омирона Достиева, СССР,
А.Собир, суратгир – оператор
