Дуруд ба СССР-и гиромӣ! Бо назардошти вазъи камобӣ дар НБО Норак ва мушкилоти барқ дар кишвар чанд пешниҳод доштам ва умедворам роҳбарияти соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳ хоҳанд кард.
Тоҷикистон дорои захираи калони гидроэнергетикӣ мебошад. Дарёҳои Тоҷикистон, ки аз куҳпораҳо ҷорӣ мешаванд, суръати ҷоришавии тез доранд. Аз ҳамин хотир мо метавонем, ки садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ин дарёҳо бисозем.
Дигар, ки чаро неругоҳҳои барқии офтобӣ насозем ё аз батареяҳои офтобӣ бештар истифода набарем?
Сеюм, дар кишвари мо 70 элементи химиявиии таблитсаи Менделеев, аз ҷумла уран мавҷуд аст. 1 грамм урани фаъолкардашуда дар ҳолати реаксияи занҷирии ядроӣ ҳамон қадар энергияи гармӣ ҷудо мекунад, ки баробари 2 тонна ангишт аст. 1 кг урани фаъол баробари ҳазорҳо тонна ангишт гармӣ ҷудо мекунад.
Вақт ва вазъият тақозо мекунад, ки дар андешаи бунёди нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ва офтобӣ бошем.
Ҷаббор Мирзоев,
н. Мастчоҳ,
Тел: 920161670
