Саймурод Носиров, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Кӯлоб меҳмони идора шуда, гуфт, ки аз истироҳат дар осоишгоҳи “Харангон”-и Агентии ҳифзи иҷтимоӣ баргаштааст.
– Ман ҷанговари башардӯст ҳастаму соле 1 маротиба ҳуқуқ дорам дар осоишгоҳи “Харангон” истироҳат карда, табобат гирам. Имсол роҳхатро барои 12 рӯз доданд, вале вақте ба осоишгоҳ рафтам, гуфтанд, ки ҳамагӣ 6 рӯз барои истироҳат вақт дораму халос. Вақте сабаб пурсидам, гуфтанд, ки ин дастур аз ҷониби Агентии ҳифзи иҷтимоӣ дода шудааст. Агар ин тур аст, пас чаро роҳхатро барои 6 рӯз неву барои 12 рӯз менависанд? Чаро ҷанговарони башардӯстро фиреб медиҳанд?
