12 апрели соли 1961 дар таърихи башарият саҳфаи тоза ва пурфараҳе боз шуд. Он рӯз нахустин одам – шаҳрванди Иттиҳоди Шуравӣ Юрий Алексеевич Гагарин ба кайҳон парвоз кард. Ӯ гирди Заминро дар давоми 1 соату 48 дақиқа, дар киштии кайҳонии «Восток» давр зада, сиҳату саломат фуруд омад. Барои ин корнамоӣ, пеш аз муҳлат ба рутбаи майор ва унвони олии давлатии СССР-Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид (1961).
Ба ин муносибат, рухдоди таърихӣ – парвози инсон ба кайҳон сокинони сайёра, бавижа шаҳрвандони ҷамоҳири Иттиҳоди Шуравӣ шодмонӣ мекарданд. Фавҷ-фавҷи одамон сар аз пахши навиди радиои бо садои марғуладори диктори маъруфи советӣ Левитан ба сараку хиёбонҳо рехтанд. Ҳама нишот доштанд, механдиданду суруд мехонданду мерақсиданд, аз сидқ гулбӯӣ мекарданд, аммо…
Пленуми VII КМ ПК Тоҷикистон
Дар он лаҳзаҳои пурнишот, дар қалби Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон – шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) ба гуфтаи халқ раёсати кишвар «куртаи ғам пора мекард». Возеҳтараш 11-12 апрел дар Комитети Марказии ҳизбӣ таҳти «роҳбарии» котиби КМ КПСС Ф.Р. Козлов Пленуми VII КМ ПК Тоҷикистон бо мунозираҳои тунду тез ҷараён дошт. Дӯстону ҳамсафони дирӯза кунун ба сари Котиби якум Турсун Улҷабоев борони маломат мерехтанд ва ба ҳама буду набуди камбуди ҷумҳурӣ ӯро муттаҳам мекарданд.
Пленуми «сархӯр» ниҳоят бо ҷурми барои талоши шуҳрати бардурӯғ, нокомӣ дар кор, фиреби ҳизб, давлат ва халқ, изофанависии доимӣ дар ҳисоботи тайёр кардани маҳсулоти пахта котиби якуми ПК Тоҷикистон Турсун Улҷабоев, котиби КМ Пётр Обносов ва Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Назаршо Додхудоевро аз вазифа сабукдӯш ва Т. Улҷабоевро аз билети ҳизбӣ маҳрум намуд…
Ҳич кас нагуфта, ки дар фаъолияти рӯзмарраи роҳбарияти онвақта камбуду норасоиҳо ҷой надошт ба назар намерасиданд ва инро касе инкор карданӣ нест. Ин амалкарди Москва асосеро дар худ ниҳон дошт. Ва онро боис саркашии Котиби якум Турсун Улҷабоев дар напазируфтани номзад ба мансаби Котиби КМ ПК Тоҷикистон (Ковал) – пешниҳоди Котиби якуми КМ КПСС Никита Сергеевич Хрушёв буд. Хрушёв аз беэҳтиромии дӯст ва зердасташ Т. Улҷабоев ранҷида, аз пайи тарҳрезии чунин як амали тақдирсоз шуд ва оғоз гардид тафтишу комиссияборон. Шуруъ аз сатҳи колхозу совхозҳо, райком, горкому обком ва то ба боло, як «қиёмат» соҳибмансабонро аз вазифа гирифтанд. Қисми муайянеро бо «гуноҳҳои собитшуда» ба муҳлати зиёд пушти панҷара нишонданд. Муфаттишони марказӣ ба таъбири халқ «барои як кайк» пӯстинҳои зиёдеро сӯзонданд. Ва ин ҳамаро омад-омад, «қадами номуборак»-и Котиби ояндаи ПК Тоҷикистон Ковал боис гашта буд.
Номовар
Яке аз чунин ҷабрдидаҳои он давра раиси колхози ба номи Сталини ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат)-и вилояти Сталинобод, Устоди пахтаи Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Хоҷа Зиёбеков буд.
То ба нахустсуҳбат бо писари ин марди даврон, омӯзгори собиқадор Акрамҷон Зиёбеков аз рӯзгору заҳматҳои раиси номошно хабаре надоштанд. Баъдан, давоми солҳои тулонӣ дар бораи раис матлабе ҳам варнахӯрдаам.
Маълум гашт, ки Хоҷа Зиёбеков иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 будаанд. Чун банда ба диловарони он ҳарб эҳтироми зиёдро қоилам, дар пайи навиштани матлабе дар бораи қаҳрамони ҷабҳаи ҷангу меҳнат, раиси овозадор Хоҷа Зиёбеков андешидам.
Хоҷа Зиёбеков
21 январи соли 1914 дар деҳаи Ҷартеппаи ҷамоати Хоҷабойқули ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат)-и собиқ вилояти Сталинобод, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Маълумоти асосиро дар мактаби деҳа гирифта, аз 17-солагӣ ба хоҷагии коллективӣ (колхоз) пайваст. Ҷавони қобилу уҳдабаро узви колхоз (аз соли 1930), иттифоқи касаба (аз соли 1934), колхозчии зарбдор (1935) Хоҷа Зиёбеков бомаром қуллаҳои нав ба нави меҳнатиро фатҳ мекард.
Номбурда соли 1931 донишҷӯи Институти муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд мешавад. Пас аз хатми донишкада ӯро муаллими синфҳои ибтидоии мактаби деҳаи Ҷартеппа таъин мекунанд. Солҳои 1935-1942 ӯ ҳамчун ҷавони босавод дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шуъбаи молияи ноҳияи Орҷоникидзеобод масъулият дошт.
Ҷанг
Хоҷа Зиёбеков бо оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чанд маротиба кӯшиши ба ҷабҳа рафтанро кард, аммо иҷоза нашуд. Ниҳоят 5 апрели соли 1943 аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Орҷоникидзеобод даъватнома гирифт.
Ҷавонмарди таҳамтан сар аз моҳи майи сол 1943 то моҳи майи соли 1945 дар муҳорибаҳои зиёд, дар ҳайати полки 4-уми тирандози дивизияи 10-уми тирандози эҳтиётии фронти 1-уми Белоруссия бар зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Ӯ дар озод кардани шаҳру деҳоти қисмати аврупоии СССР, кишварҳои Полша ва Германия саҳм гирифта. Аммо барои шертани тоҷик ғалаба ба осонӣ ба даст наомада. Сержанти хурди тирандоз Хоҷа Зиёбеков дар соли 1944 ду дафъа аз пойи рост ҷароҳати сахт ва як бор аз пойи чап ҷароҳати сабук бардошта бошад ҳам, баъди ҳар бори рухсат шудан аз госпитал боз ба қисми ҳарбии худ баргаштааст.
Диловарӣ дар ҷабҳа ва хизмати шоистаи ҷанговар Хоҷа Зиёбеков бо медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ва «Барои озодсози Варшава» (медал қаҳрамонро моҳи майи соли 1958 пайдо карда) қадрдонӣ гашта. Баъдан солҳои осоишта Хоҷа Зиёбеков бо медалҳои 25, 30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 50, 60, 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР мукофотонда шудааст.
Ҷабҳаи меҳнат
Пас аз бозгашт аз фронт ҷанговари зафарёрро котиби ҷамоати Хоҷабойқул (ҳоло Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов) таъин мекунанд. Ва собиқаи чаҳорсолаи корӣ дар оянда (1945-1949) дар ин вазифа кор дод.
Соли 1949 дар рӯзгори ин марди меҳнат саҳфаи тозае боз шуд. Деҳқонон Хоҷа Зиёбековро раиси колхози ба номи Сталини ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира хоҷагии «Гулистон») интихоб намуданд ва ӯ 12 сол ин вазифаи муҳими хоҷагидориро пеш бурд. Дар ин давра, хоҷагии мазкур таҳти роҳбарии раиси заҳматкашу қобил ба яке аз колхозҳои пешқадами ноҳия ва ҷумҳурӣ табдил ёфт. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии колхозчиён боло рафта, баробар бо он сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Колхози мазкур, бахусус дар самти парвариш ва истеҳсоли пахта, ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардид.
Солҳои 50-уми асри XX давраи гулгулшукуфии колхози ба номи Сталин ва раиси он Хоҷа Зиёбеков буд. Ҳукумати давр хизмати раиси маъруфи водиро 14 майи соли 1953 бо унвони Устоди пахтаи Тоҷикистон ва соли 1957 бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор донист. Пеши бари раисро, ҳамчунон, орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ» ва медалҳои зиёди ҷангиву меҳнатӣ зеб медоданд. Соли 1955 Хоҷа Зиёбеков депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати IV) интихоб гардид.
Раиси номварро моҳи январи соли 1952 вакили сеъезди пахтакорони РСС Тоҷикистон интихоб намуда, моҳи феврали соли 1958 дар Маҷлиси умумииттифоқии пахтакорони СССР, дар шаҳри Москва ширкат меварзад. Се сол пайи ҳам (1956, 1957, 1958) дар Намоишгоҳи умумииттифоқии хоҷагии халқ дар шаҳри Москва ширкат варзида, барандаи медали нуқраи бузург мешавад.
Бо ташаббусу ғамхориҳои депутати совети қишлоқи Қарасуи ноҳияи Орҷоникидзеобод (3.3. 1957, 10.3.1959, 1961) ва депутати Шурои Олии РСС Тоҷикистон (1955) Хоҷа Зиёбеков дар ҳудуди хоҷагӣ бинои мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ сохта мешаванд. Аз ҷониби раёсати хоҷагӣ ба мактабҳо ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ мудом кумакҳои моддиву молиявӣ расонда мешуд. Аз ҳамин рӯ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Хоҷа Зиёбековро бо нишони Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон (22.8.1960) қадр мекунад.
Гирудор
Соли 1960 бинобар сабаби маълум аз тарафи КМ КПСС нисбати роҳбарияти олии РСС Тоҷикистон барои иҷро накардани «супориши шахсӣ» ҳамчун муҷозот санҷиши фаврии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Ҳангоми санҷиши «мӯшикофона» гӯё дар фаъолияти як зумра роҳбарони колхозу совхозҳо, шаҳру ноҳияҳо, бахусус хоҷагиҳои пахтакор, камбудиву норасоиҳои зиёд, аз ҷумла изофанависӣ дар истеҳсоли пахта ошкор гардид. Бо назардошти «гуноҳҳои собитшуда» як зумра роҳбарони гуногунсатҳи хоҷагиҳои ҷумҳуриро аз вазифа гирифта, қисме аз раисони колхозу совхозҳо ва роҳбарони ҳизбию давлатиро ҳабс намуданд.
Дар ин қатор, аз ноҳияи Орҷоникидзеобод котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Р. Мавлонов, раисони номдори хоҷагӣ, ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қара Дӯстов ва Хоҷа Зиёбеков равонаи зиндон шуданд.
Ҳамин хел Хоҷа Зиёбекови маъруф 10 соли ҳаёти хешро (1961-1971) пушти панҷара гузаронд.
Адолат
Бо гузашти солҳо, паст шудани ҳамҳамаи изофанависӣ дар кишвар, Суди Олии РСС Тоҷикистон, парвандаҳои солҳои 60-умро мавриди баррасӣ қарор дода, бинобар бе гуноҳ ҳукми судӣ гирифтану маҳбус шудани қисми аз ононро собит намуда, бо қарори худ онҳоро сафед кард. Бо икрори фарзанди Х. Зиёбеков Акрамҷон Зиёбеков, дар он қатор Р. Мавлонов, Қ. Дӯстов ва Х. Зиёбеков низ, будаанд.
Хоҷа Зиёбеков баъдан дар совхози махсусгардондашудаи чорвопарварии ба номи Э. Телмани ноҳияи Орҷоникидзеобод, дар вазифаи сардори бригадаи боғпарварӣ масъулият дошт. Раиси номвар соли 1974, 11 феврал ба нафақа (70 рубль) баромад. Моҳи октябри соли 1990, ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафақаи Хоҷа Зиёбековро баланд бардоштанд (107 рублу 50 копеек).
Раиси овозадори кишвар Хоҷа Зиёбеков 31 июли соли 1994 дар 80-солагӣ ба дори дунё пайваст.
Ба андешаи ғолиб имрӯз вақти он расидааст, ки аз фарзандони заҳматкаши Ватан ёд орем ва ному меҳнати рӯзафзуни онҳоро ба ҳукми фаромӯшӣ напартоем.
Умари ШЕРХОН
