
Ҳар он кас, ки Шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад паҳлавонӣ кунад!!!
Қаҳрамони имрӯзаи очерки портретии мо на танҳо шаҳномахонӣ, ки Шаҳномабозӣ кардаанд. Ин аст, ки бо гузашти ним аср ӯро чун Гурдофариди Тоҷик ном мебаранд…
Филми «Рустам ва Суҳроб», ки давоми киноэпопеяи «Достонҳои Шоҳнома» буд, дар соли 1971 наворгирӣ шудааст. Ба таҳқиқ Борис Кимягарови яҳудитабори тоҷик хизмате, ки бо ин киноҳояш дар таърихи худшинохти тоҷикон кардааст, шояд ягон нафаре накарда бошад. Ӯ «Шоҳнома» – ро ба ҷаҳониён, ба вежа худи мо – Тоҷикон ошно кард.
Дуруст аст, ки то ин дам ҳам «Шоҳнома»- ро мо «медонистем», вале дар доираи дарсҳои алоҳидаи мактаби миёна. Авомуннос аз китоби ҳамноми Сотим Улуғзода ва чанд нафаре бештар ин шоҳасарро дар факултаи филология медонистанду бас. Вале Кимягаров онро халқӣ, мардумӣ, умумитоҷикӣ ва ҳатто умумисоветӣ гардонд! Ва онгуна, ки фарҳанги номгузории мо саршор аз исмҳои гӯшнавози Рустам, Суҳроб, Бежан, Манижа, Рудоба, Сиёвуш ва ҳатто Судоба шуданд (Судоба қаҳрамони манфури манфӣ буд, вале нақшашро Светлана Орловаи нозанин тавре бозид, ки дар чашми бонупарастон роли мусбӣ гардид!).
Вале ин ҳама 1 сӯ, аммо набуддд, дар он даврон 1 ҷавонмарди ҳузарби зангире, ки ошиқи Гурдофарид (она же Сайрам Исоева) нашуда бошад. Ман, Тоҷикистонро дар назар надорам, хонанда. Осиёи Марказиро низ намегӯям. Ман давлати СССР ва аҳолии 130 миллионнафараи онро дар назар дорам (соли 1971 аҳолии давлати шуроҳо 130,6 млн нафар буд). Танҳо кулоҳ аз сар пеши шавҳари ин бонуи нозанин мегирам, ки чигуна аз рашк насӯхт. Воқеан ҳам ишқи онҳо аз даврони студентӣ маншаъ мегирад ва абадист!!!
Дуруст аст, ки нақши Сайрам Исоева дар ин филми ба масале «экшон а ля голливудӣ» марказӣ набуд. Вале ӯ нақши №2-ро ончунон бозид, ки дар тули 52-соли баъди рӯнамоии ин филм низ мардум бо ҳавас, духтарони худро Гурдофарид ном мениҳанд. Ва агар дар таркиби оила 1 Гурдофарид бошад (дар мо 2 ном манъ аст-ку?), пас ҳатман номи духтари 2-ро Сайрам мегузоштанд. Ин ҳама аз иззати ҳунари 1 гулдухтари тоҷик будӣ, ки доди ҳунарро дар ин филм додааст.
Ман, ки ҳамакнун Ҳошим Гадоро хеле хуб мешносам, танҳо ба Сайрам Исоева тан медиҳам, ки чигуна зарби шамшеру камару каманду кашмакаши Суҳробро дар ин филм тоб додааст. Ҳунармандон медонанд, ки ман чиро дар назар дорам!!! Рӯиҳамрафта, тавре худи бону Исоева мегӯянд, пас аз «кинопробаҳо» бо чанд актёри номдор, ӯ гуфтааст:
– Суҳроби ман дар ин филм танҳо Ҳошим Гадост!!! Ва розӣ нашудааст, ки бо дигарон машқу тамрин кунад…

Таваллуди ситораи синамо
Сайрам Исоева, ҳунарманди халқии РСС Тоҷикистон (1987), узви Иттифоқи синамогарони СССР (1973), 24.11.1942 дар Сталинобод ба дунё омада, расо 29 сол ба баъд ин дунёро бо ҳунару матонату латофату зебоӣ тасхир кард. Дар соли 1964 Институти театрӣ – бадеии Тошкандро хатм карда, ҳамон сол ба Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Пушкини вилояти Ленинобод ба кор омад. Ӯ шояд ягона нафарест, ки ба труппаи театрии аввалини худ содиқ монда, новобаста ба шуҳрати оламфарогираш дар Хуҷанд боқӣ монд. Маҳз Сайрамҳо буданд, ки театр дар музофот на танҳо фавт наёфт, ки рушд кард. Зимнан умри ин бонуи ҳунар худ майдони муҳорибаест, ки на камтар аз ҷонфидоии Гурдофаридро дархост дорад. Мо метавонем!
Нақшҳои калидии ситора
Шуруъ аз нақши аввалинаш дар намоиши «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) ӯ ба ҳаводорони театри Тоҷик мужда овард, ки «ҳон, канора истед, ки Ситора таваллуд шуд!». Беш аз 100 нақш дар пйесаҳои театрӣ офаридааст, бо шумули Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М.Байҷиев), Робия («Суруди нотамом»-и А.Атобоев), Аза («Лулидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А.Гусев), Мирандолина («Соҳиби меҳмонхона»-и П.Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ), Сотӣ («Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад) ва ғ.
Коргардони чанд спектакл, ба монанди «Маугли»-и Р.Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Дустӣ», «Сайр дар соли нав»-и С.Исоева, «Исёни арӯсон»-и С.Аҳмад, «Арӯси шаҳрӣ»-и Н.Исломов мебошад.
Дар филмҳои мондании киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Ӯзбекфилм» нақшҳои Гулнор «Духтари сеюм»-и Анвар Тӯраев (1969), Гурдофарид «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика «Агар дӯст дорӣ» (коргардон А.Қуддусов), Малика «Қӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов), Майсара «Саргузашти Майсара»-ро дар сатҳи олӣ бозидааст.
Бегумон ҳар нақше, ки Сайрам Исоева мебозид фардо шлягер мешуд ва ибораҳои гуфтааш ибораҳои бехтаи мардумӣ мегардид. Ёд оред, Сотӣ-нақши ӯро аз «Исёни Арӯсон», ки фавориткаи хушдоманро чигуна мебозид бо нидоҳои хандакафони тамошобинон. Ва ҳамакнун худро ба филми «Духтари савум» занед, ки роли гулдухтари бинокори сахт ҷиддиро чигуна мебозад. Гурдофаридаш тамоман гӯйи сабқат аз чанги ҳунармандони саршиноси шуравӣ мерабуд. Яъне дар ҳар нақш ӯ онгуна дигар мешуд, онгуна тағйир мехӯрд, онгуна нақш меофарид, ки танҳо муяссари ҳунарманд аз Худо буда метавонад…
Нақшҳои ӯ дар киноматеграфияи СССР
(бо забони русӣ, ки фаҳмотаранд):
1997, Минувшие дни – Ӯтган кунлар (Узбекистан) главная роль,
1989, Восточная плутовка | Майсаранинг иши Майсара — главная роль,
1987, Случай в аэропорту мать Саидова.
1986, Здравствуйте, Гульнора Рахимовна! учительница математики.
1986, Алмазный пояс Садриева.
1985, Джура – охотник из Мин-Архара мать Джуры.
1984, Позывные «Вершина»
1983, Семейные тайны, Зумрад, сестра Султанходжи.
1983, Пророк из Галатепе | Галатепалик Авлиё (короткометражный) Зубайда, вдова.
1983, Подарок, мать Исмата.
1982, Переворот по инструкции 107, Халима Атаджанова — главная роль, врач.
1982, Если любишь… Малика.
1982, Две главы из семейной хроники, Сайрам.
1981, Радуга семи надежд, Паризат.
1981, Преступник и адвокаты, Завуч.
1980, Какие наши годы! Аминахон, мать Майи.
1978, Чужое счастье, Турдыхон — главная роль.
1978, Хорезмийская легенда, Царица Рапой.
1977, Дом под жарким солнцем | Jazirama quyosh ostidagi uy Зайнаб, старшая сестра Эркина.
1974, Одной жизни мало, Саида.
1973, Чинара, Умидова.
1973, Одна среди людей, Надира — главная роль.
1973, Встречи и расставания, жена Хафиза.
1972, Ураган в долине, Рохат.
1971, Рустам и Сухраб, Гурдофарид.
1970, Третья дочь, Гульнора, дублировала Екатерина Воронина (Фидрых).
1967, Войди в мой дом, Сайрам.
1966, Белые, белые аисты | Лайлак келди, ёз бӯлди, Малика — главная роль.
1965, Прозрение, Фарида Садыкова, дублировала Серафима Холина.
1964, Жизнь прошла ночью, Адолатхон.
1962, Тишины не будет, Лутфия…
PS: Чанде пеш СССР ТВ меҳмони Сайрам Исоева, дар гримхонаашон дар Театри Камоли Хуҷандӣ буданд, ки суҳбати вежаи моро дар Ютубканали мо метавонед пайдо ва тамошо кунед. Мо Метавонем!!!
