Сокинони деҳаи Қалъаи Ҳоҷии ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии н.Деваштич чанд маротиба аст, ки ба редаксия муроҷиат карда, дар бораи мушкилоти норасоӣ ва тақсимоти нодурусти қувваи барқ, бо ин сабаб зуд-зуд аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ ва нарасидани об ба заминҳои кишоварзӣ шикоят мекунанд. Деҳқонон, ки асосан ба кишти картошка машғуланд, мегӯянд, ки бо иллати норасоии об картошка дар зери замин сухта, маълум нест, ки тирамоҳ ҳосили чигуна ба даст меояд. Дар пайи ин мактуби шикоятӣ бо супориши редаксия мо роҳ гирифтем сӯи ноҳияи Деваштич. Рррафтеммм…
Харҷ зиёду ҳосил кам
Ҷумъабой Яҳёев, омӯзгор, собиқ раҳбари хоҷагии деҳқонӣ, имрӯз нафақахури маъюби гуруҳи 1, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР яке аз нахустин нафаронест, ки дар бораи аз беобӣ дар зери замин сухтани кишти картошка бонги хатар задааст.
– Мардуми мо асосан картошкапарваранд ва ҳамасола наздики 300 га картошка кишт мекунем. Дар деҳа 50 чоҳи артезианӣ мавҷуд аст, ки оби онҳо ба заминҳои кишт намерасад. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ имсол майдони кишти картошка дар н.Деваштич боз 1000 га зиёд карда шуд. Аз он ҷумла, сокинони деҳаи мо низ азм карда, соли равон майдони кишти картошкаро афзоиш доданд. Бархе заминҳои алафкоридаро дубора коркард карда, картошка шинонданд. Вале муттаассуф, норасоии об айни замон проблемаи №1 буда, картошкаи коридаи аксари деҳқонон дар зери замин сухтаву пӯсида истодааст. Сабаб он аст, ки зеристгоҳи барқии минтақаи Исмоили Сомонӣ, ки зертобеи «Шабакаҳои барқии Истаравшан» аст, тақсимоти қувваи барқро махсус барои деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ нодуруст ба роҳ монда, мардум аз пасту баланд шудани шиддати қувваи барқ, қатъу васл шудани он ба дод омадаанд.
Ҳамин ҳоло пас аз ҳар 4 соат қувваи барқ қатъ мегардад. Бо ин сабаб нассосҳои обкашӣ тез – тез аз кор монда, месӯзанд. Мардум нассосҳоро аз ҳисоби худ таъмир мекунанд. Гоҳо барои таъмири 1 нассос то 6,5-7 ҳазор сомонӣ меравад ва кишоварз маҷбур аст ба хотири ҳосили фардояш ин маблағро сарф кунад – мегӯяд Ҷумъабой Яҳёев.
Марги деҳқон дар сари замин
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР раиси маҳаллаи деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ Салоҳиддин Мадалиев иброз дошт, воқеан чунин проблемаҳо ҷой дошта, мардуми картошкапарвари деҳа дар 1 ҳолати ногувор мондаанд.
– Барои 1 га картошка мардум харҷи зиёд мекунанд, ман танҳо поруи мурғ ва заҳрхимикатҳоро ҳисоб мекунам: нархи 1 мошин поруи мурғ 3,5 ҳазор сомонӣ, нархи заҳрхимикатҳо ба ҳама маълум – аз 700 то 1000 сомонӣ барои 1 халта, андозу пули барқу обро ҳисоб намекунем, маблағи ҳангуфт мешавад. Барои 1 га замин деҳқон то 30-40 ҳазор сомонӣ дар 1 мавсим сарф мекунад, аммо вақте ҳосил намегирад, ин хароҷотро аз куҷо пӯшонад? Проблемаи №1 ин об ва тақсимоти ноодилонаи қувваи барқ аст.
Бубинед, дар ягон деҳаи дигари ҷамоати Исмоили Сомонӣ ва дар умум ноҳияи Деваштич чунин нест, мардум на аз норасоии барқ танқисӣ мекашанду на об. Дар оғози мавсим мо аз руи супоришҳои МИҲД н.Деваштич заминҳои картошкаро афзоиш додем, акнун аз беобиву бебарқӣ деҳқон ҳайрон мондааст. Мушкил аз моҳи май сар шуда, то ба имрӯз идома дорад ва касе аз масъулин ба он таваҷҷуҳ намекунад, – гуфт Салоҳиддин Мадалиев.
Сокинон мегӯянд, ки маҳз бо сабаби норасоии обу пасту баланд шудани қувваи барқ, гирифтани кредити калон ба хотири кишти картошка ва сӯхтани он дар зери замин яке аз хоҷагидорони деҳа Шавкат Азизов, соли таваллудаш 1974 дар сари замин вафот мекунад. Табибон сабаби марги ӯро инфаркт гуфтанд…
Айби система, маҳалбозӣ ё қасдгирӣ?
Пас аз шунидани арзи деҳқонон Ҷумабой Яҳёев, Салоҳиддин Мадалиев ва Ашӯрмаҳмад Қозиев мо роҳ гирифтем сӯи идораи ҷамоати Исмоили Сомонӣ. Раиси ҷамоат Алиҷон Муҳаммадиевро мо дар идора пайдо накардем, кормандонаш гуфтанд, ки мавсуф ба маркази ноҳия рафтааст ва бояд дар ҷаласаи муаррифии прокурори нави н.Деваштич иштирок намояд.
Одатан чунин масъалаҳо, ки ба ҷамоат марбутанд, бояд дар худи ҷамоат ҳаллу фасл шаванд, вале мардум мегӯянд, раиси ҷамоат Алиҷон Муҳаммадиев аз ин масъала сарфи назар карда, ба арзу доди сокинон намерасад. Шояд сабаб дар он бошад, ки Алиҷон Муҳаммадиев зода ва сокини деҳаи дигар аст. Раис ва кормандони «Шабакаи барқии минтақаи Исмоили Сомонӣ» ҳам бо раиси ҷамоат ҳамдеҳа буда, гӯиё барқасдона барқи деҳаи Қалъаи ҳоҷиро қатъу васл ва шиддаташро коҳиш медиҳанд.
Дар «Шабакаи барқии минтақаи Исмоили Сомонӣ» мо касеро пайдо накардем. Новобаста аз он, ки рӯзи корӣ ва соат 15:00 буд, дарҳои корхона баста буданд. Яке аз кормандони ин зеристгоҳ, ки нахост бо мо дар бораи мушкили кишоварзони деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ суҳбат кунад, гуфт, ки тамомии хатҳои барқӣ куҳнаву фарсуда ва аҳолӣ низ зиёд шуда, таъминоти пурраи барқро анҷом додан мушкил аст. Барои ҳамин ба муштариён тибқи реҷа қувваи барқ дода мешавад. Ин айби системаи куҳнашудаи барқӣ аст, на маҳалбозӣ!-афзуд ӯ.
Аммо Ҷумъабой Яҳёев бар бовар аст, ки раҳбарияти зеристгоҳ дар якҷоягӣ бо раиси ҷамоат қасди соли гузаштаро аз мардуми деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ бо ин роҳ гирифта истодаанд. Соли пор мухбири мо Баҳодур Уроқови раҳматӣ аз пайи ин шикоят ба деҳаи мазкур омада буду он замон раиси зеристгоҳи минтақаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Калининобод) Шораҷаб Қаҳоров ва раиси ҷамоату директори «Шабакаҳои барқии Истаравшан» Азамат Қурбонов мушкили мардумро ҳал карда буданд. Ва ҳамакнун қасдгирӣ ва маҳалбозӣ доранд…
Кишт 1000 га зиёд шуд, аммо…
Тавре дар суҳбат бо мухбири мо Мирзо Мирзоев, сардори Раёсати кишоварзии н.Деваштич таъкид дошт, соли ҷорӣ дар миқёси ноҳия мувофиқи ченаки тасдиқнамудаи мутахассисони идораи замини кишвар дар майдони 5484 га кишти картошка гузаронида шуд. Дар ҳамаи бахшҳо бошад дар ноҳия зиёда аз 7 ҳазор га кишти картошка анҷом дода шудааст, ки аз нақша барзиёд аст. Яъне кишоварзони н.Деваштич имсол дастури Сарвари давлатро дар робита ба 1000 га зиёд намудани замини кишти картошка иҷро карданд.
То ҷойе мо итиллоъ ёфтем, дар мулоқот бо сокинони деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ раҳбарияти «Шабакаҳои барқии Истаравшан» гуфтаанд, ки барои ҳалли масъалаи мазкур бояд аз маркази ноҳия хатҳои нави баландшидат кашида, 2 трансформатори нав дар деҳаҳои Муҷун ва Қалъаи Ҳоҷӣ гузошта шавад, аммо барои ин маблағ нест. Кишоварзон иддао доранд, ки гап сари хатҳои баландшиддат ва трансформатори нав нест, гап сари тақсимоти ноодилонаи барқ аст, ки барои «Шабакаҳои барқии Истаравшан» дуруст ба роҳ мондани он ҳеҷ мушкилӣ надошта, маблағи иловагиро талаб ҳам намекунад.
Дӯсти ҳукумат ё хирс?
МИҲД н.Деваштич ва мардуми заҳматкаши деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро иҷро намуданд, вале чаро сохтору идораҳои дигаре, ки дар минтақа мавҷуданду бояд барои амалӣ ёфтани дастуру супоришҳои Президенти кишвар мусоидат намоянд, аз ин кор сарфи назар мекунанд? Манзури мо боз ҳамон «Шабакаи барқии минтақаи Исмоили Сомонӣ» раисаш Шораҷаб Қаҳоров ва ҷамъияти «Шабакаҳои барқии Истаравшан» директораш Азамат Қурбонов мебошад. Муттаассуф касе аз раҳбарияти ин идораҳо бо гузашти 2 ҳафта ҳозир нашуд бо мо суҳбат карда, масъаларо шарҳ диҳад. Аз ин рафтори хунукназаронаашон ба мардуми кишоварз ва журналистон маълум аст, ки онҳо «дӯсти хирс»-анд. Лекин кадом хирс, суолест матраҳ…
Мо мавзуъро пайгир мемонем
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А.Собир, суратгир – наворбардор,
Душанбе – Деваштич – Душанбе
