Ҳанӯз се сол пеш ба хотири обёрӣ гаштани шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва дар ин пасманзар, шодоб намудани ҳазорон гектар заминҳои лалмиву бекормондаи ин мавзеъ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ин минтақа, ки дар доираи назари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наздик ба 10-соли пеш афтодаву бо супориши махсуси ӯ мақомоти масъули давлатӣ мебоист ҳар чӣ зудтар тарҳи сохтмони Кӯлобдарёро аз рӯди Панҷ барангехтаву то ба шаҳри Кӯлоб мекашонданд, мақолаҳои таҳлилӣ дар 2 ҳафтаномаи ҷумҳуриявӣ рӯйи чоп оварда будем. Вале мутаассифона, бо гузашти вақт боз ҳам ин проблемаи муҳими давлатӣ ҳалли худро наёфт. Гузашта аз ин, тайи ин муддат ҳам нафаре аз давлатмардон ва ҳам роҳбарияти Ҳукумати марказӣ дар оғозу анҷоми ин амалиёт, хасеро болои хас намондаанд. Мо тасмим гирифтем бори дигар сари мавзуъ баргардем ва аз масъулини бемасъулият ва иҷрокунандагони фармону супоришҳо талаб намоем, то дар иҷрои супоришҳои роҳбари давлат ва беҳдошти сатҳи зиндагонии раъият саҳим бошанд.
Супориш: Кӯлобдарё сохта шавад!!!
Чанд сол муқаддам, аниқтараш дар пайи бунёди иншооти 2700-солагии Кӯлобшаҳр дар солҳои 2005-2006-ум, Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ин шаҳри бостонӣ ба масъулини баландпояи Ҳукумати марказӣ, сарвазир ва муовинонаш, раиси вақти ҳукумати вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб, кумитаву вазоратхонаҳо супориши қатъӣ дода буд то аз оби дарёи Панҷ як наҳр ё ба истилоҳ канале канда, то ба шаҳри Кӯлоб кашида, биоранд.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 179 аз 10-уми майи соли 2005-ум барои обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ (идомаи сохтмони канали Кӯлобдарё) аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва инвесторони хориҷӣ тибқи боби 3-юми банди ХХII, зербанди 3-и Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, фармоишгари иншооти мазбур, яъне кашонидани оби дарёи Панҷ то ба Кӯлоб, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъин гардид.
Бо гузашти моҳҳову солҳо аз иншооти таъкидкардаи Президент касеро парвое набуду ҳамоно сохтмон оғоз намеёфт.
Мактубу фармонҳои зиёди ҳалношуда
Ахиран, баъди 3-соли пурра, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо мактуби худ аз 7-уми майи соли 2008-ум, таҳти № 14/2-214 хабар дод, ки лоиҳаи «Обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ (идомаи сохтмони канали Кӯлобдарё) ба Барномаи инвеститсияи давлатӣ, грантҳо ва кумаки техникӣ барои солҳои 2007-2009, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2007 таҳти №84 тасдиқ шудааст, пурра дохил карда шуд.
Ура-а! Сохтмони канали Кӯлобдарё оғоз мегардад, гумон карданд кӯлобиҳо. Зеро ин хабари Вазорати рушди иқтисод маънои онро дошт, ки масъулин рӯ ба ҷануб кардан доранд ва обёрии шаҳру ноҳияи Кӯлобу Восеъ пайки хубе буд дар амалӣ гаштани сохтмонҳои иншоотӣ дар ин минтақа ва дарак аз ташкили ҷойҳои кории зиёд ва дар маврид, беҳбуди зиндагии сокинон мекард. Вале бо сабабҳои номаълум барои раъият, аммо барои чиновникҳо маълум, маблағгузаронӣ ва сохтмони иншоот ба вақти боз ҳам «Х» боқӣ монд.
Баъдан, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо як мактуби худ таҳти № 1-5.2/466 аз 4-уми июли соли 2008-ум хабар медиҳад, ки миёни Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ташкилоти «Новая Эра» «ёддошти тафоҳум» ба имзо расонида шуда, аз ҷониби Вазорати мелиоратсия мактуби расмӣ таҳти № 15-905 аз 12.07. 2008 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои оғози корҳо дар ин иншоот, пешниҳод гардида буд.
Муовини аввали сарвазири вақти кишвар Асадулло Ғуломов бо як супориши махсус таҳти № ПР № 15/3-11 аз 16.02.2009-ум ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш дод, то аз ҳаҷми корҳои сохтмониву васлгарӣ дар иншооти обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ идомаи сохтмони Кӯлобдарё, сметаи нав анҷом дода, барои санҷиш ва маблағгузорӣ гаштан ба Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Бо нишондоди ИДЛ «Тоҷикгипроводхоз»-и ин вазорат, барои иҷрои супориши муовини аввали сарвазир «ба ҳолати семоҳаи дуввуми соли 2009-ум, 16,3 милён доллари амрикоӣ ва ё 71 милёну 572 ҳазор сомонӣ зарур буд».
Аммо баъдан чӣ буду чӣ шуд, вале сохтмони иншооти мазбур ва Супориши протоколии Президенти ҷумҳурӣ ҳалли мусбӣ наёфт ва барои муҳлати номаълум равонаи архив шуд.
Ба Супориши протоколии президент ким бояд «добро» диҳад?
Дар ин миён, Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрастуктураи иҷтимоӣ, директори онвақтааш Раҳмоналӣ Ҳакимов, борҳо барои анҷом додани супориши Президент дар мавриди обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ, ба мақомоти марбута муроҷиат кард. Аммо ҳамоно аз ин иншоот ба истилоҳ, «ҳазар» мекарданд. Зеро ба кӣ даркор «сари бебалоро дар бало мондан»?
Бо гузашти як муддат, 30-юми сентябри соли 2009 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки «пешниҳоди Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ ба воситаи Маркази мазкур барои амалӣ гаштани обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ, идомаи сохтмони Кӯлобдарёро мавриди баррасӣ қарор дода, бо мактуби расмии № 1-5.2/756 аз 30.09.2009-ум пешниҳод менамояд, ки масъалаи мазкурро баъди дарёфт намудани манбаъҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор додан мумкин аст».
Аҷаб наменамояд, ки супориши протоколии раиси ҷумҳур миёни кадом вазоратхонаҳову вузаро «мавриди баррасӣ» қарор гирифтаву ахиран, бо гузашти тақрибан 10-сол, ҳанӯз ҳам ҳалли мусбӣ намеёбад? Ва ё шояд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об супориши Президентро то ҳанӯз таҳлил накардаву аз санҷиш нагузаронидаанд, ки барои «добро» додан ба корҳои сохтмонӣ дар андешаанду супориши шахси аввалро боз ҳам мавриди баррасӣ қарор додан мехоҳанд?
Хотиррас мешавем, ки тибқи банди 5-и протоколи №15/3-73 аз 29.10.2009-ум бо супориши муовини аввали сарвазири вақти ҷумҳурӣ А.Ғуломов, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ варианти алтернативии обёрии шаҳри Кӯлобро бо гузашти 2-моҳ мебоист пешниҳод мекарданд.
Мутаассифона, супоришҳои муовини аввали сарвазир баъди маргаш, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаву нафаре на дар Ҳукумати ҷумҳурӣ ва на дар вазоратхонаву кумитаҳо парвои ин супориш, обёрии шаҳри Кӯлоб ва ахиран, Амру супориши Президентро дигар надорад.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об парвои Кӯлоб надорад
Дар ҳамин ҳол, боз ҳам як супориши протоколии Президенти Тоҷикистон барои шаҳри Кӯлоб, «Сохтмони сарбанди зидди обхезии сойи Тебалай», аз 10-уми ноябри соли 2010, таҳти №15/5-39, ки боз ҳам Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об махсус муваззаф ба шумор мерафт, нодида гирифта шудаву бо гузашти 3-сол дар ин самт ҳам коре ба анҷом нарасидааст. Ёдовар мешавем, моҳи майи ҳамон сол дар натиҷаи селхезии шадид як қисмати шаҳри Кӯлобро сел шуста, садҳо манзили зисти одамонро хароб карда буд. Барои дар оянда пешгирӣ намудан аз чунин офатҳои табиӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мутахассисон, шахсан аз мавзеъҳои атрофи Кӯлоб дидан карда, дар болои шаҳр, миёни кӯҳу пуштаҳо мавзеи нисбатан бехатарро барои бунёди обанбори бузург бо гунҷоиши 10 млн. м3 интихоб намуда буданд. Барои роҳбарони Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои сохтмонӣ супориши қатъӣ дода шуда буд, то дар кӯтоҳтарин муддат лоиҳаи иншооти мазбур ба анҷом расонида шуда, дар фикри дарёфти маблағи пулӣ бошанд. Мутаасифона, дар ин ҳолат ҳам дигар ягон масъул дар пайи амалӣ гардондани супориши раиси ҷумҳур нашуд.
Кӯлобиҳо номаъқуланду «киха»?
Гумони ғолиб бар он аст, ки масъулин аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бо роҳбарии садри онвақтаи вазоратхона ҷаноби Бобокалонов зиёд бемасъулияту нописанд буданду ҳам монданд. Масъулини ин даргоҳ ё парвои кор надоранд, ё парвои Кӯлоб. Шояд барои ин ҷанобон Кӯлоб як шаҳраки аҷнабиву кӯлобиҳо сокинони давлати дигаранд? Ё шояд чизи дигаре ҳам бошад, ки мо бехабарем?! Вале мусаллам он аст, ки эшон барои ҳалли масъалаи кайҳо ҳаллу фасл шуда, «камари ҳиммат» бастан намехостанд. Бигирем, кӯлобиҳо касеро номаъқуланду бо хости эшон, бигзор ҳама умр ташналабу камоб мондан гиранд. Вале ҷаноби вазири мелиоратсия ва захираҳои обу командааш аз супориши муовини сарвазир саркашӣ кардан тавонистанд, аҷаб нест, аммо супориши Президентро сарфи назар кардан бо кадом баҳонае, сода карда гӯем, ҷурм ба ҳисоб рафта, хеле нохуб аст.
Раҳмоналӣ Ҳакимов, директори вақти Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ мегӯяд, дар мавриди амалӣ гардидани лоиҳаи обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ, идомаи сохтмони канали Кӯлобдарё, зиёд муроҷиат кардаем, аммо бо сабабҳои номаълум сохтмони иншоот ҳалли мусбӣ намеёбад. На дар Ҳукумати Тоҷикистон ва на дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, ба тасдиқи Ҳакимов, барои пиёда намудани иқдоми Президент барои идомаи сохтмони Кӯлобдарё, пешравие ба назар намерасад. Аниқтараш, шояд аз он кайҳо фаромӯш ҳам карда бошанд.
Шахсан маро хеле аҷиб меояд, ҳарчанд Сарвари давлат барои беҳдошти зиндагонӣ ва ободонии як шаҳр кӯшише кардан дорад, аммо ҳукуматдорони мантиқан хизматгузори раият, аз он пуштибон нестанд. Чаро? Саволест матраҳ, ки дар ҷавобаш ҳарчанд масъулин оҷизӣ мекашанд, вале бояд касе ҷавоб гӯяд, охир.
Мо дақиқан намедонем, кӣ садгузори супориши Президент гаштааст, вале ин саҳлангорӣ далел ба он аст, ки касеро ё гурӯҳеро инчунин амалиёт табъи дил будааст. Агар инчунин саҳлангорӣ, ки Кӯлобро ҳамчун писари угай ба намоиш мондану аз Амру супориши Президент нодида гирифтан идома ёбад, бегумон оби дарёи Панҷ, обанбори 10-милёнкуба ва боқӣ иншооти инфраструктурӣ, ки сохтмонашон дар ҳоли ҳозир ҳам барои Ҳукумати марказӣ, ҳам барои кӯлобиҳо ва низ барои кишвар айни муддао мебуд, боз ҳам солиёни дароз ба фаромӯшӣ меравад.
Пинаки масъулин тағйир намеёбад
Инак, бо гузашти боз ҳам 3 соли дигар аз маводи таҳлилӣ-интиқодӣ ва ҳушдор барои давлатмардони боломақом, ки ҳатто аз Амри Президент сарпечӣ кардану нодида гирифтан барояшон услуб гаштааст, боз ҳам масъала «сари мӯе» наҷунбид, ки наҷунбид. Кас ҳайрон мешавад бо чунин масъулону инчунин масъулиятшиносиву инчунин фармоишгару иҷрокунандаҳо.
Гумони ин ҷониб бар он буд, ки баъди бардоштани ин мушкил масъулини давлатӣ ҳатман ба худ меоянд ва дар пайи иҷрои супориши протоколии Президент мешаванд ё Дастгоҳи иҷроияи Президент онро таҳти назорат мегирад. Мутаассифона, ин гумонамон низ ғалат баромад.
Баҳонаҷӯйӣ бас, кор кардан лозим
Шояд масъулини кумитаву вазоратҳо бо баҳонаи нарасидани маблағ барои сохтмони Кӯлобдарё ва зарурат надоштани ин гуна иншоот, тавонистаанд ба боло исбот кунанд, ки вақти сарфи маблағи ҳангуфт барои буҷа нест. Аммо мо мегӯем, ки агар Ҳукумати ҷумҳурӣ ва давлатмардони масъулиятдор дар пайи супориши Президент тадқиқоту таҳлили ҷиддӣ ба амал меоварданд, дар ин маврид бурд мекарданд. Нарасидани маблағ баҳонае беш нест. Вагарна бо пешниҳоди як лоиҳаи таҳлилӣ инвестори хориҷие дарёфт кардан мумкин буд, то маблағгузори иншоот бошад. Аммо барои инвестори хориҷӣ ҳатман критерия даркор аст, ки горе-давлатмардони мо барои он «вақт» надоранд. Вагарна на танҳо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, ки кулли вазирону вазоратхонаҳо лоиҳаи бетаҳлили Кӯлобдарёро даҳҳо маротиба ҳам пешниҳод намоянд, ягон донори хориҷӣ наметавон пайдо кард.
Аз ин хотир, барои баромадан аз вазъият ва иҷрои супориши Президент, пешниҳод менамоям:
а) Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ таҳлили ҷиддӣ гузаронида, ҳаҷми умумии заминҳои обёримешударо дар ҳудуди минтақаи канали Кӯлобдарё дар харитаи заминсозии минтақа пешниҳод намоянд.
б) Ҳосилнокии ин заминҳо баъди пурра обёрӣ гаштан ба чанд маротиба афзоиш хоҳад ёфт
в) Фоидаи соф аз заминҳои обёригашта ба буҷаи маҳаллӣ ва гузашта аз ин ба буҷаи кишвар, чӣ миқдор зиёд хоҳад гашт
г) Ва ахиран, мушкили ҳамасолаи Ҳукумати марказӣ, ки стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ мебошад, бо амалӣ гаштани ин лоиҳаи президентӣ боз ҳам поинтар рафта, садҳо ҷойи кори нав эҷод шудаву сатҳи зиндагонии мардум баландтар хоҳад гашт.
Мутмаинан, агар инчунин санҷиши таҳлилӣ гузаронида шавад, дилхоҳ инвестори хориҷӣ барои ҳамагӣ 71 милён сомонӣ, ё худ 13-милён доллар, ҳамён мекушояд. Ё Ҳукумати марказӣ бе ягон инвестор аз иҷрои маблағгузории ин миқдор маблағ, ки барои раият ва низ буҷаи давлат фоидаовар аст, худ баромада метавонад. Зеро бо гузашти як муддати кӯтоҳ, аз ана ҳамин мавзеъ садҳо милён сомонӣ бозпас ба хазинаи давлат хоҳад рехт. Дар ин маврид, танҳо масъулиятшинос бояд буду мутахассисони воқеан профессионал ва иҷрокунандаро интихоб кард.
Мирзосафар Назриев, директори феълии Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ бар бовар аст, ки назари дурбинонаи Президент дар мавриди обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ (идомаи сохтмони канали Кӯлобдарё) хеле бамаврид ва хирадмандона аст. «Набояд аз маблағгузорӣ ҳарос кард. Бояд 1 лоиҳаи таҳлилӣ ва профессионалӣ пешниҳод кард, то инвестори хориҷиро ҷалб намуд. Дар акси ҳол, метавон аз маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила истифода бурд. Обёрии заминҳои ташналаб дар оянда ҳам ба фоидаи аҳолӣ коркард гаштаву ҳам милёнҳо сомонӣ ба буҷаи давлат фоида хоҳанд овард», меафзояд ӯ.
Воқеан, раиси феълии вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ки бо фаъолияти дурбинонааш аллакай аз пурмасъултарин ва боэътимодтарин роҳбар миёни чиновникҳо ёд мешавад, шояд дар пайи амалӣ гаштани Супориши 10-солаи протоколии раиси ҷумҳур, ки аз ёдҳо фаромӯш шудаву ба истилоҳ архивӣ гаштааст, камари ҳиммат баставу бо мақомоти марбута «дастбагиребон» мешавад?
Аслиддин Достиев,
журналист

08.08.2023. Аз фавти яке аз бузургтарин журналистони тоҷик, Аслиддин Достиеви нозанин, ки умре дар музофот фаолият мебурд, расо 1 сол сипарӣ мешавад. Воқеан ҳам маҳз журналистоне чун ӯ, Илҳоми Ҷамолиён, Мухтори Абдулло, Неъматулло Мирсаидов, Ҷаҳонгишои Рустамшо, Аҳмади Иброҳим, Диловар Мирзо, Носирҷон Маъмурзода ва даҳхо тани дигар буданду ҳастанд, ки профессионализм дар ин соҳа дар музофот барқарор аст. Хизмататон арз кунам, усулан, инҳо хелеее профессионалитар аз журналистони пойтахт ва расонаҳои хориҷӣ низ ҳастанд. Бе шакку тардид. Зеро професионализмро дар марказ мо худ куштаем…зери иҷрои проектҳои фачу лачи хориҷиён ва супориши хоҷагони худ…
Ва касе бовар надорад, ин матлаби Аслиддин Достиевро хонад, ки чандин сол пеш навишта буд ва агар тавонад ба мисли ҳамин матлаб мақолае, гузорише, пажуҳиши журналистие нависад. Мо нашр мекунем ва гонорар ҳам медиҳем. Вале пештоз мегӯем, на-ме-та-во-не(м)д…
Иқрор ҳам аз ҷавонмардист. Мо метавонем!
