ФОҶЕА ДАР КӮЛОБ: 10 МУРДА, 14 МАЪЮБ…

06.08.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 19:43 дақиқа. Автомашинаи навъи Камаз-Дулани боркаш, бо суръати баланде омада, даҳҳо нафарро кушта, даҳҳо тани дигарро маъюбу маслуқ карда, 1 шаҳри оромро дар тӯли чанд сония ба коми ғаму дард кашид…

Тибқи иттилои ба СССР расида, автомашинаи Дулан, ки ҳомили 80-90 тонна бор ва дорои 1 адад притсеп буд, рақами қайди давлатияш TJ 538 ZH 01, притсепаш 07 АА 0838, мансуб ба ширкати боркашонии ҶДММ “Кафолат Воридоту Содирот”, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин сӯи ш. Кӯлоб ҳаракат карда, бинобар сабаби аз кор баромадани тормозҳо (маҷмуи боздорӣ), пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, дар ҳудуди ш. Кӯлоб ба садама дучор гашт. Дулан бо суръати билотасвир баланд, чанд воситаи нақлиётро пахш намуда, вориди 3 манзили зисти шаҳрвандон шуда, ин хонаҳо ва меҳмонону мизбонони онҳоро ба замин яксон намуд…

Дар натиҷаи садамаи мазкур 10 нафар ба ҳалокат расида, 14 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистариянд.

Бар асари садама, ки ҳамакнун дар раъси расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ қарор дорад, 10 адад нақлиёти сабукрави гуногун ва 1 автомашинаи тамғаи Дулан, инчунин 3 манзили истиқоматӣ зарари ҷиддӣ диданд.

 Ному насаби фавтидагон:

  1. Одинаева Маҳтов Зиёдаевна, соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1 май.
  2. Сайфова Зебинисо Партововна, с.т. 1970, ш Кӯлоб, маҳаллаи С. Вализода.
  3. Бобоназарова Сайёра Ҷумъахоновна, с.т.1974, ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи
  4. Абдуллоев Олимҷон Бобоҷонович, с.т.1987, истиқоматкунандаи н. Муъминобод, ҷамоати деҳоти Балхобӣ, деҳаи Тебалай (ин нафарро шояд Дулан дар баландии гардиш зер карда бошад, зеро Дулан аз ҳамон сӯ меомад).
  5. Мирмадиев Шоҳрӯз Наврӯзович, с.т.1998, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи Ҷаббор Расулов-83,
  6. Гулов Иқболшо Саъдиевич, с.т.2000, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи Фирдавсӣ, хонаи
  7. Розиқов Аминҷон Дилшодович, с.т.2003, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1-май, хонаи
  8. Каримов Фурқат Ҳасанович, с.т.2004, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-май, хонаи
  9. Ёров Абубакр Ҷумъахонович, с.т.2009, ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-май, х. 541.
  10. Эргашев Шуҳратҷон Исматуллоевич, с.т.1986, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ (ронандаи автомашинаи Дулан)

Ному насаби захмиён

  1. Ахунов Суҳроб Шарифович, с.т.15.07.1979, ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, 23, х.164
  2. Ҷӯраев Бахтиёр Одинақулович, с.т. 09.10.1984, ш. Кӯлоб, кӯчаи С. Вализода, 382
  3. Мирзоҳисайнов Толибҷон с.т.1986, ш. Кӯлоб, маҳаллаи 8
  4. Ботиров Хуршед Тоҳирович, с.т. 26.02.1995, ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1-май, х.676
  5. Насимзода Шукрона Абдукарим, с.т. 05.11.2008, ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-май, х.554
  6. Ҳисайнов Ҳисайн Сафарович, с.т. 15.09.1958, ш. Кӯлоб, маҳалали Ҷомӣ, 121
  7. Муъминзода Шоҳрух Тошмуҳаммадович, с.т. 16.10.1993, ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-май, х.541
  8. Ҷумъаев Файзалишо Шарифович, с.т. 22.06.2007, . ш. Кӯлоб, маҳаллаи С. Вализода, 579
  9. Сӯфиев Қурбон, с.т. 1994, ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1-май, х.541-б
  10. Мадинаи Ҷумахон, с.т. 2008, ш. Кӯлоб, кӯчаи 1-май, х.541-б
  11. Бобохонов Алиҷон, с.т. 2000, ш. Кӯлоб
  12. Ёров Сармад Муъминович, с.т. 1954, ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1-май, х. 541-б
  13. Қурбонов Орзу Тешаевич, с.т. 2000, ш. Кӯлоб

Феҳристи нақлиёти зарардида

  1. Опел-Астра, рақами қайди давлатияш 0102 НН 01, ронанда Мирмадиев Шохрӯз Наврузович (фавтидааст)
  2. Тангеми Чанху, р.қ.д. 7367, ронанда Қурбонов Орзу Тешаевич (захмӣ)
  3. Тангеми Чанху, р.қ.д. номаълум ронанда Абдуллоев Олимҷон Бобохонович (фавтидааст)
  4. НИВА, р.к.д 9405 ОЗ 03, ронанда Мирзоҳисайнов Толибҷон Набиевич (захмӣ)
  5. Опел-Астра р.қ.д. 5161 ОЗ 03, ронанда Ахунов Суҳроб Шарифович (захмӣ)
  6. БМВ, р.қ.д 0733 МЕ 01, ронанда Фаридуни Ҷамолиддин
  7. Корола, р.қ.д. 187 МЕ 01, ронанда Ҷӯраев Бахтиёр Одинақулович (захмӣ)
  8. Опел-Астра, р.қ.д. 6886 ТТ 03, ронанда номаълум…

Аз шумораи 8 адад нақлиёти номбурда, 2 ронанда ва 2 мусофир фавтида, 4 ронанда бистарӣ шуда, 2 ронандаи дигар ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштаанд (дохили мошин набуданд). Ин омори расмист, вале СССР дар таваққуфгоҳи мошинҳои зиёндида 10 адад мошинро баршумурд!

Пиёдагардони пахшшуда

Эргашев Ш.И. бо мошини боркаши Дулан, рақами давлатияш 538 ZH 01 ва бастааш-притсеп таҳти рақами 07 АА 0838 ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагардон Розиқов Аминҷон Дилшодович, с.т.2003 ва Каримов Фурқат Ҳасанович, с.т. 2004, сокинони ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1-май хонаҳои 526 ва 527 (ҳамсояҳо)-ро пахш кард. Дар натиҷа ҳарду нафар дар ҷои ҳодиса фавтидаанд…

3 хонаи валангор ва 3 кас кушта…

Баъди пахши 10 автомобил ва 2 пиёдагард, суръати Дулан қатъ нашуда, мошин бо суръати баланд ба манзили истиқоматии Ёров Ҷумъахон Муъминович ( к.1-май, 541-а ва ҳавлии Ёров Аҳмадхон Муъминович ( к.1-май, 541-б) даромада, хонаҳоро ба замин яксон мекунад. Дар ин 2 ҳавлӣ 3 оила бо шумули 23 нафар зиндагӣ мекард. Аз ин миён Бобоназарова Сайёра Ҷумъахоновна, с.т.1974 ва Ёров Абубакр Ҷумъахонович, с.т. 2007 фавтида, Мадинаи Ҷумъахон осеби сахти ҷисмонӣ мебардорад. Аз манзили дигарӣ Одинаева Майрамбӣ Зарифовна, с.т.1967 фавтида, Сӯфиев Қурбон, с.т.1994, Бобохонов Алиҷон с.т. 2000 ва Ёров Сафармад Муъминович, с.т.1954 бо ҷароҳатҳои хеле сангин ба бемористони вилоятии ш. Кӯлоб интиқол меёбанд.

Ронандаи Дулан ҳини бархӯрд бо хонаи воқеъ дар кӯчаи 1-май, 541-б, дар ҷои ҳодиса мемирад…

Чаро Эргашев 10 касро кушт???

Ин ки бо кадом сабаб тормозҳои Дулани борбардор нақапидаанд, дигар кори РБДА ВКД ҶТ аст ва тафтишу баррасии парвандаи мазкур бо шумули чигуна аз ташхиси техникӣ гузаштани Дулан. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи иттилои ба мо расида, ин мошин, рӯзи 04.08.2023, соати тахминан 10:00 дақиқа, дар Дарвоз тормозҳояш корношоям шудаанд! Вале баъди «таъмир», нисфирӯзи 6 август, Дулани сархӯр боз ба роҳ мебарояд…

Мутаассифона, ҷои зикр аст, ки аксаран дар БДА мошинҳо ташхис намешаванд. Пулашро пардохт мекунӣ ва ҳуҷҷати «ТехОсмотр» дар ҷайб. Зимнан садорати нави БДА БОЯД ин ташхисро барои тамомии нақлиёти кишвар, ба вежа боркашон, роҳандозӣ  ва сахт наззорат кунад!

Таваққуфгоҳи бехатарӣ нест!!!

Сабаби дигари ин садама дар набуди таваққуфи бехатарӣ ё худ «Аварийный Объезд» дар ин шоҳроҳ аст. Масъулини роҳҳои кишвар оё надида буданд, ки чандин бор маҳз дар ҳамин самт тормозҳои борбарони бузургҳаҷм аз кор мемонданд ва ба садамаҳо дучор мешуданд? Пас чаро дар ин самт 1 тавақкуфи бехатарӣ насохтаанд???

Ин нуктаро ҳатто кӯдаки кӯлобӣ таъйид мекунад, ки чунин садамаро ҳама интизор буданд. Зеро чандин бор Камазу Дуланҳо бо маҳзи корношоямии тормозҳо ба ин шаҳр бархӯрдаанд. Ҳамагӣ 4 моҳ пеш 1 Камаз то рости беморхонаи кӯдаконаи Кӯлоб омада, чандсад қадам дуртар аз бинои Донишгоҳ ва Бемористони марказии шаҳрӣ, ронанда худро қурбон карда, мошинашро ба дарахтзори канори роҳ меафканад. Ронанда ва мусофираш дар ҷои ҳодиса мурданд. Вале шаҳр аз хатари бархӯрди борбар бо бинои Донишгоҳ раҳо ёфт. Аммо ин садама пишаки масъулеро пишт нагуфт…

Сабаби аслии садамаи ахирро коршиносони роҳу воситаҳои нақлиётӣ дар вазни гарони Дулан ҳам дидаанд. Мақомоти зидахл гуфтанд, Дулан бо вазни умумии 49.115 кг (19.800 кг вазни нақлиёт ва 29.315 кг вазни бор) ҳаракат мекард ва асбобу ускунаи конселярӣ дошт. Вале шоҳидон ва мутахассисон аз 80-90 тонна бор сухан мекунанд ва меафзоянд, Дулан семент мекашид (50 тонна вазни мошин ва 40 тонна притсеп). Дигар муҳим нест, Дулан чӣ дошту чӣ на? Муҳим он аст, ки чигуна ин Дулан бо вазни 50 тонна (ё 90 тонна) бор, аз Хоруғ омадааст? Дар ин байн чанд пост ва тарозу гузошта шудааст. Магар унҳо надиданд, ки бо чунин бор дар чунин масири хатарзо ҳаракат кардан нашояд???

Аз Хоруғ то Кӯлоб чандин посту тарозуро «ЧӢ ТАВР ва ЧИГУНА???», ронанда Эргашев Шуҳратҷон Исматуллоевич гузаштааст??? Саволи рӯз барои БДА, Вазорати нақлиёт ва Агентии мубориза бо коррупсия…аст!!!

Авомили фоҷеа…

Дар ҳоле, ки расман вазорати изтирорӣ гуфтааст, ин Дулан ҳомили бори конселярӣ буд, далелҳо дигар чӣ мегӯянд. Зеро бори конселярӣ аслан хеле сабук аст ва наметавонад боркашро маҷбур кунад, ки тормозҳояш аз кор бароянду бо суръати баланд сарнишеб шавад. Аз сӯи дигар оҷилан гирифтану бурдану пинҳон кардани худи Дулан аз ҷои ҳодиса шубҳабарангез менамояд. Зеро то ҷое мо дидем, автомашинаро бо кадом сабаби ба мо номаълум бурда, аз чашмҳо пинҳон кардаанд. Шояд барои тадқиқот? Номаълум… Вале притсеп ё худ борбасти ин Дулан дар шафати НЗС «Кӯлобнафтрасон» меистод ва то ҷое мо дидему аз роғҳои он навор гирифтем, дохили он…халтаҳои семент менамуд, на варақу дафтар…

Шуҳрат Исматуллоевич – қотили 11 нафар…

Шуҳрат Исматуллоевич Эргашев зодаи н. Рӯдакӣ ва маскуни ш. Душанбе, то лаҳзаи ахирин кӯшидааст, мошинашро идора кунад. Ба назар мерасад, дар ин талош ӯ хатои маҳз кардааст. Зеро масири ҳаракати шоҳроҳро хуб надидаву намедонист, ки роҳ аз Ҷигари Кӯлобшаҳр мегузарад.

Ронандагони пуртаҷруба мегӯянд, агар медонист, пас мошинашро дар нимароҳ сӯи сангов тоб медод. Вале Алихон Шарипов-корманди собиқадори роҳсозӣ мегӯяд, “вақте ҷон дар талвоса аст, ягона умед мемонад, ки шояд тормозҳо боз қапанд. Ҳарчанд ин номумкин аст!”. Зимнан ба умеди Худо, Шуҳрат Исматуллоевич то охирин лаҳза бовар кардааст, ки метавонад аз фоҷеа ҷилав гирад…

Мошини Эргашев, тавре камераҳои назоратӣ ва телефонҳои мобилӣ сабт кардаанд, бо суръати баландтарин, чун ҳавопаймо парида меомад ва дар роҳ 10 мошини сабукрав ва 1 тангеми ҳомили мусофирро маҷақ карда, гузашта, ба хонаҳо бархӯрд. Бар асари ин садама 10 кас фавтид. То вақте гузориш омода мешуд, хабари фавти боз 1 захмӣ расид…

Халтура ё бесалоҳиятӣ?

07.08.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 13:47 дақиқа. Газетаи мардумии СССР бо авомили фоҷеа ошно шуда, ба самти Шӯрообод роҳ пеш мегирад. Мо аз шаҳр 12 километр мебароем. Дар ягон ҷо таваққуфгоҳ ё худ воридгоҳи садамавӣ (аварийный въезд) нест! Аз Алӣ мепурсем, ки мегӯяд, дар ин роҳ усулан чунин гардиши садамавӣ вуҷуд надорад! Ин хатои маҳзи Институти лоиҳакашист! Ҳатто кӯдакон медонанд, ҳини аз ағбаҳо фаромадан ҳатман 2-3 воридгоҳи садамавӣ БОЯД сохта шаванд. Зеро боркашҳои сангин, ки тавассути ин роҳ маҳз онҳо аз Хитой бор меоранд, ҳини ҳолатҳои садамавии тормозҳо ва коробка БОЯД ба чунин садамароҳҳо гузаранд.

«Аварийный въезд» дар баландиҳои табиӣ ва ё сунъӣ сохта мешаванд ва ҳини аз кор мондани тормозҳо мошинҳо ба онҳо баланд шуда, таври сунъӣ суръати ҳаракаташон пасттар мегардад. Дар бадтарин ҳолат мошин пачақ мешавад ва ронанда зарари андаке мебинад. Вале набуди ин воридгоҳҳои садамавӣ ба ана чунин фоҷеаҳо меорад.

Километри 8

07.08.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 13:56 дақиқа. Мо дар ҷое қарор дорем, ки тақрибан аз ҳамин ҷо тормозҳои Дулан шояд аз кор баромадаанд ва ӯ суръат гирифта, то Кӯлобшаҳр расидааст. Воқеан ҳам дар ин масир чанд баландиест, ки метавон роҳат дар он «Аварийный въезд» сохт. Вале накардаанд!!!

Миллионҳо доллар барои роҳ харҷ кардаву 1 воридгоҳи садамавӣ, ки гуфти бобои Ғулом «копеек намеарзад!», насохтаанд. Ин аз бемасъулиятии кулли роҳсозон ва лоиҳакашон дарак медиҳад. Ва ҳарчанд шоҳроҳро солҳо қабл ба истифода додаанд, вале ба ҷавобгарӣ кашидани тарроҳон ва роҳсозон сабаби такрор нагаштани ин садамаҳо дар дигар масиру шоҳроҳҳо мегардад…

Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб расад…

Каме болотар аз Кӯлоб, дар километри 5-ум тарозу месозанд. Барои ҷилавгирӣ аз бори беҳадд зиёди боркашҳо. Ҳама дар хотир дорем, ки чанд сол пеш, Президенти ҶТ, масъули ин тарозуҳоро аз толори маҷлис пеш карда буд. Фикр кардем, вазъ беҳ мешавад, ки нашуд. Масъулини нав низ парвои тарозуву бору буни Камазу Дуланҳо надоранд!

Шумо 1 мисол меоред, ки боркашҳоро барои гаронвазниашон аз роҳ гардонида бошанд? Шояд дар рӯи варақ ҳа, вале дар асл на! Мегиранд, барои протокол ҷаримаву штраф мекунанд ва «гуд бай Дулани 60-70 тоннагӣ!!!».

Вазъ то ҳадде бад аст, ки нақби Хатлон (Чормағзак)-ро бори дуввум аст, ки ин камазу дуланҳо валангор мекунанду Ҳукумат таъмир. Ҳамин ҳафта боз таъмир шуруъ шуд. Вале мутмаин бошед, боз вайрон мешаванд. Ҳамонгуна, ки боркашу дуланҳои Ёқут-2000 шоҳроҳро дар ағбаи Чормағзаки бесоҳибмонда куллан валангор кардаанд! Зеро ин тарозуҳо ҳиҷ эффект надоранд! Зеро масъулият надоранд ин масъулин!!!

IRS лозим?!

Ягона тарозуҳое, ки фаолияти чашмрас доранд, тарозуҳои ширкати IRS мебошанд. Зимнан роҳ дар масири таҳти контроли ин ширкат камтар валангор мегардад. Зеро роҳ соҳиб дорад! Бо ҳама иззат аз ДЭУ-ҳо ва Вазорати нақлиёт, метавон гуфт, ки роҳҳои дигари таҳти назари ин ниҳодҳо бесоҳибтарин роҳҳоянд!…

Ба маҳзи ана ҳамингуна бесоҳибӣ Ҳукумат бо харҷи садҳо миллион доллар роҳ месозаду 5-6 сол пас онҳо боз валангор мешаванд! Пас, «Чӣ бояд кард?», ин суоли ленинист, ки тӯли 30-соли истиқлолияту маъракаҳои роҳсозӣ посух наёфтааст. Мавзуъро пайгирем. Мо Метавонем!!!

С. Мизроб, А. Собир,

СССР, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе

PS: МАДИНАИ 15-СОЛА ҲАМ ВАФОТ КАРД

Вақте шумора рӯи чопро медид, Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки 07.08.2023, соати 20:40 Мадинаи Ҷумахон, 15-сола, яке аз ҷароҳатбардоштагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ вафот кард.

Мадинаи Ҷумахон дар Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб бистарӣ буд ва духтурон ҳолати ӯро чунин муайян карда буданд: захми дарида, канда шудани с/б рони чап бо осеби мӯшакҳо, устухонҳои кос ва вариди рон. Гемотомаи калони паси сифоқпардагӣ. Хунравии беруна. Садамаи геморагии дараҷаи вазнин.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube