– Додгоҳи вилояти Хатлон Шамшод Шарифзода, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлобро ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов айбдор дониста, ҳар кадоми онҳоро ба 14-солии зиндон маҳкум кард.
– Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошт ва истирдоди Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия ба Тоҷикистон хабар дод. Гуфта мешавад, ки мавсуф яке аз гумонбарон дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” буда, рӯзи 24.06.2023 тавассути кишвари ҳамсоя ба Туркия фирор кардааст.
– Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сар аз 02.10.2023 воридоти воситаҳои нақлиёти соли бароришашон то соли 2013 ба қаламрави кишвар расман манъ карда мешавад.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар кишвари ҳамсоя теъдоди нуқтаҳои марзбониро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба 100 адад зиёд кардааст.
– То ба имрӯз аз 970 км масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шуда, 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.
