Малахҷанг дар СССР

ДАВОСОЗ

 Дар шумораи 29, аз 27 июли соли 2023, саҳ. 15-и рӯзномаи мардумии «СССР» Саъдулло Мамамуродов аз ноҳияи Фархор аз боби истило – ҳуҷуми малах дар маводи «Малах-мушкилоти бузурги деҳқон» андешаи хешро баён доштааст. Вай аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки тайи 10-15 соли охир ҳуҷуми малах ба киштзорҳо сол ба сол шидддат гирифта, ба хоҷагии халқ хисороти калон мерасонад. Ҳамасола деҳқонон барои нест кардани ин ҳашарот кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, аммо ба натиҷаи дилхоҳ ноил намегарданд.

Ӯ ҳамчунон мегӯяд, ки дар давраи советӣ ҳини пайдо шудани (тухмгузорӣ) малах, барзану ҳомун ба воситаи самолёти «АН-2» доруҳои заҳрнок пошида мешуд. Аз ин рӯ, то оғози солҳои 90-ум аз малах қариб ному нишон намонда буд…

Бонги изтироби С. Мамамуродов воқеият дорад. Ҳамасола идораҳои вобасташудаи дахлдори навоҳии кишвар ва деҳқонон ба талу теппаҳо бо дорупошакҳои дастию тракторҳо доруҳои заҳрнок мепошанд, ки он ба гуфтаи халқ «…сад задани сӯзангарро» мемонад.

Пас аз мутолиаи ин матлаб нақлеро, ки 26 сол қабл шунида будам, пеши назар омад. Марди заҳматқарину ташаббускор Холиқ Қосимов, мудири дорухона – «Ветаптека»-и шаҳри Ҳисор боре аз боби мубориза бо малах сухан гуфта буд. Амаки Холиқ изҳор доштанд, ки муборизаи беамоне, ки Ҳукумати Советӣ бар зидди малаху ҳашароти зараровар дар ҳудуди мамлакат, ба вижа дар Осиёи Миёна мебурд, бо тамоми қоидаҳояш сурат мегирифт. Ба ҷуз ин ҳама СССР ҳамчунон дар вилоятҳои сарҳадии давлати ҳамҷавор – Афғонистон бо ҷалби масъулини советӣ, аз он ҷумла мутахассисони соҳаи безараргардонии ҳашарот, байторон (духтурони ҳайвонот) ва дигарон дар давлати ҳамҷавор бар зидди офатҳои қарибулвуқуъ муборизаи беамон мебурданд. Онҳо ба қавле бар зидди малах аз дуриҳо талош меварзиданд…

Имрӯз чунин имконият фароҳам нест, вале алайҳи малах ба саҳлангорӣ набояд роҳ дод, ки ин ҳашарот мисли чангкашак ҳама чизи аз пеши роҳ баромадаашро фурӯ мебарад…

Бо ин асос месазад, ки аз ошноӣ ва рӯзгори омӯзандаи мутахассиси варзидаи соҳаи байтории Иттиҳоди Шуравӣ Холиқ – ака Қосимов ёд кунем.

 

АЗ ПАЙИ ДАВО

Зимистони соли 1997 сарбайтори хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Данғара Нуралӣ Алихон қарибиҳои бегоҳ падид омад. Ӯ барои дарёфти ваксина ба пойтахт омада буд. Фардои он рӯз роҳбаладиро ба дӯш гирифтам. Нахуст, ба аптекаи ветеринарии рӯбарӯи Иттиҳодияи нассоҷӣ рафтем. Дукондор марди миёнаумри туркман моро хуш истиқбол гирифт. Духтур номи ваксинаи заруриро ба забон овард. Фурӯшанда китф дарҳам кашида маъзарат хост, ки ба дардатон малҳам шуда наметавонам. Ҳангоми хайрбод маслиҳат дод: «Кори шумо танҳо дар «Ветаптека» – и шаҳри Ҳисор ба сомон мерасад. Дӯсти мо Холиқ – ако давоҷӯй аст. Аз номи ман дуруд расонед…».

Сари роҳ ба шаҳраки Гипрозем, ба Базаи таъминоти доруи ҳайвоноти хоҷагии кишвар роҳ гирифтем. Сардори муассиса марди бағоят меҳрубон Облоқул Бақоев низ бо таассуф гуфт, ки мушкили шуморо осон карда наметавонам. Он кас низ маслиҳат доданд, ки дорую дармони заруриро ин солу айём танҳо аз «Ветаптека» – и Холиқ – ако Қосимов, аз шаҳри Ҳисор дастрас намудан имкон дорад…

 

ВАКСИНА

– Дар даврони Ҳукумати Советӣ дорую дармон барои чорво ва ваксинаҳои гуногуни ветеринарӣ фаровон аз гӯшаю канори СССР мувофиқи нақша дастрас мешуд, – фаҳмонд Нуралӣ Алихон. – Касе барои овардан ва дарёфти даво беҳуда такудав намекард. Аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ дар ҳавлии дилхоҳ молдори кишвар доруи аз ҳама зарурӣ ва маъмултарин – каралин бебаркаш таъмин мешуд. Имрӯз боз мисли пешин барои барқарор кардани риштаҳои гусастаи тиҷоратӣ аз нав кӯшиш ба харҷ додан рост меояд. Ман ба рӯзҳои нек бовар дорам ва он рӯз ҳам дур нест.

Бегоҳ сари хон суҳбат боз болои мавзуи доруву дармон домон густурд. Акаи Нуралӣ тоқии чоргули худро рост ниҳода ёд овард:

  • Соли 1991 дар маркази ноҳияи Данғара, дар як вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаи зооветеринарӣ сардори Раёсати ветеринарии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нишон Болтаев гуфта буданд, ки алҳол дорую дармони заруриро аз ноҳияи Ҳисор дастрас карда метавонед. Муносибатҳо мисли аввала барқарор нест, дигар касе аз хориҷи кишвар ройгон маводу дастгоҳҳои шифобахши заруриро муҳайё намесозад. Имрӯз мутахассиси баргузидаи соҳаи байтории мамлакат, шахси масъулитяшиносу давоҷӯй, сардори «Ветаптека» – и шаҳри Ҳисор Холиқ Қосимов таъмини доруворро ба зимма гирифтаанд. Ин марди фидоӣ шахсан дар назди Вазорати кишоварзӣ бо ташаббус баромада ваъда дод, ки хоҷагиҳои кишварро алоқадри ҳол бо дорую дармони ветеринарӣ таъмин месозад…
  • Амакро рӯзи шанбе меёфта бошем, – ба миёни гап даромадам ман.
  • Шояд…

Рӯзи шанбе ҳамроҳ бар қасди «Ветаптека», ба шаҳри Ҳисор равон шудем. Толеъ баландӣ кард ва амаки Холиқро пушти пештахтаи дорухона дарёфтем. Моро дидан замон чобук аз ҷо боло шуда, мисли дӯстони дерин вохӯрӣ намуд ва ба ҷавони хушқаду қомати паҳлавонсурат фармуд:

  • Рустамҷон, зуд чойи гарм биёр, меҳмонҳо аз роҳи дур омаданд.

Аз пазироии амаки хушсухану хушсурат хушнуд гаштем. Кас аз дидор бо чунин афрод як ҷаҳон лаззат мебарад, андешидам ба худ. Пушти миз ҷо гирифтем. Аҳвол пурсиданд. Нуралӣ Алихон, ки худ фарди донишманд, соҳибзавқу хушрафтор, аз истиқболи гарм фараҳ гирифта буданд, бо ҳам ғарқи суҳбат шуданд.

Амак аз вазъи чорвои ноҳияи Данғара ҷӯё шуд. Меҳмон низ бо завқ ва муфассал посух медод. Ноаён, зери чашм ба рафҳо, яхдон ва тартибу низоми равакҳои дорухона дида дӯхтам. Гумон намебурдам, ки дар дорухонаи ветеринарӣ ҳам тартибу низом мисли аптекаҳои муқаррарист. Ба дил, ба ин марди меҳнатӣ аҳсант хондам.

  • Ҳа, додар, ин қадар дорухонаи моро ба назари таҳқиқ гирифтӣ…
  • Аз тартибу низоми аптекаатон қоил мондам…
  • Ман аз баҳои шумо фараҳмандам. Ҳар нафари соҳибкасб бибояд пешаи хешро эҳтиром пазирад. Тартибу низом ин бурди кор аст.

 

АМАКИ ХОЛИҚ

Пас аз суҳбати хотирмон ба ин марди дарёдил, фарди ҳалиму соҳибэҳтиром эътимод овардам. Минбаъд ҳар гоҳи омадани акаи Нуралӣ ва дидораш бо байтори номвар аз кору бор ва аҳволи саломатии амак пурсон мегаштам. Аз хабари тандурустӣ ва хотири ҷамъи амак хушнуд мешудам. Ба дил дуои ҷонашонро мекардам.

Рӯзе бародарам Нуралӣ Алихон, ки пайи ҳоҷате ба пойтахт омадаву нияти Ҳисор рафтан дошт. Шомгоҳӣ иброз дошт, элак баҳонаю дидор ғанимат, сари қадам амакро хабар гирам.

  • Ака,- чандест, ки дар шаҳри Душанбе барои чорво дорую дармон истеҳсол мекунанд, шумо бошед, ҳоло ҳам аз Ҳисор дил канда наметавонед…
  • Аз нахустин рӯзи ошноӣ, се сол мешавад, ки ваксинаю доруҳои заруриро кадом фасли сол набошад, аз амаки Холиқ мехарам. Ҳам сифати дорувориҳояш аълосту ҳам марди боинсоф аст. Он кас қоидаву қонуни интиқол ва нигохдории доруворро риоя менамоянд. Ҳамчун мутахассиси сатҳи баланди соҳаи ветеринарӣ вақти додани дору, тарзи истифодаи он, нигаҳдорӣ ва ғайра маслиҳати муфид медиҳанд. Кори он кас аз дигар дукондорон фарқ дорад. Шахси ҳалолкоранд, мисли баъзеҳо ба болои каралин равғани дизелӣ намерезанд…
  • Биё, хубаш пагоҳ ҳамроҳ равем, – хулоса бурд сарбайтор.

Хушбахтона, ин раҳ низ амакро дар ҷойи кораш пайдо намудем. Чун одат моро бо чеҳраи боз пазиро шуданд:

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Суҳбати дӯстон тасфид. Он ду тан боз ҳам аз вазъи чорвои ҷамъиятӣ дар муколама шуданд. Амак аз ман узр хостанд, – додар, мо низ мисли

човандозҳоем. Аввалтар аз ҳама суҳбати мо аз вазъи чорво ва доруву дармони соҳаи ветеринарӣ рӯ мезанад…

Пас аз фурсате навбат ба мо ҳам расид. Аз рӯзгор, фаъолияти кориашон пурсидам. Амак ба гуфтор омад:

 

ОШНОӢ

– Аслан зодаи ҳамин диёрам. 3 марти соли 1940 дар деҳаи Хуҷӣ, ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадаам. Соли 1960 Техникуми зооветеринарии Сталинобод (ҳозира Душанбе) – ро хатм кардам. Ду сол (1960 – 1961) сардухтури байтории совхози «Роҳи Ленин» – и ноҳияи Ҳисор будам. Солҳои 1961 – 1970 бо роҳхати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) ҳамчун сардухтури байторӣ фаъолият бурдаам…

Дар ин миён соли 1963 ба шуъбаи ғоибонаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1969 бо ихтисоси духтур – байтор хатм намуд. Соли 1970 ВХҚ Тоҷикистон ӯро ба вазифаи сардори Экспедитсияи карантини сарҳадот гузаронд. Пас аз панҷ моҳ ба совхози «Роҳи Ленин» – и Ҳисор ҳамчун сармутахассиси байторӣ ба кор омад. Солҳои 1975 – 1978 ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи байторӣ дар давлати Афғонистон барои кумак ба соҳаи чорводорӣ хизмат расонд. Баъди бозгашт дар совхози «Роҳи Ленин» ба симати сардухтури байторӣ (1978 – 1981) фаъолият пеш бурд. Аз соли 1981 роҳбарии дорухонаи байтории байниноҳиявии шаҳри Ҳисорро бар зимма дорад. Соли 1972 ду моҳ дар курси такмили ихтисоси Институти ветеринарии шаҳри Қазон ва соли 1979 дар Институти ветеринарии Ленинград ду моҳ таҳсил кард. Соли 2000 – ум дар шаҳри Тел – Авиви давлати Исроил як моҳ малакаи тахассусии хешро баланд бардошт. Ҳамчунин, дар мамолики Арупову Осиё таҷриба андӯхтааст.

Холиқ Қосимов байтори дараҷаи олӣ, ҷанговари башардӯст, нафақахӯри дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва соҳибкитоб аст.

Хидмати шоёни марди арсаи меҳнат бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1970) «Ветерани меҳнат» (1988), унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002), нишони Аълочии ВХҚ ҶШС Тоҷикистон (1974, 1980), Ифтихорномаи Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1977) қадр шудааст.

Фаъолияти минбаъдааш ӯ аз соли 1981 ба «Ветаптека» – и шаҳри Ҳисор рабт дорад. Аз дӯстону наздикони ҳисорӣ огаҳӣ ёфтам, ки дар фаъолияти корӣ мавсуф дар кори солим нигоҳ доштани чорвои калони шохдор ва майда аз бемориҳои гузаранда аз қабили сӯхтанӣ, гул, зардпарвин, қарасон, вабо, бурселлёз ва сил саҳми шоиста гузоштанд.

 

ДАВОГАР

Cap аз соли 1991 ин марди соҳибкасбу масъулиятшинос аз Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ дорую дармон, ваксинаҳо оварда, чорводорони минтақаи Ҳисор ва дигар ноҳияҳоро бо дорувор таъмин мекарданд.

Қабл аз хайрбод дорувори заруриро барои Нуралӣ Алихон муҳайё сохт. Як ҳиссаи онро аз яхдон бурун овард. Барои дарёфти қисми дигар ба таҳхона поин шудем. Дар ин ҷо низ ҳама тозаву озода, қуттиву зарфҳои шишагии бузургҳаҷм бо тартиб гузошта шуда буданд. Бори дигар аз низоми корашон хушҳол гаштам.

Дар фуровард амак ба таъкид гуфтанд, ки мо ҳам ғаниматем, аёдати дӯстонро фаромӯш масозед. Ба Нуралӣ Алихон алоҳида изҳор дошт, ки ҳар гоҳи ба Душанбе омадан, албатта, хабар гир…

Раҳ ба раҳ андешидам, як фарди одӣ баробари як ташкилоти бузурги кишвар ҳоҷати мардуми корафтодаро мебарорад. Ба ҳар роҳу восита аз мамолики дуру наздики хориҷ чорводорони кишварро бо доруворӣ таъмин намуда, касалиҳои хавфнокро пешгирӣ менамояд, ки ҳалолашон бод…

 

Умари ШЕРХОН

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube