Маҷмааи «Истиқлол» шукуҳ ва шаҳомати Тоҷик

Аз таърихи маҷмаа

08.09.2022 ба ифтихори Ҷашни 31 умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Майдони ’’Истиқлол’’ ифтитоҳ ёфт. Иншооти асосии майдон, ки кулли Душанберо зеб медиҳад, Маҷмааи «Истиқлол» буда, бо баландии 121 метр қомат афрохтааст.  Тавре ба мо маълум гардид, маҷмаа рамзӣ мебошад, яъне қисми поёнии он 30 м – рамзи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва қисми болоӣ 91 метр – мазмуни дар соли 1991 ба даст овардани Истиқлолро дорад. Масоҳати умумии маҷмаа 11.900 метри мураббаъ ва майдони зери сохтмон 4.761 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.
Маҷмаа ба тарҳи хело зебою замонавӣ ва диққатҷалбкунанда бунёд гашта, дарвоқеъ ба пойтахти кишвар ҳусни нав зам менамояд. Ҳар меҳмоне, ки ба Душанбешаҳр ташриф оварад, беихтиёр хоҳони аз ин маҷмаа диданро менамояд.
Аз рӯзи фаъолияти Майдони «Истиқлол» дар ин ҷо чорабиниву консертҳои гуногун доир мешавад. Вале мо кам нафаронеро дидем, ки аз маҷмаа дидан намуда бошанд. Ҳар бори тариқи телевизион нишон додан иштиёқи дидан намудан аз дохили он дар мо меафзуд ва ахиран роҳ пеш гирифтем ба ин ҷо.

Нархи даромад  40 – 70 сомонӣ

28.07.2023. Соат бо вақти Душанбе 09:25 дақиқа. Воридшавӣ ба маҷмааи «Истиқлол» чунин арзиш дорад: ошёнаҳои якуму дуюм – 40 сомонӣ ва ошёнаи охирон (14-ум) – 70 сомонӣ. Барои тамошои пурраи маҷмаа 70 сомонӣ пардохт намудаву ворид гаштем (зинда бод апаи Ҷамила, ки аз ҳисоби маоши худаш ба ман пешакӣ пули билетро дода буд!). Лозим ба ёдоварист, ки пардохтҳо ғайринақдӣ сурат мегирад ва мо нахуст корти «Душанбе сити»- ро бо арзиши 10 сомонӣ харидорӣ намуда, пасон 70 сомонӣ пардохт намудем ва дохили маҷмаа гаштем (бо баракати муовини сардабир соҳиби корти ДС ҳам шудем).

Шунидан кай бувад монанди дидан!

Ошёнаи якуму дуюми маҷмаа асосан осорхона аст. Ин ҷо чанде нигораву ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд, ки мо аз онҳо дидан намудем. Дар ошёнаи 2-юм Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. Тибқи маълумоти Википедия он аз галерея ва «Тахти Тоҷикон» иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ мебошад. Вале мутаассуф, ҳангоми боздиди мо аксари толорҳои осорхона маҳкам буданд ва танҳо мо аз якеаш дидан намудем.
Баъди боздид аз 2-ум ошёна моро сӯйи ошёнаи 14-ум раҳсипор карданд, ки нуқтаи охирини маҷмаа буд. Масъулон қайд намуданд, ки ошёнаҳои дигар аслан фаъол нестанд ва танҳо ҳамин 3 ошёна мавҷуд аст (1,2-14).
Хуллас, мо ба ошёнаи ниҳоӣ баромадем, ки аз он ҷо тамоми шаҳрро бо рангорангиву аҷобаташ метавон дид. Бешак, танҳо ҳамин макон ба ман писанд афтод. Душанбе аз ин ҷо хело зебо ва дигаргун менамояд. Бешак, Маҷмааи «Истиқлол» шукуҳу шаҳомати Тоҷик аст!

Баҳра аз боздид

Ҳамин буд боздиди мо аз Маҷмааи «Истиқлол», ки ҳама орзуи диданашро чун мо давоми қариб ин 1 соли ифтитоҳи он доштанд.
Аммо ба мо номаълум монд, ки чаро маҷмаае, ки аз берун ин қадар зебо менамояд, аз дохил ин гуна аст? Ҳамагӣ 3 ошёна ҷойи диданӣ дорад ва он ҳам бошад 70 сомонӣ арзиши воридшавиаш. Магар ин нарх гарон нест?!

Барои онҳое, ки аз русто меоянду хоҳиши дидани ин кохро доранд, пул надоранд ва маҷбуран Истиқлолро нодида мераванд. Ё хонандагону донишҷӯён магар чунин маблағи гаронро пайдо карда метавонанд баҳри тамошои маҷмаа? Дар ин сурат яқин, ки касе намеояд. Зимнан ман низ 2 нафар сайёҳи дохилиро дидаму халос ва шояд ун ҷавонҳоро низ «апаи Ҷамилае маблағгузорӣ карда бошад?». Кӣ медонад…

Масалан, барои сайри осорхонаи амрказӣ 5 сомонӣ лозим аст ва он ҳам аз ин ҷо зеботар аст. Ё ин ки агар хоҳиши дидани манзараҳои дилфиреби пойтахти кишвар бошад, онро аз дилхоҳ бинои баландошёнаи шаҳр ҳам мебинанд.
Агар нархи ин баландошёна арзонтар мешуд, ҳатман бисёр нафарон ташриф меоварданд ва маҷмаа ба макони фарҳангиву диданӣ чун Эйфели Париж табдил меёфт, ки эҳтимол дар кишвар ба ин ғоят иншооти баланду зебои таърихӣ  набошад…

Кинотеатр, қаҳвахона…чанд пешниҳод ба маъмурият

Шахсан баъд аз боздид аз ин ҷо, ҳамчун 1 шаҳрванди ҶТ пешниҳод менамоям, ки дар он ошёнаҳое, ки аз 3 то 13 фаъолият намекунанд, ошхона ё қаҳвахона, кинотеатр ва ҷумла маконҳои фароғативу ба ин монанд ташкил карда шаванд, то мардум рафтаву баҳрае бардоранд. Умед аст, ки дар оянда маъмурияти маҷмаа ҷиҳати ин масъалаҳо чораандешӣ намуда, нархҳоро каме пасттар мекунанд ва ё ҳадди аққал шароите фароҳам меоваранд, ки ба нархи гузоштаашон арзанда бошад. Мо метавонем!

Беҳрӯзи Сайфулло,
кором
ӯзи СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube