3,1 ГА ЗАМИН БАРГАРДОНДА ШУД!

01.08.2023. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, нахуст аз ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР барои ҳамкории мутаносибан судманд арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки мухбирони ин газета на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳои кишвар низ бо раёсату шуъбаҳои маориф ҳамкории зич дошта, пайваста ба мушкилоти соҳа ва ҳаллу фасли он мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ нашр карда, аз пешрафту ободонӣ низ мегуянд. Сипос барои таваҷҷуҳ!!!

Тавре зимни суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми мамлакат итиллоъ дод, дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Тоҷикистон 174 ҳолати ғасби заминҳои муассисаҳои таълимӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 64 ҳолати он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рост меояд.

   – 21,7 га – заминҳои муассисаҳои таълимӣ, ки солҳои пеш ғасб ё фурухта шуда буданд, ошкор гардида, то ба имрӯз 3,1 га замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст. Аксарияти ин гуна қонунвайронкуниҳо бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, ҳамакнун ҳамаи ин қарорҳо лағв карда шудаанд. Вобаста ба раванди сертификатсиякунонии заминҳои муассисаҳои таълимӣ бошад, бояд зикр намуд, ки то 31.07.2023 ҳудудан 86,6% мактабҳои кишвар дорои Сертификати истифодаи замин гашта, бо ба даст овардани ин сертификат дигар касе ҳуқуқи фуруш ё ғасби заминҳои мактабиро надорад, – таъкид дошт Раҳим Саидзода.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube