Салом СССР! Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи 20 фоиз зиёд намудани маоши кормандони соҳаи буҷетӣ аз 1 июли соли равон ба ҳукми амал даромад. Дар фармон омадааст: «Маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шавад». Аммо мутаассифона, дар ин навиштаҷот калимаи «фарҳанг» ба фаромӯшӣ афтодааст, ки боиси таассуф аст.
«Фарҳанг ҳастии миллат аст» мегӯем. Ин ё он миллатро маҳз тавассути фарҳангаш мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд, вале чӣ сабаб бошад, ки дар ин фармон фарҳанг фаромӯш шудааст?
Маоши фарҳангиён низ ҳадди ақал 10 фоиз зиёд мешуд кам ҳам бошад бенасиб намонда, хурсанд мешуданд. Чаро кормандони соҳаи фарҳанг ба ин фармон ҳамроҳ карда нашуданд, вазорати фарҳанг бояд посух бигӯяд.
А.Таваралӣ,
н.Фархор
