Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ахиран масъалаи тозагии ш.Бохтар, маркази маъмурии вилоятро зери назорати ҷиддии худ гирифт. Бояд гуфт, ки моҳҳои ахир сокинони ин шаҳр дар матбуот, ба вежа газетаи СССР, дар бораи пур шудани партов ва сари вақт набаровардани он арзу дод мекарданд.
28.07.2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба масъалаи партовбарорӣ ва ободонӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва баровардани партови истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар изҳори назар намуда, фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтарро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Ба таъкиди раиси вилоят, масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор ҳифзи муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон бояд таъмин намоянд, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд.
– Дар баробари ин, масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд, – таъкид намуд Давлаталӣ Саид.
Тавре ба мухбири мо дар шуъбаи итиллоот ва робита бо ҷомеаи МИҲД вилояти Хатлон хабар доданд, пас аз пурсишу масъалагузорӣ дар назди роҳбарони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Бохтар, раиси вилоят инчунин вобаста ба беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дастурҳо дод.
Давлаталӣ Саид аз ҷумла зикр кард, ки масъалаи таъмини бехатарии санитарӣ ва дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Ҷ.Мақсуд,
СССР
