31.07.2023. Соат ба вақти Душанбе 09:11 дақиқа. Масири ҳаракати ман аз ҷониби мавзеъи Балх ҳамеша тавассути идораи Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКД ҶТ сурат мегирад. Ростӣ, ин роҳ ҳамеша тамбашавӣ дошт. Вале бо сари кор омадани Сӯҳроб Қурбонзода, дар августи соли 2022 ин ҷода нохост каммошин шуд. Боре Қурбонзодаро ҳам дидам, ки гуфт:
– Барои тамба нашудан, сафи мошинҳои корафтодаро коҳиш додем ва нагузоштем ҳатто мошинҳои давлатӣ ин ҷо ист фармоянд. Зимнан то 200 метр хатсим кашидем. Нозирони БДА низ дигар мошинеро дар ин мавзеъ манъ намекунанд. Ин аст, ки роҳ тоза, мошин кам, «стоянкаи ғайриқонунӣ» рафъ ва тамбашавӣ барҳам хӯрд…
Воқеан ҳам қариб 1 сол ин роҳ тоза буд. Вале бо сари кор омадани роҳбарияти нав, сар аз моҳи июли соли равон, боз ин тамбашавӣ шуруъ шуд. Имрӯз дидам, симтӯрҳоро хеле кутоҳ кардаанд, нозирон касеро хоҳанд таки дарвозаи БДА манъ ва тафтиш мекунанд, мошинҳо куҷое хоҳанд меистанд, стоянкаи ғайриқонунӣ сар шудааст. Хулласи калом тамбашавӣ акнун аз бозори Балх шуруъ мешавад. Ҳамин аст, реформае, ки мехостанд бо ба сари кор овардани кадрҳои нав роҳандозӣ кунанд?
Дуввум ин ки пойтахт дар даврони Сӯҳроб Қурбонзода ва Бахтиёр Вайсзода тақрибан камнозир шудаву ронандагон нафаси осуда мекашиданд. Вале имрӯз шаҳр боз пур нозир! Ва аз «даврони то камераҳо» низ сергаишниктар. Куҷое наравӣ, 3-4 нозир ҳаст ва бе ягон далеле туро манъ мекунанд. Ҳатто дар чорроҳае, ки камераҳо насб шудаанд, низ меистанд! Фарзи мисол, назди дарвозаи БДА, гардиши Шарқи Озод…ва ҳар паскӯчае! Ҳоло баҳонаи хубе ҳам ёфтаанд. Дар пасманзари рабудашавии Шуҳрат Исматуллоев гӯиё фармон шудааст, ки мошинҳоро тафтиш кунанд. Дигар намедонӣ додатро ба кӣ гӯӣ. Ба инҳо дигар фарқ надорад, ту кору бор дорӣ, саросемаӣ ва ғ. ва ҳ.
Ҳоло бояд дар суфуфи БДА аттестатсия доир гардад. Бовар дорем, ин имтиҳонот сафи корманди нопокро пок месозад, вале то он рӯз нозиронро Худо додааст. Гуфти Бобои Ғулом «мабодо, ки барои рӯзи мабодо сармоя ғунд кунанд?!»…
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
М. Мубориз
махсус барои СССР
