
Ба китфи кас нишинад «Бози Давлат»,
Ба китфи ту нишаста Қози Давлат…
Ин шоҳбайти устод Сафар Айюбзодаи Маҳзун, ки дар соли 1994 ба муовини раиси Шӯрои Олии ҶТ бахшида буд, ҷаҳоне маънӣ дорад. Тасвиру тахаййули зебои шоиронаро агар канор гузорем, ки Маҳзун басе хуб корбаст намудааст, ба таҳқиқ Қозидавлат Қоимдодов худ ба нисбат Бози Давлат будӣ, ки сари китфи касе ҷо мегирифт, чун мурғи ҳумо боли бахту саодаташ кушода мешуд. Зеро сиёсатмадори дурбин буд:
Ҳар кӣ аввалбин бувад, аъмо бувад,
Ҳар кӣ охирбин, чӣ бомаъно бувад!
Ин аст, ки новобаста ба бенизомиву бетартибиҳо ва анархияи комили дар кишвар ҳукмрон, ки ба ӯ чун зодаи Бадахшон дарҳои Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ муваққатан кушода буданд, дастпарварди мактаби бузурги КПСС (Тошканд -1986), Қоимдодов роҳи рост баргузид ва аз канори оппозитсияе, ки ним сол бештар ҳукуматро бо зӯр гирифта буд, канори Ҳукумати нави конститутсионӣ рафт ва паҳлуи сарвари ҷавони Давлати Тоҷикон қомат алам зад.

Дастпарвари мактаби комсомоли советӣ, Қозидавлат Қоимдодов солҳои 1973-1978 дар сохторҳои мухталифи комсомоли ленинӣ фаъолият карда, сипас ба «кор дар партия» гузашт. 14 сол (1978-1992) дар структураҳои компартия дар ВМКБ кору фаъолият намуд. Дар ин миён, роҳбари ҷавонро дар соли 1990 (41-солагӣ!!!) вакили мардумӣ дар Шурои Олии РСС Тоҷикистон баргузиданд. Ун шуро воқеан ҳам шӯрои мондагор буд. Зеро дар ин парлумон афроди гулчини миллати Тоҷик кору фаъолият мекарданд. Танҳо феҳристи номҳо чӣ гуворо буд барои ҳамун солҳо:
– Бозор Собир, Тоҳири Абдуҷабор, Ҷӯрабек Муродов, Абдулмаҷид Достиев, Мулло Ҳайдар Шарифзода, Акбар Тӯраҷонзода, Қозидавлат Қоимдодов, Валентина Абдусамадова, Адолат Раҳмонова, Акбаршо Искандаров, Қадриддин Аслонов, Сафаралӣ Кенҷаев…
Мутаассуф ин гулҳои сари сабад, ки ҳамакнун нав сӯи озодии сиёсӣ гом мегузоштанд, ахиран ба доми ҷангҷӯён фитоданд. Ағлабе корро то хунрезӣ кашид. Зумрае аз ақл кор гирифту бо оппозитсияи муллоӣ напайваст ва Ватанро аз варта раҳонид. Ба гурӯҳи аввал агар Тоҳиру Бозору Тӯраҷонзодаҳоро табақабандӣ кунем, пас гурӯҳи дигар чун Адолату Мулло Ҳайдару Валентина ва Қозидавлат Қоимдодов аз ақли солим кор гирифтанд ва садди роҳи низоъ шуданд. Парлумон сароғоз парлумони таназзули 1 ҷумҳурӣ ва баъдаҳу парлумони муқовимат бо вандализми арсимиёнагӣ гардид.
Ун рӯзҳо ба таърих кӯч бастанд ва халқ медонад, ки кӣ буду чӣ шуд. Вале хидмати Қозидавлат ба ин миллату ин давлат хеле назаррас аст. Гуфтан кофист, ки сар аз Сессияи 16-уми тақдирсоз, Қоимдодови 43 сола паҳлуи Эмомалӣ Раҳмонови 40 сола ҷо гирифт. Ин тандеми ҷавон, ки дигарон ҳам ба ишон баъдан пайвастанд, қадамҳои устувортаринро дар роҳи давлатсозӣ гузошт. Ва то имрӯз қаҳрамони очерки портретии мо ба Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати марказиву миллати тоҷик содиқ мондааст, ки офаринаш бод.
Қозидавлат Қоимдодов дар ҳассостарин лаҳзаҳои барои ҳукумат тақдирсоз низ 1 мисқол позитсияашро тағйир накард. Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо ба ин ҳукумат бовар надоштанд ва баъзеҳо баъдан ҷинояту хиёнат ҳам карданд! Ва дар мавриде, ки ҳамтоҳояш дар шимолу ғарби кишвар дар талоши тақсимоти давлати навтаъсиси Тоҷикон ва бар ҳудуди дигар кишвар шомил кардани кунҷу канори Тоҷикистон буданд, ӯ попархам ғояҳои ҳамзистӣ ва давлатмеҳвариро пуштибонӣ мекард.
«Короля делает свита!»-мегӯянд русҳо. Ин аст, ки Қозидавлат мисли дигар афроди давлатсози авоили истиқлолият-Достиев, Назаров, Убайдуллоев, Усмонов ва ғ. на танҳо ба идеяҳои созандаи Сарвари Давлат содиқ, ки ҳатто то ҳанӯз чун фарди поктинату поквиждон боқӣ мондаанд. Зеро нафс надошту надорад!!! Агар бо микроскоп ҳам ҷӯед дар тинати ин Шахсият камбуд намеёбед.
Коммунист, демократ, дипломат, сиёсатмадор, мавқеъшинос, давлатмард ва Инсон бо ҳарфи бузург боқӣ мондааст, ки ҳалолаш бод!
Қозидавлат Қоимдодов аз сар чӣ шабу рӯзҳои мудҳишу муҳликеро гузаронидааст, худаш медонаду Худо ва ҳампаймонҳояш. Вале бо 1 ҳарф ӯ дар ягон давру замон аз Ҳукумати Марказӣ ва ғояҳои давлатмеҳвари Президенти ҶТ қадаме фаросӯ нагузоштааст. Зеро бо зиракии сиёсӣ дарк мекард, ки роҳе, ки мерафт, ба Тоҷикистон аст, на туркистон…
Чаро оқил кунад коре,
Ки бор орад пушаймонӣ???
То омадан ба Тоҷикистон дар соли 1992, ки замину замон месӯхт, ӯ вазифаи калидии серравғане дар Маскав дошт – Раиси кумитаи Шурои Олии СССР дар умури кишоварзӣ!!! Вале чун дид, ватанаш дар варта аст, ҳамаро партофту Душанбе омад. Дар Сессияи 16-ум муовини Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардида, то соли 1995 дар ин вазифаи калидӣ кор кард. Солҳои 1995-2000 узви Маҷлиси Олӣ буд. Дар ин миён дар вазифаҳои масъуле фаъолият дошт.
Соли 2000-2005 муовини сарвазири ҶТ, узви раёсати Бунёди наҷоти Арал ва кор дар раъси фонди Оғохон дар Тоҷикистон (1993-2005).
Соли 2005-2009. Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Туркманистон. Шахсан бо Туркманбошӣ ва Бердимуҳаммедов борҳо вохӯрдааст!
Аз сентябри соли 2009 то июни соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Беларус, Литва, Латвия ва Эстония буд.
Соли 2017 бо амри Президенти ҶТ ба нафақа баромад, вале бознишаста нашуд, зеро чунин кадри ба зар қадраш баробар, ҳич гаҳ бекор намемонад.
Ӯро дар таърихи 09.04.2019 раҳбари нави Созмони Рушди Оғохон дар Тоҷикистон таъин карданд. Дар ин симмат Қоимдодов шаҳрванди Покистон Акбар Алӣ Песнаниро иваз намуд.
Шахсан нависандаи ин сутур бо Қозидавлат Қоимдодов ҳамагӣ 2 бор вохӯрдаам. Бори аввал дар авоили солҳои 90-и асри ХХ, ки дӯстам Сафармад Айюбзодаи Маҳзун дар расонаи Шурои Олӣ кор мекарду пешаш мартаба дошт ва бори 2 дар 1 сӯҳбати саридастӣ бо ҳузури Абдумаҷид Достиев, Самариддин Асозода ва Афзалшо Шодиеви нозанин дар аввали асри ХХ!…
Дар ҳарду маврид ӯро гавҳари ноёби сиёсати муосир ва Одам бо ҳарфи калон дарёфтам.
Буданаш барои ин миллат давлат аст ва сари китфи ин давлат боз нишастааст ё қоз муҳим нест. Муҳим он аст, ки ӯ бо мост ва барои миллату давлати ману ту, хонандаи ин сутур заҳмати шаборӯзӣ дораду асло дар ин бора ҷое ҳарфе намегӯяд. Ин матлабро низ оё дар ин саҳифа мехонад ва ё на, суоли матраҳ аст:
Фурӯтанист далели расидагӣ ба камол,
Ки чун савор ба манзил расад, пиёда шавад!!!
Мо Метавонем!
