ОЁ ПОЛША УКРАИНАРО БАХШИДА?!
Дар зарфи қариб панҷ соли Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қисмати Аврупоии СССР муҳорибаҳои сангин, ҳарбу зарбҳои даҳшатнок, воқеаҳои мудҳишу кушторҳои хунини зиёде ба вуқуъ пайвастаанд. Он ҳама ваҳшонияти фашистони немис дар саҳфаи таърих сабт шудаанд. Ҳамасола дар алоҳидагӣ аз он рӯзҳои мудҳиш, ғалабаву нокомиҳои он ҷанг дар Россия, Аврупо ва мамолики Ғарб мегӯянду менависанд.
Дар доираи 56 соли баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз соли 1945 то 1991) ҳар як муҳорибаи он ҷанг аз ҷониби муаррихон, журналистони ҷангноманавис бо тамоми ҷузъиёташ мӯшикофона ба зевари табъ кашида шудаанд…
Аммо Ҳукумати советӣ танҳо аз изҳори як ҳодиса, куштори нангин, ки дар асри XX бо номи «Кушокушӣ дар Волин» («Вольнская резня») ошност, худдорӣ мекард. Канорагирӣ аз ин мавзуъ танҳо як сабабро дар худ ниҳон дошт. Чун дар ин воқеа – хунрезӣ сокинони ҷумҳурии бародарӣ – украинҳо гунаҳгор дониста мешуданд ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Украина як ҷузъӣ 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳисоб мерафт.
ЧИ РУХДОДЕ…
Азизон шояд бипурсанд, мурод аз ин навишта дар чист? Мегӯем, танҳо ба як сабаб. Ба хотири таърих, зеро аз он воқеаи хуношом 80 сол пур шуда ва ҳамакнун давлате бо номи СССР мавҷуд нест. Солҳои охир миллатҷӯёни Полша аз ин хусус баланд садо кардан доранд. Акнун журналистони рус низ, гоҳу ногоҳ аз ин ҳодисаи мудҳиш ёд меоранд.
Алҳол мо ба низои феълии ҳар ду ҷониб кордор намешавем ва баҳри огаҳӣ аз он воқеаи мудҳиши давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба маҷаллаи «Журнал Российских и восточноевропейских исторических исследований», ба гуфтаи муҳаррири он Максим Вилков, аз 11 июли соли 2023 истинод меорем.
11 ИЮЛИ СОЛИ 1943
Шаби 10 ба 11 июли соли 1943 Армияи шӯришгарони Украина (минбаъд АШУ) бо дастгирии деҳқонон бар зидди полякҳое, ки дар деҳаҳои Украинаи ғарбӣ зиндагӣ мекарданд, ҳуҷум оварданд…
Соли 2009 парламенти Полша таҳти унвони «Сарнавишти фоҷиабори полшагиҳо дар Кресаи шарқӣ (Кресаи шарқӣ – Украинаи ғарбӣ ва Белоруссия, ки ба СССР ҳамроҳ шуда буданд) резолютсия ба тасвиб расонд, ки дар он қарор оид ба маҳви оммавии полшагиҳо муфассал зикр шудааст…
Суоле бармеояд, чӣ хел ва барои чи байни украинҳо ва полшагиҳо ихтилоф сар зад? То оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон муносибати онҳо дар кадом поя қарор дошт?
Дар оғози садаи 20-ум Полша ҳамчун давлати моноэтникӣ (мансуб ба як халқ) сохта мешуд. Мақсади ҳукумати Пилсуд (сарвари давлати Полша дар солҳои 1918-1935) ва меросхӯрони ӯ лаҳистоникунонии тамоми ақаллиятҳои этникиро ба авҷи аъло расонда буданд. Ин амал дар ду самт зоҳир мешуд. Нахуст, манъи омӯзиши забони модарӣ (миллӣ), маҳдудияти динӣ, дувум, дар ҳудуди Украинаи ғарбӣ ва Белоруссияи ғарбӣ созмон додани деҳаҳои полшагиҳо, асосан, аз ҳисоби ҳарбиёни собиқ, ки ба онҳо дар ҳамин макон замин дода мешуд…
Саркӯб кардани аҳолии маҳаллӣ ба ташкил шудани Ташкилоти миллатчиёни Украина (минбаъд ТМУ), баъд аз он Армияи шӯришгарони Украина оварда расонд. Мақсади ин созмонҳо мубориза бар зидди миллатчиёни полшагӣ дар Волин ва Галитси буд.
ТУҲФАИ АРМИЯИ СУРХ
Баъди юриши озодибахши Армияи Сурхи коргару деҳқон дар Полша, соли 1939 полшагиҳо ҳамчун одамони беэътимод қабул гардида, дар бисёр ҳолатҳо «депортатсия» мешуданд. Аз ҳама аввал он ба «осадников» рабт дошт.
Дар навбати худ барои ТМУ мағлубияти Полша дар соли 1939, ишорати ҳисоббаробаркунӣ шуд. Баъди ҳамроҳ кардани Украинаи ғарбӣ ба СССР ҳоли полшагиҳо ба қавле хароб гардид.
Чуноне аз барномаи ТМУ, ки соли 1941 ба тасвиб расида буд, бармеояд, дар Украинаи соҳибистиқлол дар оянда барои … («ни кацапа, ни жида, ни ляха») ҷой нест…
ДАВРАИ ҶБВ
Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллатчиёни Украина ба миллатчиёни фашистӣ пайвастанд. Аз рӯзҳои аввал, ба андозаи пешравӣ дар ҳудуди СССР онҳо ба фаъолони полшагӣ ҳуҷум оварда, ба террор даст зада, аҳолии деҳоти лаҳистониро бо ҷурми номувофиқ будан маҳв мекарданд.
Сар аз соли 1942 шумораи ҳамлаҳо ба деҳаҳои полшагиҳо дар Волин ва Галитси бамаротиб афзуд. Яке аз сабабҳо тунду тез гаштани онҳо ин тадриҷан суст шудани назорати маъмурияти немисӣ аз боло миллатчиён украинӣ буд.
Нимаи дуюми соли 1942 назорат боз ҳам суст гашт… Ҳамзамон, аз тарафи истилогарони миллатчии Полша ба ҳудуди Волин отрядҳои Армияи Крайова сар халондан гирифтанд. Барои отрядҳои АШУ, бандерчиён ва ҳам барои давлатдории украинӣ, ки онҳо барои он кӯшиш ба харҷ медоданд, Армияи Крайова хатари зиёд ба бор меовард.
Ин ҳама ба он боис гардид, ки миллатчиёни украинӣ бар зидди полякҳо муборизаро тезонданд. Он овон дар минтақа деҳаҳои полшагиҳо ва украинҳо бари дар бар қарор доштанд. Миллатчиёни украинӣ бештару бештар аҳолии полшагиҳо маҳв мекарданд…
«КУШТОРИ ВОЛИН»
Сабаби асосии «Кушокушӣ дар Волин» ин майли фармондеҳии немисӣ дар несту нобуд кардани базаи (асоси) аҳолие, ки ба партизанҳои советӣ ҳусни таваҷҷуҳ доштанд, буд.
Аз дигар сӯ, омили асосие, ки ба ин хунрезӣ боис шуд, ин ғалабаи қӯшунҳои советӣ дар назди Сталинград, дар соли 1943 буд…
Дар соли 1943 миллатчиёни украинӣ, нахуст, тарс аз он доштанд, ки Гитлер ҷангро бой медиҳад, дувум умедвор буданд, ки немисҳо ночор дар таъсис додани давлати Украина ба онҳо кумак мерасонанд. Ҳамон маврид қарор шуд, ки дар ҳудуди Украинаи ғарбӣ бар зидди партизанҳои полшагӣ ва советӣ муборизаи партизанӣ оғоз намоянд. Бар зидди ҳамаи неруҳое, ки дар ташкил кардани Давлати натсисти миллии Украина халал мерасонданд. Аз ҳамин лаҳза террори калон сар зад…
ДЕҲАИ ПОРОСЛЯ
«Кушокушии Волин», ин хунрезии даҳшатбор аз деҳаи Поросля 9 феврали соли 1943 сар шуд. Ин деҳаи хурдакак аз 26 хона (хонавода) иборат буд. Ҷангиёни ТМУ барои шабгузаронӣ ба сокинони ин деҳа муроҷиат намуданд. Баъди хушрӯ ва серу пур хӯрок хӯрдан, миллатчиёни украинӣ тамоми аҳолии деҳа – занон, кӯдакон, пиронсолон ва мардонро қатли ом карданд.
Доманаи 150-180 одам дар ин деҳа сари теғ шуд. Миллатчиён ба маънии томаш аҳолиро сар заданд. На аз силоҳи оташфишон, балки табар, шохӣ, каланд ва он чизе, ки дар даст доштанд, ба кор бурданд. Кушокушӣ бо ҳамин сенария тамоми соли 1943 ва аввали соли 1944-ро фаро гирифт.
Хунрезӣ аслан чӣ тавр сурат мегирифт. Порае аз пурсиши командири взвод Степан Редеши: «Мо 5 деҳаи полшагиҳоро иҳота карда, дар як шаб ҳамаи хонаҳоро оташ задем. Сокинони ин деҳаҳо, аз хурд то бузургро сар задем. Ҳамагӣ зиёда аз 2000 одам. Взводи ман дар оташ задани деҳаи калонтарини полшагиҳо иштирок кард. Мо доманаи 1000 лаҳистониро нобуд кардем…».
ҚАТЛИ ОМ
Дар чаҳорчӯбаи сиёсати қатли ом (нажодкушӣ) дар миёни отрядҳои украинӣ ихтисоси махсус ҷорӣ гашта буд. Қисме ба оташзанӣ, гурӯҳи дигар ба сарзанӣ, қисмати савум ба сарнайза халондан ихтисос доштанд…
11 июли соли 1943 аз ҷониби миллатчиёни украинӣ дар як вақт 150 деҳа, работи полшагиҳо ба хок яксон шуданд.
Аз моҳи феврали соли 1943 то ба миёнаи соли 1944 шумораи қатли оми аҳолии Валин ва Галитса, аз якдигар сахт фарқ мекунад. Муаррихони украинӣ бо ҳар роҳ мекӯшиданд то ин шумораро кам карда ба маъраз гузоранд. Аммо онҳо низ ин рақамро то 40-60 ҳазор одам мегӯянд. Таърихнигорони расмии Полша шумораи қатлшудагонро 100-120 ҳазор муайян кардаанд. Муҳаққиқон, аз шумули муҳоҷирини Креси шарқӣ шумораи кушташудагонро то ба 300 ҳазор нишон додаанд…
Кушокушӣ дар Волин, соли 1944, вақте ки Армияи Сурх ба ҳудуди Украинаи ғарбӣ ва Белоруссияи ғарбӣ ворид шуд, хотима ёфт. Дар қатори пеши қӯшунҳо отряди партизанҳои советӣ мерафт, ки бар ҳимояи аҳолии лаҳистонӣ сина сипар мекарданд. Дар чунин вазъият дигар қувваи миллатчиёни украинӣ ба анҷоми қасдашон намерасид…
ХОМӮШИИ СССР
Иттиҳоди Шуравӣ бобати «Кушокушӣ дар Волин» – ин саҳифаи таърихро бо ҷидду ҷаҳд ҳамчун сирри давлатӣ нигоҳ медоштанд. Дар чаҳорчӯбаи сиёсати миллӣ он замон гуфта мешуд, ки террорро дар макони болозикр миллатчиёни немис бо шарикони маҳаллӣ гузарондаанд.
Дар Полша баръакс мавзуи Креси шарқиро мунтазам пайгирӣ менамоянд. Дар ғарби мамлакат имрӯз ҳаракати калони таъсиргузор бо номи «Кресовики» мавҷуд аст. Ин нафаронеанд, ки аз ғарби Украина ва Белоруссия муҳоҷир шуда буданд…
Ҳамасола ба хотири геносиди полшагиҳо чорабиниҳо ва конференсияҳои илмӣ гузаронда мешаванд. Дар хусуси «Кушокушӣ дар Волин» адабиёти бениҳоят зиёди академӣ ва публитсистӣ ба нашр мерасад. Ҳамчунон дар Полша корҳои зиёде нисбати ҳуҷҷатикунонии тамоми воқеаҳои рӯзҳои даҳшатбори Волин мӯшикофона ба сомон дода мешаванд. Агар ҷиддан ба ин мавзуъ назар афканем, миқёси ин фоҷиа аз ҳама беш ва аз ҳама хуб дар Полша омӯхта шудааст…
ХУЛОСА
Суоле ба миён меояд, имрӯзҳо ки қатли оми полшагиҳо дар Волин (1943-1944), дар муносибатҳои Полша ва Украина таъсир мерасонад ё не? Мегӯем, бегуфтугӯ. Ин омили басо муҳим дар муносибатҳо таъсиргузор буданду хоҳанд монд.
«Кушокушӣ дар Волин» алъон дар Полша мисли деги далда доимо дар ҷӯш аст. Имрӯзҳо дар ҳудуди кишвар нафарони зиёде ҳукуматдорони феълиро зери тозиёнаи танқид мегиранд, ки нисбат ба ҷинояти бандерачиён нисбати аҳолии бумӣ дар Волин муносибати мулоиматонаро пеш гирифтаанд.
Чунин тарзи кор дар оянда ба чи ҳол оварда мерасонад. Ба андешаи экспертҳо он то андозаи хасташавии Полша аз дастгирии Украина дар низои кунунӣ давом хоҳад кард. Ба ҳар навъ, полшагиҳо мавзуи «Кушокушӣ дар Волин»-ро ба ягон хотир аз рӯзгори худ, аз саҳифаи таърихи хеш зудуда нахоҳанд кард!
Умари ШЕРХОН
