ДАР ЯК САТР

– Бо дастури Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон роҳбари бемористони “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода бо моддаи 189, Кодекси ҷиноятӣ (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)) боздошт шудааст.

    – То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахси ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғуланд, ба қайд гирифта шуда, теъдодашон 49 нафар зиёд шудааст.

    – Дар нимсолаи аввал  дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонии Тоҷикистон ба маблағи 22 млн сомонӣ амалиёти ғайринақдӣ, тариқи кортҳои пардохт ва ҳамёнҳои электронӣ, анҷом дода шудааст.

    – Ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 85,3 млн доллар кам шуда, 971,2 млн кВт/соатро ташкил дод: Харидорони асосии барқи тоҷик Афғонистон ва Ӯзбекистонанд.

   – Рамзи ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube